logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИД АЗ КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ «МУҲСИНҶОН» - И НОҲИЯИ ДАНҒАРА
30 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъунамои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» боздид ба амал оварданд.
Самти асосии Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронда шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини Кооперативи «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, хоҷагидорон дар замин асосан ғалла кишт мекунанд.
Тибқи нақша соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъунамои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полизиҳо кишт шудааст, ки ин аз оқилонаву самаранок истифода шудани ҳар қитъа замини корам ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд шаҳодат медиҳад.
Қариб 200 гектар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» - и ноҳияи Данғара обӣ буда, замини он ҳосилхез мебошад. Дар замини Кооперативи истеҳсолӣ асосан навъҳои  гандуми  маҳаллии  серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат - Данғара кишт карда шуда, ҳамасола ҳосили баланди ғалла ба даст оварда мешавад. Мувофиқи иттилои масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи «Фарҳодӣ», ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст. Ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини кооперативи мазкур, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод. Зеро барзгарон бо мақсади ба даст овардани ҳосилнокии баланди ғалла, таъмин намудани хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тухмии аълосифат навъҳои гандуми ҳосилдеҳи ғалларо кишт намудаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъунамои замини ғаллаи Кооперативи «Муҳсинҷон» ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобиқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳои муфид доданд.
Бояд зикр сохт, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии ғалла ва офаридани навъҳои тухми гандуми ба иқлими ноҳия мусоид бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ғаллакор маҳсуб ёфта, кишоварзон бо гирифтани ҳосили фаровони гандум дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ноҳияи Данғара ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ғалла ва ба даст овардани ҳосили баланд тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда, заминҳои лалмии ноҳия, ки дар бештари онҳо гандум кишт карда мешавад, самаранок истифода бурда мешаванд.
Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, бо истифода аз техникаҳои муосир сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили замини ғаллазор ва ба ҷойи он гузарондани кишти такрорӣ ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
30 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Сарвари давлат натиҷаи сафари серӯзаашонро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ карда, ба меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолии дохил, содирот ба кишварҳои хориҷ, мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарини саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат - таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мебошад. Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.
Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст, Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.
Вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонда шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ҷиҳати рӯёндани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд.
Таъкид гардид, ки 92 фоизи неруи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд. Дар вилояти Хатлон маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.
Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулон тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода шуд, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.
Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои рустанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дода шуд.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъйиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонда шуда, то охири соли 2020 - ум ба истифода супурдани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардондани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.
Барои рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъмин намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се - чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар чор моҳи соли 2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.
Зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сокинони он ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо, ташаббусҳои созанда, ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва тадбирҳои арзанда баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардум изҳори сипос карданд.

ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ВА ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР ДЕҲАИ ДӮСТИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
30 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии деҳоти Лолазор бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи мақсадноки замин дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи ниҳоли хоҷагии деҳқонии мазкур, ки дар масоҳати 13 гектар бунёд шудааст, хоҷагидорон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан машғуланд.
Дар ин ҷо 32 намуди ниҳол, аз ҷумла, маржавиники зарафшонӣ, тус, булут, шоҳбулут, серенаи ҳиндуӣ, олуи зинатӣ, корнус, саснаи қримӣ, магнолияи ҳамешасабз, лавлариш, ёс, филгӯш, зилол, олучаи мичуринӣ, хурмо, себи самаренка, себи хубонӣ, кипариси аризонӣ, арчаи элдарӣ, акатсияи маҳин, сафора, такпайванди себ, такпайванди нок, такпайванди олуча ва гули садбарг мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки қаблан дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ниҳол мавҷуд набуд ва барои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ сокинон аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии дигар минтақаҳои мамлакат эҳтиёҷоти худро қонеъ месохтанд.
Хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа аз тухм, қаламча ва дигар роҳу усулҳои муосир ба парвариш ва мутобиқсозии ниҳол ва гулу буттаҳо машғуланд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагидорон барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ ва таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.
Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон”  бо фаъолияти  гармхона ва ҷараёни бунёди боғу токзор шинос шуданд.
Масоҳати гармхона ду гектарро ташкил намуда, дар он 1600 бех лимӯ, 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 10 ҳазор гулу ниҳолҳои хонагӣ мавҷуд буда, ҳамчунин, 80 ҳазор бех ниҳоли гулҳо дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.
Дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни машҳур, аз ҷумла, намудҳои салвия, тагетис, тселозия, бегония, колеус, гипоестес, тсиния, пиларгония, алисиум, традескансия, хлорофитум, партулак, хедера хеликс, папоротник, аспарагус, шефлера, фикус, филодендрон, юка, гибискус, питуния ва сукулентӣ мавҷуд аст.
Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2017 таъсис ёфта, дорои 142 гектар замин мебошад, ки 88 гектари онро боғ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 33 гектар гелос, 18 гектар олу, 8 гектар зардолу, 4 гектар бодом, 11 гектар писта, 7 гектар нок, 0,60 гектар анор, 0,20 гектар анҷир, 0,80 гектар хурмо, 1,5 гектар олуча, 1,5 гектар чормағз, 0,50 биҳӣ ва 2 гектар токзор мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин, кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 12 гектар гандум, чор гектар ҷав, дар миёни қаторҳо 6 гектар полизӣ, як гектар сабзавот ва 0,50 гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.
Дар ин хоҷагӣ 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, хоҷагидорон вобаста ба пайдо гардидани корҳои мавсимӣ ҳамасола шумораи кормандонро ба таври кироя зиёд менамоянд.
Яке аз тадбирҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия замина гузошт, ин обёрӣ кардани заминҳо мебошад. Дар марҳилаи якум соли 2006 - ум 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм соли 2016 - ум 1750 гектар ва дар марҳилаи сеюм шурӯъ аз соли 2016 то имрӯз 1750 гектар замин  обёрӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” оид ба рушди соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор, ба муҳити минтақа мутобиқ кардани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқ намудани дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳату тавсияҳои  муфиду судбахш доданд.
Заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи бой, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва тавсияи мутахассисони соҳа аст, ки имрӯз нашъунамои ҳама гуна маҳсулот ва ниҳолҳо дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз солҳои пеш то ба имрӯз сокинони ноҳияи Данғара бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар саҳро ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат шуҳратёр буда, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ва содироти меваю сабзавот нақши бориз доранд.
 Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” корхонаи саноатии “Био Тех”- ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаи истеҳсолӣ ҳамчун маркази илмию амалӣ ҷиҳати пешбурди парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст.
Дар корхонаи истеҳсолӣ коркарди мевагиҳо, аз ҷумла, тут, ангур, зардолу, олуча, дулона, хуч, рустаниҳи фенхел, кавар, бобуна, кокутӣ, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим коркардашонро дар шароити хона анҷом медоданд, бо истифодаи технологияи муосири соҳавӣ коркард мешавад. Инчунин, хатҳои технологии корхонаи саноатии “Био Тех” имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои худӣ ва бо ворид намудани консентрати меваҳои тропикӣ, аз ҷумла апелсин, мандарин ва манго ба таври доимӣ истеҳсоли шарбатҳо ба роҳ монда шавад.
 Корхона аз ҷониби шахсони ватандӯсти ноҳия дар ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ бунёд карда шуд. Дар сурати ба иқтидори пурра фаъолият намудани  корхонаи “Био Тех” то 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Ҳамаи мутахассисоне, ки ба кор ҷалб шудаанд, сокинони маҳаллӣ буда, шакли истифодаи дастгоҳҳо ва коркарди маҳсулотро омӯхтаанд. Ҳар як маҳсулоти воридшаванда ба корхона қабл аз коркард дар озмоишгоҳи дохили корхона санҷида мешаванд.
 Ба хотири таъмини корхона бо маҳсулот саҳмдорони хоҷагии “Хуросон” дар масоҳати 5 гектар помидор, 3 гектар маккаи ширин, 3 гектар лубӣ, 1,8 гектар календула, 1,6 гектар ромашка, 1,5 гектар фенхел, 0,50 гектар укроб, 2 гектар лӯбиё, 0,7 гектар лаблабуи сурх, 0,3 гектар мармарак, 0,25 гектар кокутӣ, 0,50 гектар анҷибарҷ кишт карда, ҳамчунин,  наздики 3 ҳазор дона кавар ва 3 ҳазор дона хуч шинондаанд.
Таҷриба ва натиҷаи бадастовардаи саҳмдорони хоҷагӣ собит сохт, ки дар дилхоҳ мавзеъ бунёди боғу токзор, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст, дар сурате ки ҳангоми шинондану кишт ва нигоҳубин ҳама талаботи соҳаи кишоварзӣ риоя карда шавад.
Имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳияи Данғара сертарадуд буда, барои истифодаи оқилона аз обу замин ҳамаҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат намудан барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
 Таҷриба собит намуд, ки давоми солҳои охир аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва бо ҷойи кор фаро гирифтани шаҳрвандон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисоди ноҳия такон бахшидааст.
Иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон барои зиёд шудани боғҳои намунавӣ ва ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ноҳияи Данғара имконият фароҳам овард.
Ба хотири нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳои шифобахш дар тобеияти хоҷагӣ сардхона сохта шудааст, ки ғунҷоишаш аз се то чор ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 598 миллиону 837,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба соли 2019 - ум 47 миллиону 693 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.
Дар чор моҳи соли 2020 - ум 437 ҷойи корӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо таъсис дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 176 ҷойи корӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳияи Данғара дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бунёду ба истифода додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гузаштан аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатию қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.
Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии имконоти васеъ барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорони ватанӣ ба пешрафти ин соҳа дар ноҳияи Данғара заминаи устуворро фароҳам овардааст.
Тибқи нақша ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллӣ дар ноҳия сохтмони чанд корхонаи саноатии дигар низ идома дорад,  ки ин омил баробари суръат бахшидан ба тавлиди маҳсулоти ватанӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Баъди шиносоӣ бо Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи фаъолияти саҳмдорон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2020    №: 102    Мутолиа карданд: 530
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед