Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Regnum.ru.Президенти Беларус Александр Лукашенко, 3 июн Ҳукумати кишварро ба истеъфо фиристод.
АИР Новости. «Россия ба шӯру ошӯби ИМА ягон дахл надорад», - изҳор дошт сафири ФР дар ИМА Анатолий Антонов.
ТАСС. Москва ва Ар-Риёз доир ба зарурати камаш боз як моҳ тамдид кардани ҳадди баландтарини истихроҷи нафт дар ОПЕК+ ба мувофиқа расиданд.
Associated Press. Дар ИМА ҳангоми эътирозҳои оммавӣ алайҳи муносибати дурушти политсия, ки бинобар аз дасти корманди он дар Миннеаполис ба ҳалокат расидани афроамрикоӣ Ҷорҷ Флойд шурӯъ шуданд, 9,3 ҳазор нафарро боздоштанд.
Regnum.ru. 75 низомии Озарбойҷон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 75 - солагии Ғалаба, ки 24 июн дар Москва доир мегардад, иштирок хоҳад намуд.
Lsm.lv. «Аз 3 июн Ҳукумати Латвия талаботи 14 рӯз ҳатман дар карантин қарор доштани шаҳрвандони 24 кишвари Иттиҳоди Аврупоро, ки ба Латвия ворид мешаванд, бекор кард», - иттилоъ дод Сарвазир Кришянис Каринш.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1148