Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. 60 ДАРСАД АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ
Ба ҳолати 9 июни соли равон дар ҷумҳурӣ боз 81 нафар гирифтори сирояти COVID - 19 ошкор гардида, шумораи сироятёфтагон ба 4 ҳазору 690 кас расид.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хабар доданд.
Бино ба иттилои вазорат, то 9 июн бо талошҳои пайвастаи табибон дар маҷмӯъ, 2 ҳазору 815 сироятёфта (60 дарсад) шифо ёфт. Айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии кишвар 1124 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор дорад. Тайи як шабонарӯзи охир аз муассисаҳои тиббӣ 52 кас пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон баргаштанд.
Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1323