Хабарҳо
ЛАХШ. ДУРНАМОИ КИШТИ КАРТОШКА БА 76 ДАРСАД РАСИД
Заҳматкашони ноҳияи Лахш баробари корҳои ободонӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонию ёрирасон, талош намуда, майдони кишти картошкаро ба 6000 гектар расонданианд.
Тавре Нусратулло Латифов, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия, иброз дошт, картошкапарварони ноҳия имсол бо 10407 тонна тухмии хушсифат таъмин гардиданд.
- Деҳқонон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода мебаранд. То 1 июн хоҷагиҳои инфиродиву ҷамъиятӣ дар майдони 3355 гектар картошка кишт намудаанд, ки 76 дарсади дурнамои кишти солонаро ташкил медиҳад. Инчунин, кишоварзон ҷиҳати фаровонгардонии бозори дохилӣ бо картошкаи хушсифат тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 6000 гектар картошкаи навъи дарозпалаки «Тоҷикистон-24» кишт намоянд,- гуфт ӯ.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1127