Хабарҳо
ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД
«Известия». Давои истеҳсоли русии коронавирус «Авифавир» барои беморхонаҳо баъди даҳ рӯз дастрас мегардад.
Охири ҳафтаи гузашта Вазорати тандурустии ФР «Авифавир»-ро тасдиқ кард, ки маҳсули ҳамкории Фонди инвеститсияҳои мустақими Россия ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии рангорангии кимиёии «ХимРар» мебошад. Дору тибқи созишнома ба муассисаҳои табобатӣ фурӯхта мешавад, лекин ба савдои озод намебароранд.
Зимнан, мабдаи «Авифавир» - моддаи беназири «Фавипиравир» дар Ҷопон ихтироъ шудааст. Аммо муҳаққиқон самаранокияшро дар мубориза бо COVID - 19 собит карда натавонистанд, ки боиси аз истифода боздоштанаш шуд.
СОБИҚАДОРОНИ АМРИКОӢ ҶИҲАТИ ТАҶЛИЛИ ПАРАДИ ҒАЛАБА БА МОСКВА МЕОЯНД
ТАСС. Аз ин хусус Тимоти Дэвис, президенти фонди ғайриҳукуматии The Greatest Generations Foundation, ки сафари онҳоро ташкил мекунад, - хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи собиқадорон ба Москва ва Санкт-Петербург ташриф оварда, дар ҳар кадомаш панҷ рӯз меистанд. Сафар аз 20 то 30 июн дар назар аст.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Президенти Россия Владимир Путин 24 июнро санаи баргузории паради Ғалаба интихоб кард.
ТРАМП САММИТИ G7-РО БА МОҲИ СЕНТЯБР ГУЗАРОНДАН ВА БА ОН РОССИЯРО ДАЪВАТ КАРДАН МЕХОҲАД
АИР Новости. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки нияти ҳамоиши «Ҳафтгонаи калон»-ро аз июн ба сентябр мавқуф гузоштан дорад ва мехоҳад дар он Россия низ ширкат кунад.
«Ба назарам, G7 ба қадри кофӣ аз ҳодисоте, ки дар дунё рӯй медиҳад намояндагӣ намекунад. Ин як гурӯҳи бисёр куҳнашудаи кишварҳост», - гуфт Трамп.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар саммит намояндаҳои Россия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея ва Австралияро низ дидан мехоҳад.
СОҲАҲОИ ИСТИФОДАИ РОБОТҲО ПАС АЗ ПАНДЕМИЯ НОМБАР ШУДАНД
«Газета.ru». Узви шӯрои коршиносон оид ба иқтисоди рақамии назди Думаи давлатии Россия Никита Куликов, пеш аз ҳама тиб, умури меҳмонхона ва хӯроки умумиро ном гирифт.
Чуноне мубориза бо коронавирус нишон дод, пешомади хуби истифодаи роботҳо дар иншооту ҳудудҳои махсусан хавфнок, аз ҷумла «минтақаҳои сурх»-и беморхонаҳо мавҷуд аст. Роботҳо метавонанд дору оранд, ҳарорат ё фишори хунро санҷанд, биноро безарар гардонанд ва дар маҷмӯъ, амнияти кормандонро таъмин созанд.
Куликов афзуд, ки роботҳоро метавон дар меҳмонхонаҳо ба ҳайси маъмур ва пешхизмат истифода бурд.
ДАР ҚИРҒИЗИСТОН АЗ 1 ИЮН ОСОИШГОҲҲО БА ҚАБУЛИ МИЗОҶОН ШУРӮЪ МЕКУНАНД
REGNUM. «Ҳукуматдорон ба осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳат ва дигар иншооти сайёҳӣ иҷозат доданд, ки аз 1 июн аз нав қабули мизоҷонро ба роҳ монанд», - гуфт ноиби якуми сарвазир Кубатбек Боронов.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати кишвар аз шаҳрвандон хостор шудааст, ки барои кам кардани хавфи сироятшавӣ ба COVID - 19 то ин ҷойҳо бо нақлиёти шахсӣ раванд.
Боронов афзуд, ки ҳама гуна чорабиниҳои оммавии фароғатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ, ҷашнҳои оилавӣ, ҳамчунин, фаъолияти муассисаҳои дилхушӣ, кинотеатрҳо, интернет-клубҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон ҳамоно мамнӯъ аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1096