Хабарҳо
ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7
Fox News Radio. «Ширкати Президенти Россия Владимир Путинро дар мулоқоти кишварҳои «ҳафтгонаи калон» ақли солим тақозо дорад», - гуфт Президенти ИМА Доналд Трамп.
Тавре сарвари амрикоӣ таъкид дошт, нисфи мавзӯъҳое, ки дар G7 баррасӣ мегарданд, бояд бо Россия низ маслиҳат карда шаванд. Аз ин рӯ, бе Путин гузарондани саммит талафи беҳудаи вақт аст. Трамп ба он аст, ки иштироки Россия ҳалли мушкилоти зиёдро осон месозад.
Трамп қаблан гуфта буд, ки саммити «ҳафтгонаи калон»-ро аз охири июн ба моҳи сентябр гузаронданист ва мехоҳад ба он Россия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея ва Австралияро даъват намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1230