logo

Хабарҳо

САНАИ МУЗОКИРОТИ ИМА ВА РОССИЯ ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МУВОФИҚА ШУД

Bloomberg. Намояндагони Вашингтон ва Москва доир ба масъалаи силоҳи ҳастаӣ 22 июн дар Вена гуфтушунид мекунанд,- хабар дод намояндаи Департаменти давлатӣ.
Мувофиқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо мумкин аст имконияти тамдиди Созишномаи коҳишдиҳии силоҳи стратегии ҳуҷумро баррасӣ намоянд. Ӯ афзуд, ки ИМА Чинро ҳам иштирокдори созишнома карданист ва дар ин кор аз Россия ёрӣ мехоҳад.
Намояндаи вижаи президенти ИМА оид ба назорати силоҳ Маршалл Биллингсли мувофиқаи ҷонибҳоро дар бораи гузарондани музокирот тасдиқ намуд: "Имрӯз бо муовини вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Рябков нисбати вақт ва маҳали гуфтушунид оид ба силоҳи ҳастаӣ ба мувофиқа расидам", – дирӯз дар Twitter навишт Биллингсли.


СОБЯНИН ДАР МОСКВА НИЗОМИ УЗЛАТШИНИРО БЕКОР НАМУД
Gazeta.ru. Мири Москва Сергей Собянин як қатор маҳдудиятро, ки бинобар коронавирус дар пойтахт роҳандозӣ шуда буданд, аз ҷумла низоми узлатшиниро аз миён бардошт.
«Сокинони шаҳр, аз ҷумла москвагиҳои аз 65 – сола боло, ки бемориҳои музмин доранд, аз 9 июн метавонанд бе ягон маҳдудият ба кӯча бароянд, аз паи корашон раванд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошанд», — тавзеҳ дод шаҳрдор.
Собянин зикр кард, ки Москва ба зиндагии муътадил бармегардад, зеро коҳиши шумораи сирояти COVID-19 ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, аз 9 июн марҳилаи якуми лағви маҳдудият шурӯъ мешавад. Ӯ, ҳамчунин, эълом дошт, ки 16 июн давраи дуюми ин кор дар назар аст.


РАМЗАН ҚОДИРОВ БАРОИ МАҲРИ 207 АРӮС МАБЛАҒ ҶУДО КАРД
АИР Новости. Тибқи супориши сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров, барои маҳри арӯс ба онҳое, ки бо сабаби коронавирус мушкили молиявӣ доранд, маблағ дода мешавад, - хабар медиҳад Идораи муфтиёти мусулмонони ҷумҳурӣ.
Барои гузарондани маросими никоҳ оилаи ҳар домод 50 ҳазор рубл мегирад. «Дар ҳама навоҳӣ рӯйхати онҳое, ки хоҳиши издивоҷ доранду мушкили молиявӣ садди роҳашон шудааст, тартиб дода шуд. Фонди Аҳмадхоҷа Қодиров тибқи он барои маҳри 207 арӯс пул ҷудо намуд», — омадааст дар хабар.
Дар Чеченистон пандемия боиси манъи маросими никоҳ шуд. Онро 25 май бекор карда бошанд ҳам, дар гузаронданаш то ҳол маҳдудият боқист. Аз ҷумла, барои арӯсбарӣ танҳо ду мошин иҷозат аст.


ДАР ҚАЗОҚИСТОН ҚАРЗҲОИ ХУРДИ ШАШФОИЗА МЕДИҲАНД
Regnum.ru. «Дар кишвар барномаи нави микроқарз ба соҳибкории хурд роҳандозӣ мешавад, ки фоизи солонааш ҳамагӣ 6 фоиз аст», - гуфт вазири иқтисоди миллӣ Руслан Даленов дар мулоқоти ҳисоботӣ бо аҳолӣ.
Ба гуфтааш, андозаи қарз барои пуррасозии воситаҳои гардон то 5 миллион танга ($12,5 ҳазор), эҳтиёҷоти истеҳсолӣ то 20 миллион танга ($50,2 ҳазор) мешавад. Вазир муътақид аст, ки чунин фоизи пасти қарз доираи намояндаҳои соҳибкории хурдро густурдатар месозад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1112
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед