logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСИ ТИББИИ “ДУРАХШ”
28 май дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази ташхиси тиббии “Дурахш” - ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳр бо тарҳи зебо бунёд шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки маркази ташхиси тиббӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадраҳим Соҳибов бунёд шудааст. Муассиса дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд. Дар ошёнаи якуми марказ гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки истифодаи самарабахш аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.
Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ расонда шавад. Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон сурат мегирад. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд. Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд. Дар ин муассисаи навбунёд ҳуҷраҳои модару кӯдак, хатна, ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамйизгардонии асбобу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар изҳори сипос намуданд.
Акнун аҳолии шаҳри Бохтар ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бидуни харҷи зиёдатӣ ва масофаи кӯтоҳи роҳ имкон доранд аз хизматрасонии босифати ташхисию таботабии ин муассисаи тандурустии тозабунёд бархӯрдор шаванд.

БАИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ ИЛОВАГИИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ – ИҶТИМОӢ
Пас аз ифтитоҳи маркази ташхиси тиббӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Бохтар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коллеҷ нахуст аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла хилъатҳои яккарата ва бисёркаратаи ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои бисёркарата ва айнакҳо, ки барои мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ истифода мегарданд, дидан карданд.
Бинои иловагии таълимии муассисаи мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, 45 синфхона, китобхона, маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави муассисаи таълимӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани чунин имконияти мусоиди илмомӯзӣ масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустӣ вазифадор намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус равона намуда, бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ, ки бойгарии асосии давлат аст, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода менамояд.
Фармоишгари бинои иловагии таълимӣ худи муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар” буда, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ва ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расонда шудааст.
Дар ин муассисаи таълимӣ 86 нафар фаъолият менамояд, ки 62 нафари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд. Бо бунёд шудани ин бинои хуштарҳу замонавӣ барои донишҷӯён бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, синфхонаи барҳавои компютерии пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет ва дигар аёниятҳои зарурии таълимӣ шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин бинои навбунёд, асосан, донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 таҳсил мекунанд. Онҳо аз рӯйи 7 ихтисос, аз ҷумла кори момодоягӣ, кори фармасевтӣ, табобатӣ, кори ҳамширагӣ ва ҳамширагӣ дар косметология баъд аз хатми синфи 11 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, аз рӯйи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва фармасевтӣ низ баъд аз хатми синфи 9 мутахассис омода мегардад. Дар бинои навсохти таълимӣ 720 донишҷӯ дар як баст таҳсил намуда, муҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва назорати пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои мазкур камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Саҳни ҳавлӣ ва атрофи бино ободу сарсабз гардида, ба симои маркази шаҳри Бохтар ҳусни тоза зам кардааст.

МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНИ КОХИ ФАРҲАНГ ВА МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд. Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳр қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва назардошти санъати миллии меъморӣ бунёд гардидааст. Толори кохи фарҳанг, ки дорои 510 ҷойи нишаст мебошад, бо истифода аз санъати қадима гаҷкорӣ шуда, ба таври хос ва диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Толори мазкур бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардида, дар он шароити хуб барои гузарондани маҳфилу ҷамъомад, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин аст.
Иншооти фарҳангӣ бо ҷалби 150 нафар сохтмончии маҳаллӣ бунёд гардида, дар вақти иҷрои корҳо талаботи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Коргарон ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намудаанд.
Таҷҳизоти муосири тақвияти овоз, созҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои аҳли фарҳанги шаҳр таъмин карда шудааст. Дар кохи навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ ва пардозгарӣ барои ҳунармандон мавҷуд буда, онҳо низ бо имконоти хуб барои омодагии санъаткорон муҳайё мебошанд.
Дар баробари толори бошукӯҳ кох, ҳамчунин, дорои толори рақс, маҷлисгоҳ бо 75 ҷойи нишаст, китобхона бо фарогирии 5 ҳазор нусха китобҳои гуногун ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар бинои мазкур бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бахши ҷавонон ва варзиш, Театри халқии шаҳри Бохтар, рӯзномаи шаҳрии “Набзи Бохтар”, ансамбли рақсии кӯдаконаи “Ситора”, маркази фарҳангии “Ҷавонон”, Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон низ ҷой дода шуда, бо назардошти талаботи кормандон ҳар як ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Баъд аз мавриди истифода қарор додани кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои 150 нафар шароити корӣ муҳайё гардид.
Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли санъату ҳунари шаҳри Бохтар 50 сози мусиқии миллӣ туҳфа карда шуд, ки ин омил дар тақвият ёфтани ҳунару маҳорати санъаткорон ва рушди бештари соҳаи фарҳанги мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Дар атрофи кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонда шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидаанд. Зебоии иншоотро дар шаб чароғҳои равшанидиҳандаи замонавӣ таъмин мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор гирифтани боз як иншооти боҳашамати фарҳангиро, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои баландмазмуни эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинову иншооти иҷтимоии бунёдшаванда, аз ҷумла тарҳи гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, муаррифӣ карда шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имрӯз дар аксари иншооти банақшагирифташудаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бо риояи талаботи ҷории соҳаи меъморӣ шумораи зиёди сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Барои гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ масоҳати 1,2 гектар замин ҷуда гардида, дар он бунёди муҷассама, мақбара ва хона - музейи ин шоири классик ба нақша гирифта шудааст.
Бо бунёд гардидани майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, варзишгоҳ бо 15000 ҷойи нишаст, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои хизматрасонию маишӣ ва дигар иншооти муҳиму зарурӣ симои деҳот комилан тағйир ёфта, дар ин замина шароити боз ҳам беҳтару хубтар барои сокинон фароҳам мегардад. Бунёди иншооти мазкур дар доираи нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда масъулони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро муваззаф намуданд.

БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАҲОИ БАҲРИДДИН МАҲМАДРАҲИМОВ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо вазъи нашъунамои сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов шинос шуданд.
Баҳриддин Маҳмадраҳимов дар назди ҳавлии хеш 0,15 гектар замини корам дорад ва дар ин масоҳат 7 гармхона, аз ҷумла 4 гармхонаи замонавӣ, ташкил намудааст. Дар гармхонаҳои замонавӣ обёрӣ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст ва ин таҷрибаи соли якум мебошад. Бо истифода аз чунин усул, аз рӯи дурнамо фоидаи хуб ба даст оварда мешавад. Дар гармхонаҳо, асосан, ниҳоли ду навъи помидор, аз ҷумла дар 5 гармхона навъи “Замира F1” ва дар дутои дигараш навъи “Галина”, дар умум, 7500 бех ниҳоли помидор шинонда шудааст. Ин ду навъи помидор ба иқлими минтақа ва шароити гармхона мувофиқ мебошад.
Баҳриддин Маҳмадраҳимов иброз медорад, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани парвариш имкон аст аз як бех ниҳоли помидори навъи “Замира F1” то 10 килограмм ва аз навъи “Галина” то 6 килограмм ҳосил ба даст ояд. Давраи нашъунамои “Замира F1” аз 95 то 100  ва “Галина” аз 85 то 90 рӯзро дар бар мегирад.
Ниҳоли помидор дар гармхонаҳои ин қитъаи замини наздиҳавлигӣ моҳи декабри соли гузашта шинонда шуда, аллакай, қариб як моҳ аст ҳосили он ҷамъоварӣ мешавад. То имрӯз аз гармхонаҳо 3,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст ва аз рӯи нашъунамои ниҳолҳои помидор интизор меравад, ки зиёда аз 30 тонна ҳосил диҳанд. Фароҳам гардидани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ривоҷи соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори мавҷудаи соҳа ҳатмӣ мебошад.
Дар самти истифодаи мақсадноки замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишту парвариши зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани се - чор ҳосил, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Бо дарки ин масъала сокинони маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар раванди кишту парвариши зироатро дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда мегузоранд.
Дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар 52,4 гектар замини корами наздиҳавлигӣ мавҷуд аст ва сокинон, асосан, ба кишту парвариши сабзавоти барвақтӣ машғул мебошанд. Дар ин рӯзҳо ҳосили ҷамъоваришуда, аз ҷумла помидорро, сокинон дар назди хонаи худ бо нархи аз 4 то 5 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Ҳосили ҷамъоваришуда дар бозорҳои шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, инчунин, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳатто, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳоди харидорон гардонда мешавад.
Ташкили гармхона ва ба даст овардани ҳосили фаровон дар замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокини маҳаллаи Ғайрат Баҳриддин Маҳмадраҳимов нишонаи истифодаи самараноку оқилонаи замин мебошад. Зиндагии сокинон, асосан, аз ҳамин ҳисоб пеш меравад ва барои кишту парвариши зироат, инчунин, ҷамъоварии ҳосил аҳли оила якҷоя меҳнат мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил ҷиҳати ташкили гармхона ва парвариши помидор дар замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро барои дигар сокинони кишвар намунаи ибрат хонданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда ва истифодаи самараноку оқилонаи замин ба аҳли оилаи Баҳриддин Маҳмадраҳимов лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби сокинони маҳаллаи Ғайрат намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, дар он, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ва картошка, ба маъраз гузошта шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ марбут ба ҳисси масъулияти сокинон дар самти истифодаи мақсадноки замин ва меҳнати пайвастаи онҳо маънидод намуданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ҶДММ “ФАРМ ТЕКС”
29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни умумимилии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, ки дар он, асосан, нахи пахта то ҳадди ниҳоӣ коркард гардида, маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ тавлид меёбад. Сехи истеҳсолии корхона бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он маҳсулоти аълосифати ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюми корхонаи “Фарм Текс” истеҳсоли бинтҳои тиббӣ аз пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ба роҳ монда шудааст. Тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона то 5 миллион адад бинтҳои докагӣ, салфеткаҳои пахтагин ва тиббии тамйизшуда бо риштаи дар нурҳои рентгенӣ маълумшавандаро ташкил медиҳад.
Корхонаи “Фарм Текс”, ки ба истиқболи Ҷашни умумимилии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуд, боиси бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани сокинон гардид. Бо ба фаъолият шурӯъ кардани коргоҳи “Фарм Текс” маводи тиббӣ, аз қабили бинтҳои пахтагин, сачоқҳо ва дигар маводи тиббӣ, дар дохили кишвар истеҳсол карда шуда, талаботи аҳолӣ ба чунин молҳо аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин мегардад.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки бо назардошти талаботи аҳолӣ ҳаҷми истеҳсолро афзун намоянд.
Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки ба содирот нигарондашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгӯи маҳсулот ба пуррагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор аст.
Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва, дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис дода шуда, барои 50 нафар ҷойи кор фароҳам оварда шуд. Коргарони коргоҳи дӯзандагиро, асосан, занону духтарони хонашин ташкил медиҳанд. Дар ин коргоҳ курпаҳои пахтагӣ, курпачаҳо ва рахти хоб истеҳсол мешавад, ки дорои сифати хуб мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхона ба истифода дода шуда буд. Тибқи иттилоъ, дар марҳилаи якуми корхона қариб 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар марҳилаи якум корхона дар як шабонарӯз то 2 тонна пахтаро коркард карда, дар шакли пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ва сипас, пахтаи тиббӣ, стоматологӣ дар намуди тампон, гирдаҳои пахтагини спиртдор ва навъҳои гуногуни молҳои тиббии тамйизшуда истеҳсол менамояд.
Дар  асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона нақша доранд, ки ҷиҳати васеъ намудани хатҳои истеҳсолӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва таъсис додани ҷойҳои нави кор то соли 2025 навбати сеюм, чорум ва панҷуми корхонаро ба кор андозанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат барои соҳибкорони маҳаллӣ тамоми шароиту имконият ва имтиёзҳоро фароҳам овардааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ва шиносоӣ бо фаъолияти кормандон ва шароити фароҳамгардидаи корхона ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли босифати маҳсулоти воридотивазкунанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Данғара сол ба сол соҳаи саноат рушд карда, бо сохта ба истифода додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бамаротиб афзоиш ёфта, барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави кор муҳайё карда шудааст.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСӢ - ТАБОБАТӢ, ҲАММОМ, ОШХОНА ВА МАЙДОНЧАИ УНИВЕРСАЛИИ ВАРЗИШ
29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара маркази ташхисӣ - табобатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи универсалии варзишро ба истифода доданд.
Нахуст, Сарвари давлат аз шароити муҳайёгардида дар маркази ташхисӣ - табобатӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи оилаи соҳибкорони ватандӯст Содиқовҳо бунёд гардидааст. Тибқи нақша дар ошёнаи якуми бино дорухона, ҳуҷраҳои ултрасадо ва табиби дандон ба нақша гирифта шуда, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои занона ва тавонбахшӣ дар ошёнаи дуюми бино ҷойгиранд.
Дар озмоишгоҳ бо ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили уроанализатор, сентрифуга, биоанализатор, гемоанализатор, термостат ва ғайра имкони гузарондани ҳамагуна таҳлилҳо мавҷуд мебошад.
Мутобиқи маълумот дар ин марказ табибони ботаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, гепатитҳо, вируси норасоии масунияти одам, бемории қанд ва ғайра ташхис карда мешаванд.
Солҳои қаблӣ дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳия чунин шароит муҳайё набуд ва сокинон барои ташхис ба маркази ноҳия ё пойтахт  мерафтанд.  Акнун  маркази ташхисӣ - табобатии навбунёд мушкилии аҳолиро дар ин самт бартараф кард. Иншоот аз 10  ҳуҷра иборат буда, ҳамаи онҳо бо компютер ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи универсалии варзишро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст, ба истифода доданд. Дар иншооти варзиш барои бозиҳои футболи хурд ва баскетбол шароити хуб муҳайё карда шудааст. Атрофи майдонча чароғон гардида, шабона низ имкони машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш мавҷуд аст. Иншоот имкон медиҳад, ки ҷавонон ва дигар сокинони деҳаи Хуррамзамин бештар ба варзиш машғул шаванд ва бо истифода аз чунин имконияти барояшон фароҳамгардида саҳми худро дар рушди ин соҳа гузоранд.
То ин ҷониб дар деҳаи Хуррамзамин чунин майдончаи варзиши дорои тамоми шароити замонавӣ мавҷуд набуд. Иншооти мазкур бо дастгирӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори варзиш дар деҳот аз тарафи соҳибкорони бо нангу номуси Ватан дар муҳлати муайяншуда сохта шуд.
Пешвои миллат ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар амалӣ намуда, шароити муосири ба варзиш машғул шудани ҷавонони маҳаллиро таъмин намоянд.
Бо дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати кишвар дар ин маҷмаа, ҳамчунин, ҳаммоми замонавӣ бунёд гардидааст, ки он дар ин рӯз аз тарафи Пешвои миллат ифтитоҳ гардид.
Ҳаммоми тозабунёд имкони дар як вақт ба 15 нафар хизмат расонданро дорад. Бартарии ҳаммом дар он аст, ки аз хизматрасониҳои он мардону занон метавонанд васеъ истифода намоянд. Баҳри дар сатҳи зарурӣ хизмат расондан ба мизоҷон дар иншоот ҳама шароити лозима муҳайё гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳаммом соли 2019 оғоз гардида буд ва он бо ҷалби 60 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ дар фурсати муайян бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид. Баъд аз ифтитоҳи иншоот 25 нафар сокини деҳоти Исмат Шариф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои маркази ташхисӣ - табобатӣ, ҳаммом, ошхона барои 30 нафар ва майдончаи варзиш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои дар деҳот муҳайё намудани чунин шароити мусоид изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хонданд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон лоиҳаи Боғи Парчам, биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ ва коргоҳҳои истеҳсолии хурд дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ки эъмори онҳо ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ гардид.

БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуш боздид ба амал оварданд.
Ҳадаф аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳо ва бад-ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Тибқи иттилоъ, хоҷагидорони 20 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар намоишгоҳ дастранҷи хеш - 1 ҳазору 650 килограмм гӯшти гов ва маҳсулоти гӯштӣ, 10 ҳазор дона тухм, 6 тонна навъҳои гуногуни картошка, 4 ҳазору 550 килограмм ду навъи помидор, 6 ҳазору 250 килограмм ду навъи бодиринг, 5 ҳазору 950 килограмм карам, 1 ҳазору 400 килограмм меваи хушк ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.
Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 24 миллиону 284 ҳазор донна тухм истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст.
Дар ноҳияи Данғара дар ду корхонаи парандапарварии Кооперативи тиҷоратии ба номи “Раҳмонҷон”, танҳо дар 4 моҳи соли равон зиёда аз 10 тонна гӯшт ва 1 миллиону 504 ҳазору 500 дона тухм истеҳсол карда шудааст.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва саҳми заҳматкашони он дар расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ арзандааст.
Пешвои миллат ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида таваҷҷуҳи махсус доданд. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, маҳз, ноҳияи Данғара ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад ва дар сурати ҳадафмандона истифода гардидан, содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар меафзояд.
Соли 2019 танҳо дар ноҳияи Данғара ба миқдори 4 ҳазору 794 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки аз ин шумора 500 тонна ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ 72,7 миллион сомониро ташкил намуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд гардидааст, ки 104 дарсадро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосири соҳаи кишоварзӣ, тайи солҳои охир пешравиҳои зиёд ба назар мерасад. Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 881 тонна расонда шуда, чорводорон 92 ҳазору 276 тонна шир истеҳсол намудаанд.
Дар намоишгоҳ намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонони вилоят, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лӯбиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабу, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай, ба маъраз гузошта шуда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони вилоят дар майдони 125,5 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузарондаанд ва аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 55 - сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳо кишти такрорӣ бомаром идома дорад.
Тибқи дурнамо дар ҳудуди вилоят дар майдони беш аз 6 ҳазору 340 гектар картошка кишт шудааст. Нашъунамои он низ хуб буда, навобаста аз он ки ҳосилғундорӣ то ҳанӯз идома дорад, деҳқонон умед доранд, ки ҳосили фаровон мерӯёнанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд. Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон бо меваҳои шаҳдбораш на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳамасола боғдорони вилоят ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020, дар вилояти Хатлон дар майдони 1 ҳазору 223 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз ин 180 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад.
Роҳбари давлат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят дучанд намоянд.
Мавриди  зикр аст, ки  дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони вилоят имрӯз Хатлон ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардуми мамлакат торафт бештар мегардад.

ИФТИТОҲИ БИНОИ СУД
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав ва хуштарҳу замонавии суди ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бинои суд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар идомаи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти беҳтар намудани шароити корӣ барои кормандон, сохта ба истифода дода шудааст.
Дар иншоот барои гузарондани маҷлисҳои судӣ чор толори барҳаво, аз ҷумла барои баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мавҷуд аст, ки онҳо дорои шароити зарурӣ мебошанд. 
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси китобхонаҳо дар назди муассисаю идораҳо дар бинои суд низ китобхонаи барҳаво бо теъдоди 600 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, китобхонаи электронӣ дар ҳаҷми 10 000 китоб ва ду бойгонӣ ташкил карда шудааст. Ин иқдом ҷиҳати дастрасии кормандони мақомоти суд ба навовариҳо ва истифода аз махзанҳои гуногун дар ҷараёни баррасии одилонаю шаффофи парвандаҳо мусоидати фаъол мекунад.
Дар бинои замонавӣ, ҳамчунин, ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатии ноҳия, хадамоти иҷро, маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия ва шуъбаи корҳои ислоҳӣ ҷойгир карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ  ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати кишвар корҳои зиёдеро анҷом дода, дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ бо қабул ва татбиқи барномаҳои гуногун тадбирҳои назаррас ба сомон расондаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити бинои нави суди ноҳияи Данғара ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа ҷиҳати ҳимояи шаъну шарафи судя, анҷоми ваколатҳои хизматӣ бо маҳорати баланди касбӣ ва хизмати содиқонаву беғаразона ба халқу Ватани азиз дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Роҳравҳои атрофи бино дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ дар масоҳати 847 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, ҳамзамон, дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо шинондани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногун кабудизор карда шудааст. Атрофи иншоот бо чароғҳои гуногунранг оро ёфтааст, ки шабона манзараи хеле зебо дорад.

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ КИ ҲХДТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшиданд.
Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Иншоот бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд карда мешавад. Дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ - методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис меёбад. Дар ошёнаи панҷуми бино бо назардошти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як ҳуҷраи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони иншоот ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он бо ҷалби бинокорони ватанӣ сохта мешавад ва дар рафти корҳо то 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни украинӣ таҳия ва пешниҳод гардида, бино бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад. 
Дар назди бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, ҳамзамон, бунёди таваққуфгоҳ барои 30 воситаи нақлиёт пешбинӣ гардида, атрофи иншоот дар доираи тадбирҳои ободонӣ гулпӯш карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб бунёди бинои навро дар самти боз ҳам беҳтар гардидани сифати кору фаъолият, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат муҳим арзёбӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2020    №: 101    Мутолиа карданд: 624
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед