logo

Хабарҳо

ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

Имсол сокинони заҳматпешаи  ноҳияи Тоҷикобод дар асоси дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имконияту шароити фароҳамшуда дар ҷодаи ободонию зебо гардондани диёри худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
Соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 - 2020  татбиқи даҳ лоиҳаи сохтмонию тиҷоратии дигар, аз ҷумла бунёди дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, боғи фарҳангии ноҳия, шаш синфхона дар назди муассисаҳои таълимии №№ 2, 42, 27, сохтмону навсозии биноҳои қасри фарҳанг, муассисаи таълимии №10 ва бунгоҳҳои тиббии деҳаи Оби Сафед, Дараи Нӯшор ба нақша гирифта шудаанд. Инчунин, дар доираи 20 лоиҳа ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ корҳо идома дошта, 7 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳоло дар ноҳия омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, ба ин муносибат мавриди истифода қарор додани 69 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст.
Соли 2018 бо маблағгузории шарикони рушд сохтмони бинои кӯдакистони “Парасту” барои 120 тарбиятгиранда, се синфхонаи технологӣ - касбомӯзӣ дар назди муассисаи таълимии №17 - и деҳаи Мазори Поён, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ ва бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия ба истифода супурда шуданд. Қисмати аввали мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои  маркази  ноҳия ба анҷом расид. Инчунин, соли гузашта дар деҳаҳои Фатҳобод, Гулистон, Лангари Шоҳ ва Нӯшор майдончаҳои варзиш бунёд ёфтанд. Соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар 33 иншоот сурат гирифта, ҳуҷҷатгузорию сертификаткунонӣ дар иншооти дигари ҷашнӣ идома доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ, соҳибкорону сокинони саховатпешаи  ноҳия кӯшиш доранд, ки  иншооти ҷашнӣ сари вақту бо сифати баланд бунёд ёбад. Аммо бо вуҷуди талошҳо аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”, Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то ҳол кашидани хати оби нӯшоӣ ба маркази ноҳия, аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони коргоҳи истеҳсоли макарон, ки дар нақшаи чорабиниҳо мебошанд, оғоз нагардидаанд.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1093
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед