Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Демократҳои Конгресси Иёлоти Муттаҳида лоиҳаи қонунеро манзур намуданд, ки ислоҳоти густурдаи политсияро дар ҷавоб ба намоишҳои оммавии эътирозӣ дар кишвар пешбинӣ мекунад.
АИР Новости. Роҳбарияти ҶХД Корея тасмим гирифт, ки гуфтушунид бо ҳукуматдорони Ҷумҳурии Корея қатъ карда, ҳамкории байни ду кишвар боздошта шавад.
El Pais. Прокуратураи Испания парвандаи собиқ шоҳи кишвар Хуан Карлосро ба иттиҳоми ҷиноятҳои андозӣ ва пулшӯӣ тафтиш менамояд.
Regnum.ru. Ҳукумати Италия соли равон барои дастгирӣ ва тақвияти содироти молҳои итолиёӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ иловатан 1,4 миллиард евро масраф месозад.
Regnum.ru. Дар ИМА шабонарӯзи охир 22 302 ҳодисаи нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд, дар беморхонаҳо 712 маризи COVID -19 ҷон дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1200