Хабарҳо
ВМКБ. РАИС БО ГИРИФТОРОНИ КАСАЛИИ КОРОНАВИРУС МУЛОҚОТ НАМУД
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъди табобати даҳрӯза аз бемории коронавирус аз беморхонаи вилоятӣ дидан намуда, бо гирифторони бемории COVID - 19, ки дар ин беморхона табобат мегиранд, мулоқот намуд.
Тавре Ғолиб Ниятбеков, мудири бахши иттилоотӣ - таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, иттилоъ дод, зимни суҳбат Ёдгор Файзов ба шароити будубоши беморон, таъминот бо маводи хӯрокворӣ ва доруву дармон дар беморхонаи вилоятӣ мароқ зоҳир намуд. Беморон изҳор доштанд, ки дар масъалаи табобати ройгон ва таъмини доруворӣ барои табобат мушкилот надоранд. Инчунин, беморон аз шароити беморхона, аз ҷумла ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқӣ, шикоят намуданд. Вобаста ба ин, раиси вилоят ба маъсулини раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва сарраёсати молияи вилоят супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф намоянд.
Тасмим гирифта шуд, ки беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди коҳиш ёфтани бемории коронавирус ва гусели охирин беморон ба таъмири капиталӣ фаро гирифта шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1139