Хабарҳо
ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ МЕРКЕЛ ВА ПУТИН
АИР «Новости». Канслери Олмон Ангела Меркел ва Президенти Россия Владимир Путин доир ба масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ тариқи телефон мубодилаи афкор намуданд,- иттилоъ медиҳад Кремл.
Тибқи маълумот, ба ифоқа овардани вазъият дар Сурия ва Либия, паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон аз мавзӯъҳои асосии суҳбати сарони ду кишвар буданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии иҷрои созишномаи Минск оид ба вазъият дар Украина аз набудани пешравӣ дар ин самт изҳори нигаронӣ намуданд.
Зикр мешавад, ки гуфтугӯи телефонӣ бо ибтикори ҷониби Олмон сурат гирифт.
ИТАЛИЯ.КАРАНТИН ҲАЁТИ 600 ҲАЗОР КАСРО НАҶОТ ДОД
REGNUM. -Моҳи март дар Италия роҳандозӣ намудани карантини фарогир 600 ҳазор нафарро аз коми коронавирус вораҳонд,- изҳор дошт муовини вазири тандурустии кишвар Перпаоло Силери.
- Аз ҷониби аксарияти шаҳрвандон риоя кардани қоидаҳои муқаррарнамуда, боиси коҳиш ёфтани паҳншавии COVID – 19 дар кишвар гашт,- афзуд Силери.
Ин раванд охири моҳи апрел оғоз ёфта, то ҳол идома дорад. Мувофиқи маълумот, то 12 июн дар Италия аз ин беморӣ 168 646 нафар шифо ёфт.
ДАР ПЕКИН ХОНАНДАҲО БА МАКТАБ БАРМЕГАРДАНД
Синхуа. Муътадилсозии рӯзгори пасоэпидемии сокинони пойтахти Чин ба марҳилаи нав ворид мешавад.
Чуноне аз Кумитаи маорифи шаҳри Пекин хабар доданд, аз 15 июн зиёда аз 520 ҳазор талабаи синфҳои як, ду ва се ба дарс бармегарданд. Хонандаҳою омӯзгоронро уҳдадор намудаанд, ки ҳангоми машғулият ниқоб пӯшанд.
То имрӯз дар Пекин, аллакай, наздики 840 ҳазор хонандаи беш аз 1,4 ҳазор мактаби ибтидоӣ ва миёна машғули таҳсил мебошад. Толибилмони синфҳои болоӣ аз 27 апрел ва синфҳои поёнӣ аз 1 июн дарсро идома доданд. Интизор меравад, ки таҳсили бинобар коронавирус кашолёфта, 10 июл анҷом хоҳад ёфт.
ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ БАРОИ ҚИМАТТАРИН РАСМИ ДУНЁ ОСОРХОНА МЕСОЗАНД
Wall Street Journal. Дар Арабистони Саудӣ барои мусаввараи рассоми шинохтаи олам Леонардо да Винчи «Наҷотбахши дунё» осорхонаи муҳташам бунёд мекунанд.
Расмро шаҳзодаи валиаҳди Арабис-тони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон соли 2017 дар музоядаи Christie’s ба маблағи бесобиқа – 450 миллион доллари ИМА харида буд. «Наҷотбахши дунё» гаронарзиштарин асари фурӯхташуда маҳсуб меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1119