logo

иқтисод

МУҲИТИ ЗИСТ. ЁВАРИ МО ДАР МУБОРИЗА БО COVID – 19

5 июн чун анъана дар ҷаҳон кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат Рӯзи ҷаҳонии муҳити зистро ҷашн мегиранд. Имсол ба таври истисно таҷлили ин сана бо сабаби паҳншавии бемории COVID -19 ба тариқи онлайн сурат мегирад. Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба он омодагии ҷиддӣ диданд.
Дар баробари баргузории чорабиниҳо дар реҷаи онлайнӣ, ки дар он садҳо нафар истифодабарандагони интернет ширкат менамоянд, ҳамчунин, доир намудани аксияи “Муҳити зист – ёвари мо дар мубориза бо COVID – 19” дар назар дошта шудааст. Маърака дар боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон”, кӯчаҳои алоҳидаи чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва маҷмааи савдои “Ашан” - у “Пайкар” баргузор гардида, дар он нахуст ба сокинон ва меҳмонони пойтахт оид ба истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва безараргардонии ниқобҳо барои пешгирӣ аз беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Ба сокинони пойтахт беш аз 2000 ниқоб ва дигар маводи безараргардонӣ ройгон тақсим мегардад.
Тавре Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, дар вазъе, ки ҷаҳон ба буҳрони умумӣ гирифтор шудааст, ҳифзи муҳити зист яке аз воситаҳои муҳими таъсиррасон ба солимии ҷомеа мебошад.
Мутаассифона, солҳои охир проблемаи муҳити зист ба мушкилоти глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, тундбодҳо, норасоии оби нӯшоӣ, олудашавии ҳавои атмосфера, зиёд шудани партовҳои истеҳсолию маишӣ, бахусус зарфҳо ва дигар маводи пластикӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва дигар офатҳои табиӣ ташвиши мардуми ҷаҳонро дучанд намудаанд. Бинобар ин, роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдошта бармаҳал ҷустуҷӯ карда мешавад ва ҳар фарди ҷомеа бояд дар ин масъала бетараф набошад, балки дар ҳаллу фасл ва бартараф сохтани мушкилот саҳми худро гузорад.
Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври дастаҷамъона ва қатъӣ ба он ғамхорӣ зоҳир накунем, барои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва зиндагии кулли давлатҳои ҷаҳон оқибатҳои ногувор бор хоҳад овард. Ҳифзи муҳити зист дар мисоли муҳофизати замин, об, ҳаво гуногуншаклии биологӣ ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар маҷмӯъ рукнҳои асосии ҳифзи Ватан ба ҳисоб мераванд, дар замони ҳозира масъалаи муҳими рӯз ва аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. 
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти давлатии назоратӣ дар соҳаи ҳифзу истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳамчунин, таъмини бехатарии экологии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳои зиёди амалиро ба иҷро мерасонад. Пешбурди назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, пешгирии қонуншиканӣ дар истифодабарии сарватҳои табиӣ, экологӣ, ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ дар корхонаҳо тибқи меъёрҳои тасдиқшудаи тозаю озода нигоҳ доштан ва гулкорию кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои фаҳмондадиҳиву ташвиқотӣ аз ҷумлаи ин корҳоанд.
- Боварии комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон табиати зебои Тоҷикистонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли шаҳрвандии худро нишон медиҳад ва саҳми арзандаи худро мегузорад. Ин аст, ки имрӯз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ тавониста истодаанд бо роҳи ҳифзи муҳити зист аз ифлосу заҳролудшавӣ, тозаю озода ва дар шакли табиӣ нигоҳ доштани он бо бемории COVID – 19 низ мубориза бурда, ба зудӣ аз он эмин монем, - гуфт Баҳодур Шерализода. 

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2020    №: 105    Мутолиа карданд: 265
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед