logo

Хабарҳо

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. ЁРӢ БА ОСЕБДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ

Офати табиӣ - сели рӯзҳои 14 -15 майи соли 2020 ба хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои кишвар зарари ҷиддӣ расонд. Аз ин офати табиӣ 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби молӣ бардоштанд. Офати табиӣ бештар дар ноҳияи Хуросон ба аҳолӣ зарар овард.
 Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон расман ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар муроҷиат намуд. Дар натиҷа, дар Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF) аз ҳисоби  маблағҳои ҷудогардидаи хазинаи ин бунёд ва захираҳои дохилии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон лоиҳаи вижаи ёрӣ таҳия ва тасдиқ гардид. Ёрӣ дар шакли маводи ғайрихӯрока ба 338 оилаи осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат (ҷамъ 344 оила) расонда шуд.
Ин ёрӣ аз 344 бастаи маводи ғайрихӯрокворӣ -  бистар, болишт, кампал, рахти хоб,  бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпӯши пластикӣ, 344 бастаи маводи ошхона - дег, кафлез, обгардон (черпак), косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаи гигиенӣ - сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводи гигиенаи шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайра иборат мебошад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, инчунин, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин, оилаҳое, ки саробонашон зан, шахси пиронсол, кӯдаки хурдсол мебошанд ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои ниҳодҳои дигари дахлдор фаро гирифта нашудаанд, ёрӣ мерасонанд.
Раванди интиқол, қабул, дастрас ва тақсим намудани ёрии мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мувофиқа карда, 2 июни соли 2020 марҳилаи аввали тақсимоти ёрии мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон (тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Комиссияи дахлдори давлатӣ) ҷараён гирифт. Марҳилаи дуюми тақсимот боз 78 оилаи ниёзманди ноҳияи мазкурро фаро мегирад.
Дар рафти расондани кумаки башардӯстона раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳали тақсимот бо мардуми зарардида суҳбат намуд ва ба кормандону волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон миннатдории хешро иброз дошт.
Дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаи осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидааст, дастрас намудани кумакпулии яквақта ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) пешбинӣ шудааст.
2 июни соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, инчунин, ба 6 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи кӯчаи Ғалабаи шаҳри Ваҳдат маводи ғайрихӯрока дастрас намуд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташкилоти башардӯстонаи калонтарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. Он фаъолияти башардӯстонаи худро дар саросари кишвар тавассути 69 бахши худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоятҳо бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрон ҷиҳати расондани кумак ба ниёзмандон пеш мебарад.
Дар ин бора ба “Ҷумҳурият” аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.

С. АЗИЗӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1026
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед