logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН. АВВАЛИН МУАССИСАИ ТИББӢ- ПАЖӮҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ АЗ МАРИЗОНИ COVID - 19 ХОЛӢ ШУД

Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи шаҳри Душанбе ягон сироятёфтаи коронавирус намонд.
Ба иттилои манбаъ, ҳама бемороне, ки ин ҷо бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд. Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустии мамлакат, ки  муддати муайян дар онҳо беморони коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.
Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.


ҲАЙАТИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ БА ҚАРИБӢ ДУБОРА БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Sputnik. Дар ин бора аз ҷониби Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо хабар дода шуд.
Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID - 19 ва ҳамзамон узви ҳайати СУТ, ки ба Тоҷикистон омада буд, аз ҷумла чунин гуфт: "Дар ҳолати зарурӣ, СУТ омода аст шарикони худро барои ёрӣ, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо бо пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва, агар лозим бошад, дасти мадад дароз кунем".
Ҳамзамон,  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо, илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.


ДАБИРИ КУЛЛИ СММ: «ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО БОЯД ҲАМА БИГИРАД»
АИР Новости. Сарвари ниҳоди ҷаҳонӣ Антониу Гутерреш аҳамияти ба ҳар як сокини сайёра дастрас намудани онро махсус таъкид дошт.
Гутерреш COVID – 19 - ро бузургтарин буҳрон дар соҳаи тандурустӣ унвон кард. «Ваксина ба сари худ кофӣ нест. Мо бояд дар тамоми дунё муттаҳид бошем, то ки ба ҳар одам дастрас шудани ваксинаро таъмин созем», - зикр намуд Дабири кулл. Ӯ кишварҳоро ба иҷрои се уҳдадорӣ даъват намуд: эмкунии кӯдакон аз дигар бемориҳо ҳатто дар давраи коронавирус, истифодаи шабакаи ваксинарасонӣ барои иддаи дигар хизматрасонии тиббӣ ва бо ваксина таъмин намудани тамоми одамон дар сайёра.


ВАКСИНАИ РУСӢ БА ОЗМОИШИ КЛИНИКӢ ТАЙЁР ШУДААСТ
«Красная Звезда». Тавре аз госпитали асосии низомии клиникии ба номи Бурденко иттилоъ доданд, коркарди ваксинаи мазкур дар ҳамдастӣ бо низомиён сурат гирифт.
То ба имрӯз он дар ҳайвоноти хурду калон озмуда шуд ва ба марҳилаи навбатӣ омода аст. Тибқи маълумот, дар тадқиқоти клиникӣ 50 ихтиёрӣ аз миёни низомиён иштирок хоҳад кард.
Мавриди тазаккур аст, ки то 5 июн дар Россия 441 108 ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 5 384 нафар фавтид, шумораи шифоёфтаҳо ба 204 623 нафар расид.

 

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1061
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед