Хабарҳо
МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД
Имрӯзҳо дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва табобати гирифторон кормандони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховантманд саҳми худро гузошта истодаанд.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронд. Ҳамчунин, дар пайравӣ ба ташаббуси мазкур ҳайати роҳбарикунанда 50 фоизи маоши якмоҳа ва дигар ҳайати шахсии агентӣ маоши дурӯзаи худро, дар маҷмӯъ ба маблағи 50 000 сомонӣ ба фонди COVID-19 гузаронданд.
Дар ин бора Муҳаммадшариф Ҳалимзода, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар агентӣ ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфта, дар ин росто, тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1514