logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

ЧАЙНКРОССВОРДИ «ҲАЛҚАБАНД»
1. Ихтироъкори дучарха. 2. Воҳиди маъмурӣ. 3. Асъори миллӣ дар яке аз ҷумҳурии ИДМ. 4. Шоири зуллисонайни тоҷик. 5. Санъати сухан. 6. Истилоҳи физикӣ. 7. Андози давраи амирӣ. 8. Ҷонвари обӣ. 9. Қаҳрамони халқӣ. 10. Номи асари классикӣ. 11. Он кӣ оҳанг меофарад. 12. Навъи мусиқӣ дар «Шашмақом». 13. Шаҳр дар қитъаи Осиё. 14. Дарё дар Россия. 15. Вожаи думаъноӣ ва ҷузъе аз дин. 16. Қаҳрамони «Шоҳнома». 17. Нобино. 18. Маркази вақти яке аз кишварҳо. 19. Кабир, азим. 20. Ҳаммаънои деҳа. 21. Як қисми либос. 22. Тамғаи нақлиёт. 23. Ангубин. 24. Кӯл дар Россия. 25. Исми занона.  

Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ,

ҶАВОБ  БА АНАВОРДИ «ИСТ, КОРОНАВИРУС» АЗ 22 МАЙИ СОЛИ 2020
1. Гигиена. 2. Пӯст. 3. Устухон. 4. Ковид. 5. Якнормалӣ. 6. Сахароза. 7. Оксиген. 8. Антисептикӣ. 9. Катализатор. 10. Вегетативӣ. 11. Радиоактивӣ. 12. Интерференсия. 13. Шуш. 14. Спирт.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ПАНДИ САЪДӢ ДАР ПАНДЕМИЯ
Киара Папа, яке аз овозхонҳои маъруфи Италия шеъри Шайх Саъдии Шерозӣ – «Банӣ одам аъзои якдигаранд»-ро бо оҳанги дилангез ва забони асл суруд. Ӯ дар шабакаи интернет эълом дошт: «Ман ин таронаи ҷовидонии Саъдиро ба форсизабонони ҷаҳон, ки имрӯзҳо дар муҳосираи пандемия ҳастанд, мебахшам. Бидонед, ки мо бо шумоем!». 


ИБНИ СИНО.  КАРАНТИН ВА НИҚОБ
Ниқоби муҳофизатиро бори аввал донишманди  бузург Ибни Сино дар солҳои 1000 - 1030 ҳангоми бемории сироятии тоун дар шакли минқори паранда тавсия кард. Дар  чунин ниқобҳо пахтаи тар бо сиркои таъсирашон сусттар гузошта мешуд, то ҳангоми муомила бо бемор табиб сироят наёбад. Ӯ, инчунин, гиёҳҳои шифобахши хушбӯйро баҳри рафъи бемориҳо дар нӯли дарози ниқоб тавсия додааст.
Баъдтар дар аввали асри XVII табибони Аврупо аз «Ал-қонун» истифода карда,  ниқоби махсусро аз минқори парандаҳо таҳия карданд. Инчунин, Шайхурраис баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ бори аввал карантинро дар Хоразм эълом дошта буд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО,  Бузургмеҳри БАҲОДУР


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
               * * *
Ваҳ, чӣ сон дилошӯб аст суруди Шивоҷӣ, ҳофизи номдори Ҳиндустон!
Замзамаи оби чашмасорон ва ғулғулаи раъду барқ, амвоҷи баҳри тӯфонӣ ва чаҳ-чаҳи булбул – ҳама дар нағмаи ӯст. Аз Лоҳур то Бомбей, аз Мултон то Калкутта овозаи муғаннӣ ва достонсаройи беҳамто, ҳамчун овози худаш, ҳангоме ки дар ҷашнҳо ва маросимҳо месарояд, танинандоз аст…
          * * *
Бо мурураш неку бад афсона мегардидааст,
Рози пинҳон ҳам бурун аз хона мегардидааст.
Аз чӣ мегӯянд «анори дона-дона» дар суруд,
Баски хирман сербор аз дона мегардидааст.
         * * *
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 22 МАЙИ СОЛИ 2020
Саттор Турсун
Зебуниссо

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КЮРИҲО
Дар Лондон ба ифтихори олимони маъруф Пйер ва Мария Кюриҳо, ки ба меҳмонӣ омада буданд, зиёфати шоҳона оростанд.
Мария Кюри, ки чунин пазироиҳои бодабдабаро чандон хуш надошт, вақташро асосан ба тамошои сарулибос, аниқтараш зару зевари хонумони сарватманд мегузаронд. Аҷиб ки, ҳамсараш низ аз анбӯҳи олиҷанобон канортар рафта, мардумро аз дур назора мекард. Чун ба хона баргаштанд, Мария аз Пйер пурсид:
- Чаро дар зиёфат аз мардум дуру парешон мегаштӣ?
- Азизам, рости гап, чӣ кор карданамро надонистам. Барои ҳамин, дар як кунҷ нишаста, ҳисоб кардам, ки агар сангҳои қиматбаҳои ангуштару гарданбандони ин ашрофзодаҳоро фурӯшанд, барои пешрафти илм чӣ қадар лабораторияҳо сохтан имкон дошта бошад?! 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ЭЛИЗА ЗИМФИРЕСКУ НАХУСТИН ХОНУМИ МУҲАНДИС
Элиза Зимфирескуи руминиягӣ аз аввалин муҳандисон байни бонувон аст. Ӯ бо кору фаъолияти намунавии худ собит кард, ки зан ҳам муҳандис шуда метавонад. Аҷиб ин аст, ки бо сабаби беҳуқуқии занҳо нахуст ӯро ба мактаби давлатии пулу роҳсозии Бухарест қабул накарданд. Лекин Элиза аз орзуҳояш даст накашид ва билохира соли 1909 ба академияи техникии Берлин дохил шуда, ба ҳадафаш расид. Давоми фаъолият Элиза чандин пажӯҳишҳои соҳавиро роҳбарӣ карда, сарчашмаҳои нави ангишт  ва гази табииро кашф кард. Натиҷаи талошҳояш буд, ки ӯ билохира ба рӯйхати 20 бонуи соҳибирода шомил шуд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЗОҒҲОИ НИДЕРЛАНДӢ
ПАСМОНДАҲОИ СИГОРРО МЕЧИНАНД
Ҳамасола дар дунё қариб 4,5 триллион пасмондаҳои сигорро ба қуттиҳои партов мерезанд.  Дар Нидерландия Рубен Влютер ва Боб Спайкман тасмим гирифтанд, то дар ин кор аз парандаҳо ёрӣ бипурсанд.
Маълум аст, ки зоғҳо бо шуури тараққикардаи худ фарқ мекунанд. Аз ҳайвонот танҳо шимпанзе метавонад дар шуурнокӣ бо онҳо рақобат кунад. Бавижа, ба зоғҳо аз кӯчаҳо гирифтани ҷисмҳои ҷилодоре, ки одамон гум кардаанд, писанд аст. Айнан ҳамин қобилияти онҳоро дар чидани пасмондаҳои сигор истифода бурданд. Рубену Боб лоиҳаи хешро «Crowded Cities» ном гузоштанд.
Онҳо бо ёрии автомати тиҷоратии парандаҳо ин равандро ба роҳ монданд.  Ҳар боре, ки зоғ ба дохили зарфи махсус пасмондаро андозаду он воқеан пасмондаи сигор бошад, аз нуқтаи хӯрокдиҳӣ луқмае меафтад ва онро паранда бо ҳаловат мехӯрад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ТААССУРОТИ ЯК АСАР
БО ЯК АЛОМАТ
Моҳи майи соли 1862, асари «Радшудаҳо», ки яке аз беҳтарин асарҳои Виктор Гюго аст, интишор ёфт. Адиб барои фаҳмидани таассуроти хонандагон, ба нашриёти «Hurst & Blackett» телеграмма фиристод, ки танҳо аз як аломати савол – «?» иборат буд. Дар ҷавоб ношир низ бо як аломат, яъне «!» - хитоб посух дод. Роман дар ҳақиқат шуҳрати оламшумул касб кард.
Таҳияи М. СӮФИЗОДА


Бузургтарин хатоҳои таърихӣ
22. ХИСЛАТИ МАРГЗОИ СЕЗАР
15 марти соли 44 то эраи мо. Ҳамсари Сезар нохушиеро пай бурдагӣ барин аз ӯ хоҳиш кард, ки ба сенат наравад, вале ин сиёсатмадори Рим, ки бо ҳавобаландии худ машҳур буд, ҳамон рӯз назди сенат рафт. Дар ноомади кор 60 узви сенат, аз ҷумла дӯсти ҷонияш Брут, ба Сезар ҳамла карда, найзаҳои худро то ҷон доданаш бар тани ӯ халонданд. Албатта, ин яке аз хатоҳои ғамангези таърихист, зеро Сезар метавонист ҳамагӣ як бор ҳавобаландии худро канор гузошта, ба гапи ҳамсари меҳрубону оқилааш гӯш андозад.

23.  БЕЭҲТИЁТӢ
Ҳамагӣ баъди як соли вабои бузурги Лондон, ки соли 1665 ҳамаро ба коми даҳшат фӯру бурда буд, пойтахти Британия боз як мусибати дигарро пушти сар кард. Аз беэҳтиётии нонпазе бо номи Томас Фарринер нонвойхонааш оташ гирифт ва дар як муддати кӯтоҳ 13 200 хона ва 87 масҷиди Лондонро ба хокистар табдил дод.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


САГ БЕҲТАРИН МУШТАРИИ МЕҲМОНХОНА
Марде ба соҳиби яке аз меҳмонхонаҳои машҳур нома навишта мепурсад:
- Сагамро ба меҳмонхона бурданиям. Вай хуб тарбия ёфтааст ва бовар кунед, ки мушкилӣ пеш намеорад. Шумо зид нестед?
Дар ҷавоб ба ӯ чунин посух расид:
- Ман чандин сол аст, ки роҳбари меҳмонхонаам ва то ҳол сагеро надидаам, ки дастмолу ҷойгаҳ, расмҳои девор ва ё дигар ашёро дуздида бошад. Ман ҳеҷ гоҳ ба полис барои дар нисфи шаб маст шуда, ҷанҷол бардоштани саге муроҷиат накардаам. Ғайр аз ин, ҳаргиз саге ҳаққи хизматрасониро напардохта нарафтааст. Аз ин рӯ, ман бо фараҳмандӣ ва бовар саги шуморо мепазирам. Агар худи ҷонвари бовафо розӣ бошад, метавонед ба меҳмонхонаи мо қадам ранҷа намоед.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ГОЛ
ФАҚАТ БА ДАРВОЗАИ ХУД?
Дар таърихи футбол бозигарони бисёре буданду ҳастанд, ки шумораи голҳои задаашон зиёд аст. Аммо на ҳама метавонанд голҳоро ба дарвозаи рақиб бизананд. Масалан, ҳимоятгари бразилӣ Пинейро дар як мавсим 10 маротиба дарвозаи дастаи худро нишон гирифт ва «хато накарда», 10 гол зад. Мураббӣ ин «қобилият»-и Пинейроро ба нафъи даста истифода бурданӣ шуда, ӯро ҳамлагар таъйин кард. Сад дареғ, ки дар бозии аввал ба дарвозаи худ боз гол зад. Дар 25 - солагии бозингар рафиқонаш қутбнамоеро ба ӯ туҳфа карданд, ки чунин навиштаҷот дошт: "Дар хотир дор: рақиб дар дигар тараф аст!".
Таҳияи Наргис АТОЕВА


КЮВИЙ
Боре шогирдони Жорж Кювий («падари анатомияи муқоисавӣ») хостанд ӯро тарсонанд. Бо ҳамин мақсад яке аз ҳамдарсони худро, ки ҷисман болобаланд буд, интихоб намуда ба таври даҳшатангез «оро» доданд: дар болояш пӯсти ҳайвони ваҳшиеро партофта, калаи шохдори хунукеро чун ниқоб ба рӯяш кашиданд ва дар пойҳояш сум бастанд. «Дев» вақте дар ҳамин ҳол ва бо фарёди изтироболуду бадвоҳима якбора ба синф зада даромад, ғайричашмдошти ҳама,  устод баробари дидани ӯ ба ҷойи тарсидан, бо як овоз хандид:
- Ман аз ту наметарсам эй ваҳшии бадбахт, зеро ҳамаи ҳайвонҳои сумдор алафхӯр мешаванд, на одамхӯр.
Аз русӣ тарҷумаиФараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ТОП 10
ШАҲРҲОЕ, КИ БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ БИНОҲОИ ОСМОНБӮС МАШҲУРАНД
ТОКИО
Токио калонтарин шаҳр – пойтахти Ҷопон аст, ки аҳолиаш беш аз 13 миллионро ташкил медиҳад. Имрӯз дар ин мегаполис зиёда аз 2300 бинои баландошёна қомат афрохтааст, ки 114 – тои он осмонбӯсанд. То соли 1963 аз сабаби зилзилаҳои мунтазам иншооти шаҳр аз 31 метр баланд набуданд. Баландии биноҳо нишонаи рушди бесобиқаи санъати меъморӣ ва бехатарӣ дар сохтмон аст.
Аввалин бинои аз 31 метр баланд соли 1968 бунёд ёфт. Айни ҳол баландтарини иншооти шаҳр (256 метр) «Toranomon Hills» мебошад.
Таҳияи Комрон САФАР


СОҚИ   МӮЗА
Мардеро шаб дуздон муҳосира карда, дасту пояшро бастанд. Яке ҷайбҳояшро ҷустуҷӯ намудаву чизе наёфт. Бо хашм ба ҳаммаслаконаш дод зад:
- Раҳо кунед, ин мард ҳам набудааст. Дар ҷайбаш як тангае надорад! 
Аз ин гуфта хун ба сари марди асир зад ва сари номус дод гуфт:
- Шумо низ он қадар дузде набудаед, соқи мӯзаамро кобед!
Таҳияи  Бузургмеҳри БАҲОДУР


ДАРДИ БАДУ ДАВОИ БАД
Ё УСУЛИ НАВИ ТАРБИЯ
Мурдахона (морг) дар баъзе ҷойҳо ба василаи тарбияи наврасони гарданшах табдил ёфтааст. Раёсати маорифи шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА қарор додааст, ки агар хонандае дар мактаб касеро таҳдид кунад, бо худ силоҳ биёраду зӯроварӣ нишон диҳад, ӯро маҷбур месозанд, то дар рафти фаъолияти коршиносони тиббӣ ва ҷарроҳони мурдахона иштирок кунад.
Нақша - барномаи тарбиявии мазкур дар Лос-Анҷелес 6 моҳ боз амал мекунад. Ин чораи муассир баъди дар яке аз мактабҳои Сан-Диего бо истифода аз силоҳ ду нафарро куштани мактаббачаи синфи 9 андешида шуд.
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД


КОРОНАВИРУС ДАР КИТОБИ 5000 – СОЛАИ ҲИНДӢ
Таҳқиқгарони тибби бостонии ҳиндӣ дар матнҳои аюрведивӣ, ки панҷ ҳазор сол қабл таҳия шуда буданд, навиштаҷоти бемории хеле монанд ба коронавирусро пайдо намуданд. Он дар боби «Крими» - и («инфексия») - и маҷмӯаи «Чакарасамхита» инъикос шудааст, - хабар медиҳад «India Today».
Муаллифи номаълум менигорад, ки он чизест, бо чашми одӣ вайро наметавон дид. Вале, маълум, ки доирашаклу дорои «хорҳои» вазнин аст ва ба роҳҳои нафаскашӣ нишаста, дар инсон сулфаю тангнафасиро ба вуҷуд меораду  дар баъзе мавридҳо боиси марг мегардад.
Дар боби мазкур чӣ тавр аз ин бемории хатарнок раҳоӣ ёфтан зикр гардидааст. Яке аз усулҳои бештар пуртаъсири он изолятсия аз муҳити атроф мебошад.
Ба касоне, ки ба ин беморӣ мубтало гардидаанд, истеъмол накардани баъзе хӯрокиҳо тавсия дода шудааст. Гандум, нон ва маҳсулоти ширӣ таҳриккунандаҳои беморӣ дониста шудаанд.
Барои таҳкими иммунитет ва роҳҳои нафаскашӣ истифодаи гиёҳҳои дармонбахшро машварат додаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ  ИСМАТУЛЛОЕВ


ДАРАХТЕ, КИ ПАЙВАСТА БОРАШ ХӮРӢ…
Рӯзе кафшдӯзе саргарми таъмири пояфзол буд, ки ногоҳ сӯзан дар ангушташ халид. Аз шиддати дард фарёд зад ва сӯзанро дур андохт. Ҳакиме, ки аз роҳ мегузашт, сӯзанро аз замин бардошт ва ба кафшдӯз доду гуфт:
«Ин сӯзан ягона «дӯст» ва манбаи рӯзгузаронии туст. Пас агар гоҳе ҳам аз он дард ё зараре расид, набояд зуд раҳояш кунӣ:
Дарахте, ки пайваста бораш хӯрӣ,
Таҳаммул кун он гаҳ, ки хораш хӯрӣ»!.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


КИТОБҲОРО ҲАМ ЗИНДОНӢ МЕКУНАНД?
Дар маҳбаси Бастилияи Франсия, ки соли 1383 бунёд  шудааст, на танҳо маҳкумшудагон, балки китобҳоро низ зиндонӣ мекарданд. Дар маҳбаси мазкур энсиклопедияи машҳури Франсия, ки аз ҷониби Дени Дидро ва Жан Лерон де Аламбер мураттаб гаштааст, ҳамчун «асир» нигаҳ дошта мешуд ва мутолиаи он мамнӯъ буд.  
Китобро барои он айбдор дониста буданд, ки мазмунаш бар зидди дин ва ахлоқи ҷамъиятӣ равона шудааст. Зиндон соли 1789 аз тарафи инқилобчиён забт гардид ва китобҳо низ «нафас»-и озодӣ кашиданд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


БА ПУЛИ НОЧИЗ ФИТНАИ БУЗУРГ НАХАРЕД!
Марде бо мақсади харидани ғулом ба бозор омад. Ғуломфурӯше мегуфт:
- Ин ғуломро арзон мефурӯшам, аммо як айб дорад: фитнагар аст.
Мард вайро харид ва бо писханд аз дил гузаронд: “Ин ҷуз ғуломе нест, чӣ фитнае метавонад барангезад? Муҳим бо пули ночиз харидам”.
Ғулом чанд муддат содиқона хидмат карда, эътимоди ҳамаро ба даст овард. Сипас, ба фитна пардохт. Пеши ҳамсари хоҷааш рафту гуфт:
- Шавҳаратон ба шумо хиёнат карданист.
Зан бо рашку ҳаяҷони шадид аз фитнагар ёрӣ пурсид ва дар ҷавоб шунид:
- Вақте хоҷа ба хоб рафт, як тори ришашро бурида, ба ман биёр. Ин тарафаш кори ҳалшуданӣ.
Субҳи барвақт ғуломи маккор ашкрезон назди хоҷа давид:
- Ҳамсаратон нақша дорад, ки шуморо кушад.
- Бовар намекунам.
- Агар бовар накунед, худро ба хоб андозед. Ҳамсаратон бо теғе ба шумо наздик мешавад.
Зани сода чун ба бистари хоҷа наздик мешавад, мехоҳад бо дукорда торе аз риши ӯро бурад. Ҳамин лаҳза мард аз хоби сохтаи худ мехезад ва бе суолу ҷавоб ҳамсари худро мекушад. Хоҷаро, ки акнун қотил буд ба зиндон меандозанд.
Таҳияи Бахтовар КАРИМЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2020    №: 101    Мутолиа карданд: 396
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед