Хабарҳо
ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ
Эмомалӣ Мирзоев, директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ дар кишвар боз 83 нафари дигар бо ташхиси сирояти COVID – 19 ошкор гардида, шумораи онҳо ба 4013 кас расид. То имрӯз бо талошҳои табибон дар маҷмӯъ, 2089 сироятёфта шифо ёфт.
- Айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ 1814 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор дорад. Тайи шабонарӯзи охир беш аз 200 кас пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон баргаштанд, - гуфт Эмомалӣ Мирзоев.
Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1307