Хабарҳо
КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД
Regnum.ru. Тибқи маълумоти Хадамоти миллии мудофиаи шаҳрвандӣ, то бегоҳи 3 июн дар мамлакат аз «илтиҳоби коронавируси шуш» 33 601 нафар ҷон бохт.
Шумораи шифоёфтаҳо дар як рӯз 846 нафар афзуда, ба 160 938 расид. Теъдоди сироятёфтаҳо бошад, ҳамагӣ 321 нафар афзуд. Айни замон дар мамлакат шумораи гирифторони коронавирус ҳамагӣ 39 297 нафарро ташкил медиҳад. Зеро зиёда аз як моҳ аст, ки сирояти Covid-19 коҳиш ёфта истодааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1284