logo

Хабарҳо

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Дар доираи вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб бунёди 276 иншооти таъйиноти гуногун дар назар буда, то имрӯз зиёда аз 112 - тои он, аз қабили муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, толору майдончаҳои варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии 4 - моҳаи соли равон бо иштироки Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия беморхонаи марказӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар деҳаҳои Чорбоғу Чормағзакон, сардхона бо ғунҷоиши беш аз 200 тонна маҳсулот дар деҳаи Арақчини Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 - и деҳаи Гулбоғ ба истифода дода шуд.
Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар вусъати ободкориҳо назаррас аст. Аз ҷумла, бо саҳми сокинони саховатманду соҳибкорон дар деҳаи Косатароши Ҷамоати деҳоти Лучоб як километр роҳи мошингард пурра мумфарш карда шуда, дар деҳаи Калони Ҷамоати деҳоти Зиддеҳ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бунёд ёфтанд, ки дар онҳо 20 сокини маҳаллӣ ҷойи кори муносиб пайдо намуд.
Баҳри иҷрои дастурҳои Пешвои миллат дар деҳаи Тойқараи деҳоти Лучоб аз ҷониби соҳибкор сохтмони фермаи ширию молӣ идома дошта, дар қисмати бунёдгардидаи он беш аз 100 сар чорвои зоти тоҷикӣ парвариш ёфта истодааст. Пас аз пурра ба истифода додани ферма саршумори чорво боз ҳам афзоиш ёфта, сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҳоло бунёди беш аз 70 иншооти хизматрасонию маишӣ идома дорад.

Мафтуна НУРИДДИН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1089
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед