logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ДИПЛОМ ВА ШАҲОДАТНОМАИ ҚАЛБАКӢ
Директори мактаб ва ҳамдастонаш ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Ҳусейн Қаюмов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 - и  ноҳияи Деваштич, дар фурӯхтани дипломи омӯзишгоҳ ва шаҳодатномаи хатми мактаб бо ду ҳамдасташ айбдор мешаванд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудааст, ки Ҳусейн Қаюмов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо омӯзгори МТМУ № 2 – и шаҳри Истаравшан Фатулло Маҷидов ва шаҳрванд Нодир Бобоев моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ш. Ҷӯразода 5000 сомонӣ гирифта, ба ӯ шаҳодатномаи қалбакии хатми мактаб додааст.
Инчунин, директори мактаб ва Н. Бобоев бо ҳамин усул ба фурӯхтани дипломи қалбакӣ низ даст задаанд. Онҳо аз шаҳрванд Ш. Ҷӯразода барои ба номи шиносаш – Б. Ғаффоров омода карда додани дипломи хатми омӯзишгоҳи касбии шаҳри Исфара 4000 сомонӣ гирифтаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Ҳ. Қаюмов, Ф. Маҷидов ва Н. Бобоев бар асоси моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.


БАРҚФУРӮШИ МАРДУМФИРЕБ
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи нозири барқ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нисбат ба собиқ назоратчии шабакаҳои барқи ноҳия Улуғбек Бегиҷонов тибқи талаботи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки номбурда бо вуҷуди аз кор хориҷ шуданаш, ҳамоно худро назоратчии фурӯши барқ муаррифӣ намуда, даст ба мардумфиребӣ задааст. У. Бегиҷонов асосан ба боварии муштариёни маишӣ (хоҷагидороне, ки аз пойгоҳи обкашӣ истифода мекунанд) даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти камтари неруи барқи истифодашуда нисбат ба нишондоди ҳисобкунаки барқӣ маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки ӯ қаблан зимни фаъолият дар шабакаҳои барқ ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҳоло дар робита ба амалкарди ахираш 16 аризаи шаҳрвандони зарардида дар дасти тафтишот аст.


ДУЗДӢ
Гумонбар баъд аз чор моҳ ба дасти милитсия афтод
Кормандони милитсия марди 43 – солаеро ба гумони дуздӣ боздошт намуданд, ки чор моҳ қабл даст ба ин кирдори номатлуб задааст.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, гумонбар сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, моҳи  январи  соли  2020 бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ «Дуоб», ки ба марди 44 - сола тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикоӣ ва 40 ҳазор сомониро дуздидааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 473
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед