Хабарҳо
ТАБИБОНИ ЛАҲИСТОНӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Як гурӯҳ табибони лаҳистонӣ бо мақсади муборизаи муштарак бо ҳамтоёни тоҷик алайҳи коронавирус шоми шанбе ба Душанбе омаданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 16 табиби лаҳистонӣ, ҳамчунин, се коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустиро муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода истиқбол гирифт.
Аз вазорат ба «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, ки онҳо ба манотиқи гуногуни кишвар сафар карда, бо вазъи мубориза бо COVID-19 шинос мешаванд. Муддати як моҳ мутахассисони лаҳистонӣ ва тоҷик дар муассисаҳои тиббӣ аз таҷрибаи андӯхтаи ҳамдигар дар роҳи пешгирӣ ва табобати COVID бархӯрдор мегарданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар Лаҳистон назар ба Тоҷикистон нахустин сирояти коронавирус хеле барвақттар, яъне 4 март ба қайд гирифта шуд. Айни замон ин кишвар аз рӯи теъдоди сирояти аҳолӣ ба вабои нав миёни давлатҳои Аврупо дар мавқеи 15-ум қарор дорад. То 8 июн дар ин ҷо 26561 гирифтори SARS-CoV-2 ошкор гашта, 12855 нафар офият ёфт, 1157 кас фавтид.
Зимнан, рӯзҳои наздик дар ҳайати намояндагии СҶТ табибони рус низ ба Тоҷикистон меоянд.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1173