logo

Хабарҳо

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

Sputnik. Ҳавопаймо 45 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Деҳлӣ бо парвози чартерӣ ба Ватан овард, - хабар доданд аз сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, онҳо нафарони бар асари пандемияи коронавирус дар ин кишвар дармонда буданд. Ба Ватан донишҷӯёне оварда шуданд, ки тибқи барномаҳои ITEC ва ICCR бо маблағгузории Ҳукумати Ҳиндустон курсҳои омӯзишӣ мегузаштанд.
Ҳамчунин, ширкати «Сомон Эйр» шаҳрвандони кишварро, ки бо сабаби фавқ дар Дубай «банд шудаанд», 29 май бо парвози махсус ба Душанбе меорад. 31 май бошад, шаҳрвандони тоҷик аз Амороти Муттаҳидаи Араб тавассути ҳавопаймои ширкати Fly Dubai ба Ватан бармегарданд.


ДАР УММОН КАРАНТИНРО ЛАҒВ МЕКУНАНД
Al Arabia. Ҳукумати салтанати Уммон ба қарор омад, ки маҳдудияти карантинӣ дар кишвар бардошта шавад.
Татбиқи тасмими мазкур аз 29 май шурӯъ мешавад. Коҳиши суръати паҳншавии коронавирус замина фароҳам овард, ки мардуми мамлакат ба рӯзгори муқаррарӣ баргарданд.
Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Уммон қариб 8,5 ҳазор гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта, наздики 2,5 ҳазор нафар шифо ёфтанду 38 нафар фавтид.


ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ БЕҲТАРИН ТАБИБОН ОРДЕНИ "САЛОМАТЛИК" ТАЪСИС ДОД
Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (Саломатӣ) қарор ба тасвиб расонд, - хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.
Ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди соҳаи тандурустӣ, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа дода мешавад. Ба он хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд мушарраф гарданд. Орден аз ду дараҷа иборат аст.


ГУРҶИҲО АЗ 1 ИЮН БА ТАРАБХОНАЮ МАРКАЗҲОИ САВДО МЕРАВАНД
REGNUM. Тибқи қарори Ҳукумати Гур-ҷистон аз рӯзи якуми тобистон дар мамлакат мағоза, маркази савдо ва тарабхонаҳое кушода мешаванд, ки имкони қабули муштариён дар ҳавои кушод доранд, - иттилоъ дод раиси Ҳукумат Георгий Гахария.
Ба гуфтаи ӯ, аз 8 июн тарабхонаҳое аз нав дари худ боз мекунанд, ки аз санҷиши Вазорати тандурустӣ гузаштаанд. Нақлиёти байнишаҳрӣ низ ба фаъолият идома медиҳад.
«Бинобар зери назорат будани ҷараёни пандемия  ин  тасмимҳо  имконпазир  гаштанд», - тавзеҳ дод Гахария.


ҲУШДОРИ КОРШИНОС АЗ ХАТАРИ МАРГОВАРИ СИГОРКАШӢ ДАР ПАНДЕМИЯ
АИР Новости. Дар давраи хуруҷи коронавирус сигоркашӣ ба одамон хавфи марговар дорад, чунки иммунитети сигоркашҳо заиф мегардад.
Инро сарравоншинос - наркологи ғайриштатии Вазорати тандурустии Россия, профессор Евгений Брюн таъкид намуд. «Бечунучаро, истеъмоли маҳсулоти тамоку хавфнок аст. Аммо дар вазъияти пандемияи COVID-19 сигор қотил мешавад!», - гуфт коршинос.
Истеъмоли тамоку хавфи сироятро тавассути даҳон зиёд мекунад. «Дар сурати сироят ёфтани сигоркашон беморӣ ниҳоят вазнин мегузарад, чунки аллакай шушашон хароб шудааст», - ҳушдор дод Брюн.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 262
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед