logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Имрӯзҳо дар  кӯчаю маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоату деҳоти ноҳияи Сангвор чун дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои беҳдоштию поккорӣ ва  андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ бомаром идома доранд.

Тавре Идибек Олимзода, роҳбари маркази саломатии ноҳия, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, бо супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зиёда аз 47 ҳазор сомонӣ баҳри дарёфти таҷҳизоти ёрии аввалияи тиббӣ  ва 278 кати хоб барои беморон дар бемористони марказӣ ҷудо гардида, кормандони муассиса ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ниқоб ва либосҳои муҳофизатии ройгон пурра таъминанд.  
- Ташкили  гурӯҳи  корӣ  бо усули «хона ба хона» кори  мо - кормандони соҳаи тибро осон кардааст. Ситоди ноҳивӣ ба ҳар як деҳаю маҳалла сафар намуда, дар рафти суҳбатҳо хурду бузурги ноҳияро хотиррасон менамоянд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии худу пайвандон аз доир кардани маъракаҳои дастаҷамъӣ, идгардак, расму русуми миллӣ, ба монанди салом кардан, ба оғӯш гирифтану бӯсидан, муваққатан даст кашанд, - иброз дошт мавсуф.
Ба иттилои Идибек Олимзода,  гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, ба сокинон талаботи пешбинишуда,  яъне  фосилавӣ  муносибат кардан, сари вақт  шустани дастон бо  собун, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб ва ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро ёдрас менамоянд.
- Ҳамчунин, маркази саломатӣ дар якҷоягӣ бо бахши занони ноҳия бештар бо занҳои қобили таваллуд ва ҳомиладор  вохӯрӣ анҷом дода, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ба  роҳ мондаанд. Ҳар зани ҳомиладорро момодояҳои минтақавӣ таҳти назорат гирифта, пайваста аз ҳолашон бохабаранд ва мунтазам ба якояки онҳо дар ин марҳила ҳатмӣ будани риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва эҳтиёткор буданро мефаҳмонанд, - гуфт роҳбари маркази саломатии ноҳия.
Тавре манбаъ хабар дод, то имрӯз бештар аз 60 нафар занон  барои санҷиши ҳарорат  ва ҳомиладорӣ  ба табибони ноҳия муроҷиат намуда, дар натиҷаи санҷиш маълум гардидааст, ки  ҳолати онҳо муътадил буда,  бемории COVID-19 ба онҳо таҳдид надорад. “Кӯшиш менамоем, ки  вазъи солимии модару кӯдакро ҳамеша таҳти назорати тиббӣ қарор диҳем.  Нисбат ба бемории  мазкур кормандони марказ бетараф нестанд, шабонарӯз дар хизмати мардум қарор дорем. Дар баробари ин, ҷиҳати рафъи хатари ин вабои аср ёрии ҳар сокин ба мо бениҳоят зарур аст. Мардум бояд ба воҳимаю ҳангомаҳо дода нашуда, бештар ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ машғул бошанд ва  наздиконашонро низ эҳтиёт намоянд”, - афзуд Идибек Олимзода, роҳбари маркази саломатии ноҳия.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 205
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед