Хабарҳо
ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БОЗИҲОИ БОҚИМОНДААШРО КАЙ ДОИР МЕКУНАД?
Конфедератсияи футболи Осиё баъди машварат бо ФИФА рӯзҳои доиршавии бозиҳои боқимондаи даври муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон – 2022 – ро муайян кард.
Тими миллии Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «F» аст, бояд рақобаташро 8 октябр бо мунтахаби Муғулистон доир созад. Боз ду рақобати дигарро шогирдони Усмон Тошев бо мунтахабҳои Ҷопон (12 ноябр, дар меҳмонӣ) ва Мянма (17 ноябр, дар хона) баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин вохӯриҳо бояд моҳи март ва июн гузаронда мешуданд, аммо бо сабаби пандемия ба таъхир гузошта шуданд.
БУНДЕСЛИГА. РЕКОРДИ НАВ ВА ЯК ҚАДАМИ ДИГАРИ «БАВАРИЯ» БА СӮЙИ ҚАҲРАМОНӢ
Дастаи «Бавария» дар бозии марказии даври 30 - юми Бундеслига (Олмон) дар меҳмонӣ тими «Байер» - ро бо ҳисоби 4:2 шикаст дода, 11-ум ғалабаи пайдарпаяшро сабт кард.
Тибқи иттилои сомонаи Бундеслига, тими «Боруссия Д» дар майдонаш дастаи «Герта» - ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуд.
Натиҷаи бозиҳои боқимондаи даври 30-юм:
«Фрайбург» - «Боруссия М» - 1:0
РБ «Лейпсиг» - «Падерборн» - 1:1
«Фортуна Д» - «Хоффенхайм» 2:2
«Айнтрахт Франкфурт» - «Майнс 05» - 0:2
«Вердер» - «Волфсбург» - 0:1
«Унион» - «Шалке-04» - 1:1
«Аугсбург» - «Кёлн» - 1:1
Бояд гуфт, ки пас аз 30 давр футболбозони «Бавария» ба дарвозаи рақибон 90 гол задаанд, ки ин натиҷа то имрӯз ба ягон дастаи олмонӣ муяссар нашудааст.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1085