Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 202 СИРОЯТЁФТАИ ДИГАР ШИФО ЁФТ
То 4 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 289 нафар бо ташхиси сирояти бемории COVID - 19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то имрӯз 2 ҳазору 401 бемор (56 дарсад) шифо ёфт, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 98 ҳодисаи сироятёбӣ аз COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Ба ҳолати 4 июн дар кишвар 1418 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир аз муассисаҳои тиббӣ 202 сироятёфта пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон рухсат гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории COVID - 19 аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо беш аз 45 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1165