Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Дар Москва, пас аз бекор кардани карантин, 70 дарсади мағозаҳо ва 80 дарсади муассисаҳои соҳаи хизматрасонӣ кушода шуданд.
REGNUM. Манораи Эйфел баъди беш аз сею ним моҳ аз хавфи пандемияи коронавирус баста будан, 25 июн нахустин тамошобинонро пазироӣ мекунад.
REGNUM. Сафорати Финляндия дар Ироқ, ки бинобар коронавирус аз 17 март фаъолияташро муваққатан боздошта буд, боз ба кор шурӯъ намуд,- хабар дод ВКХ Финляндия.
«Азия-Плюс». Сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 24 июн дар гузашти тантанавии ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Москва ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат меварзанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1261