Хабарҳо
ВАЪДАИ ЧИН БА ҶАҲОН: «ҲАМАРО БО ВАКСИНАИ COVID - 19 ТАЪМИН МЕКУНЕМ»
"Женмин Жибао". Мақомоти Чин ният доранд, ки баъди аз ҳама озмоишҳои клиникӣ гузаштани ваксина ва натиҷаи мусбат додан, онро ба тамоми ҷаҳон дастрас кунанд.
Ба гуфтаи вазири илм ва технология Ван Чжиган, ҳоло панҷ намуд ваксинаи коронавирус таҳия шуда истодааст, ки баъзеи онҳо аллакай дар ихтиёриён озмуда мешаванд.
"Дар қадами оянда пас аз таҳия ва озмоишҳои клиникӣ мо уҳдадориҳои ба- зиммагирифтаи сарвари давлатамон Си Ҷинпинро дар Конфронси 73 - юми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷро хоҳем кард. Яъне ваксинаро ҳамчун маҳсулоти оммавӣ барои тамоми ҷаҳон дастрас мегардонем", - изҳор дошт Чжиган.
ЁРИИ ДӮСТОНАИ КУВАЙТ ВА ИСРОИЛ БА ТОҶИКИСТОН
«Ховар». Кумаки башардӯстонаи асосгузор ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним 5 июн тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии ин кишвар ба Душанбе оварда шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 тонна ёрии расида таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID - 19 мебошад.
Инчунин, соҳибкори кувайтӣ 38 ҳазор либоси муҳофизатии тиббиро аз Чин харид ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.
Қабл аз ин, ёрии башардӯстонаи давлати Исроил иборат аз 4000 ниқоби тиббӣ, 500 комбинезони ҳимоявӣ ва 35 ҳароратсанҷи барқӣ ба Тоҷикистон расида буд.
КИШВАРҲОИ G20 БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС БЕШ АЗ $21 МИЛЛИАРД ҶУДО МЕКУНАНД
Gazeta.ru. Давлатҳои аъзои «Бистгонаи калон» якҷоя бо кишварҳои даъватшуда алайҳи ин вабо муборизаро тақвият дода, ҷиҳати молиявии онро низ тақвият доданиянд, - омадааст дар сомонаи G20.
Дар изҳороти интишордода таъкид меравад, ки G20 бо давлатҳои даъватшуда саъю талоши мамолики дунёро ҷиҳати пешгирии паҳншавии эпидемия ва табобати беморон ҳамоҳанг месозад.
Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки маблағи зикрёфта барои табобати маризон, ҳамчунин, таҳияи ваксинаи COVID - 19, тадқиқоти минбаъда дар ин самт масраф гардад.
ДАР ҚАЗОҚИСТОН НИЗОМИ НАВИ ТАРБИЯИ РӮЗНОМАНИГОРОНРО РОҲАНДОЗӢ МЕКУНАНД
REGNUM. Ин нуктаро вазири иттилоот ва рушди ҷомеаи ҷумҳурӣ Аида Баллаева дар мизи мудаввар оид ба масоили инкишофи ВАО ироа намуд.
Ба гуфтаи ӯ, бояд роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи омодагии журналистонро дарёфт. Вазир бар он аст, ки дар мамлакат барои инъикоси мушкилоти иқтисод, тиб, молия ва дигар соҳаҳо рӯзноманигорони ҳирфаӣ нестанд. Барои ҳалли ин масъала таҳияи консепсияи маълумоти чандрасонаӣ дар назар аст. Баллаева афзуд, ки барои дастгирии рӯзноманигорони ҷавон барномаҳои грантӣ бештар карда мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1100