logo

иҷтимоиёт

ВО АҶАБО, ВО РАҶАБО... НОМАИ ДАРДОЛУД БА “ЖУРНАЛИСТИ МУСТАҚИЛ” - У “ФАЪОЛИ ҶОМЕАИ МАДАНӢ” - И ВОҲИМАСОЗ

Миллати таҳаммулпазиру соҳибфарҳангам.
Миллати ҷабру зулму тааддии аҷнабиён кашидаам.
Миллати сарсахту шикастнопазирам.
Миллати соҳиби фарзандони баномусу сарсупурдаам.
Миллати тоҷикам.
Мехоҳам чун як фарзанди одии дастпарвари домони сабзат бо ту гуфтугӯи самимӣ дошта бошам.
Гуфтугӯе, ки ҳеҷ гоҳ бо касе нахоҳам кард...
Гуфтугӯе аз замири қалб, поку беҳадаф…
Ҳамин хел диламро холӣ карданиам…
Дигар ба кӣ гӯям?
Чу ту мунису ҳамрозе наёфтам…
Як бор гӯшам бидеҳ…
Медонам, ки маро мешунавию хулоса мебарорӣ ва аз ақли солиму решаҳои фарҳангу маданият, ақлу заковати азалии тӯли таърих гудохтаат кор мегирӣ…
- Инак, мегӯям…
Дар лаҳзаҳои ҳассосу душвори зиндагият, миллати тоҷикам, гӯиё фарзандонатро дар боби сарсахтиву садоқат месанҷӣ.
Ва, инак, гӯё боз як лаҳзаи ҳассосу тақдирсозат фаро расид…
Боз як имтиҳону санҷиш…
Бемории ҳамагир…
Ағлаби зиёди фарзандони баномусат пайи тадбир шуданд.
   Яке сухани ширину умедворкунанда мегуфт.
Дигаре аз доруву гиёҳе шифо ёфтаву бо дили раҳм ва синаи пур аз шафқат барои ҳамватани худ паём мефиристод, ки кадом дору, фалон гиёҳ ба дардатон шифо мебахшад.
Вале тӯдае аз фарзандони беномусу нохалафат, миллати тоҷики ман, аз дур истода, ба сарат ғавғои сагона мебардоранд.
Табли шодӣ зада, обрӯи мавсимӣ “касб карданд”.
Душманонатро шодикаф карданӣ мешаванд.
Дар умқи туҳматномаҳояшон як ҳадафи барои он беномусон ноаён аёнам гашт: “Саркардагонашон гуфтанианд, ки тоҷик ҳамчун миллат ташаккул наёфтааст ва давлатдорӣ ҳам карда наметавонаду ин сарзамини гулпӯшро бояд хунсор кард”.
Ин мақсаду орзуи амалинашавандаи онҳоест, ки давоми таърихи на чандон тӯлонӣ борҳо дониставу надониста аз забони душманони асрҳо дар камин нишастаат, садо додаанд.
Ва дар лаҳзаҳои бароят вазнин, миллати сарсахту рӯинатани ман, парвардагони домани сабзат, ки аз кӯрнамакӣ ва носипосӣ ба сарат борони ҳақоратро чун борони тири урдуи фашистӣ аз лонаи фашизм ба сарат рехтан доранд.
Миллати азизам!
Чунин нохалаффарзандонат барои базми дигаронро гарм кардан мерақсанд, луъбатони худкушу бегонапарастат ҳавоӣ шудаанд, васвасаву ҳазён мегӯянд.
Мегӯи буданашон хуб аст?
Ба хотири ҳушёриву сабақи ағлаб?
Магар дар асрҳои гузашта чунин фарзандони носипосат дарвозаи марказҳои бузурги фарҳангӣ ва шаҳрҳои шуҳрати оламгирдоштаатро ба рӯи турку муғулу арабу дигар аҷнабиён накушода буданд?
Магар шаҳрҳои бузургатро ҳамин фарзандони ҳариси пулу як қадам пеш нобиноят барои зиндагии якрӯзаашон ба бегонагон надодаанд?
Беҳтарин фарзандони мутафаккиру донишмандатро баста ба дасти аҷнабиён кӣ дод?
Чаро баъзан чунин фарзандоне дорӣ, ки бо андак мушкилӣ таркат мекунанду бе ягон надомату афсӯс умр ба сар мебаранд?
Рафтагонатро ба бадӣ ёд намекунам, миллати пур аз доғу дардам…
Имрӯзиёнат чӣ?
Мурда-мурда, муттаҳид шуда, давлат сохтӣ, Ватан сохтӣ, як сарзамини пора - пора ва мардуми дарбадаратро сарҷамъу хотирҷамъ кардӣ, миллати ман…
Сахт гуфтам?
Наранҷ аз ман, миллати ман…
Диламро кафондаму беҳтарин ҳамсуҳбатам ки будӣ, гуфтам.
Гуфтаниҳои бисёр дорам, аммо имрӯз атрофи ҳарзагӯиҳои касе, ки дар забонат ибораи муносиб намеёбам, миллати ман, мехоҳам гӯямат.
То бидонӣ, ки ӯ кисту чӣ мақсад дорад?!
Ҷонам дар забони ширину шоиронаат, миллати ман. Ҳақорат надоштӣ, дар забони удабову уламо ва ҷумла авлиёят.
Ҳақоратро аз забони аҷнабиён ҳамин луъбатакони ҳуққабозат ворид карданд.
Агар сари эҳсосот гапи носазое садо дод, домангирам мабош, миллати ман. Онҳо сазоворанд!!!
Як лӯхтак ё бозичаи дасти аҷнабиён дорӣ бо номи Раҷаби Мирзо…
Атрофи ин “кӯри худу бинои мардум” мегӯям, гӯш кун, миллати ман…
Чандест ӯ дар радиои “Озодӣ” ҷилва дорад.
Ӯ дар расонаҳо ба ҳайси “таҳлилгари масоили сиёсӣ”, “блогер”, “журналисти мустақил”, “коршинос”, “фаъоли ҷомеаи маданӣ” ва дигар унвонҳо муаррифӣ мешавад.
Чанд навиштаи ду - се моҳи охирашро хондаму гуфтам, ки як бор гӯям…
- Бисёр ман-маниву “ман” гуфтанҳояш орзуи деринаи ӯст, то ӯро бишносанду ҳурматаш кунанд ва ӯ танҳо нафси худро қонеъ гардонад.
Навиштае дигаре дошт бо номи “Ба чашми дигарон чӣ гуна менигаред?”.
Раҷаби Мирзо дар ин навиштааш ба тамоми ҳамкасбонаш муроҷиат мекунад, ки барои “дурӯғгӯиҳоятон” ҷавоб гуфта метавонед? Ба чашми хонандаву бинандаи худ чӣ гуна менигаред?
Ман чанд “таҳлил” - ҳои ӯро, ки аз куҷо маншаъ мегирад, ба ту мегӯям, миллати закиву нуктасанҷи ман.
Худ қазоват кун, ки ин махлуқат худаш ба чашми ту чӣ хел нигоҳ мекунад?
Ба наздикӣ як “маводе” навишт бо номи “Боз як зодрӯз дар зиндон”, ки дар бораи қотилу одамкуш ва террористи ташнаи хун, як нохалафи дигар Маҳмадрӯзӣ Искандарови “демократ” дурӯғтарошӣ кард.
Ин “таҳлилгар”, баъзан, асрори ниҳони байни худу Искандарови террористро ошкор кардааст.
 Мегӯяд: “Боре бо ӯ вохӯрдам “Ҷавонмарди зебо, бо мӯйлабҳои зебанда ва хандаи зебо”…
Тавба! Магар марди солим, зебогии марди дигарро васф мекунад?
Кадом вақт метавон зебогии мардеро “эҳсос” ё “дарк” кард?
Ё Раҷаби Мирзо бо як дидан ошиқи Маҳмадрӯзӣ Искандаров шуд?
Ин таърихи каме дуртар дорад, миллати ман…
Замони роҳбариҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар ширкатҳои “Тоҷиккоммунсервис” ва “Тоҷикгаз” пул ба ҷайби ин нохалаф чун об бо қубур меомад. Ва ҳарисии молу сарват Раҷаби Мирзоро волаву шайдои ин пулдор гардонд...
Ончуноне “муриди мулло” сад сол гузарад, аз фосиқии “устод” - аш лаб намекушояд, вале нишонаҳои бармало дар кирдору рафтор гӯёи ин афкор аст. Агар чунин набуд, метавон қотили садҳо нафарро, террористи хуношом ва зинокорро ба миллате чун тоҷики тоҷдор “демократу ҳомии озодӣ ва ростгӯй” муаррифӣ кард?
Солҳои бесарусомонӣ “идеал” - и Раҷаби Мирзо – Маҳмадрӯзӣ дар ҷою макони таваллудшудаи худ даст ба қатлу куштор зад, ҳамдеҳаву ҳамватани худро кушт, зино кард, хонаи чандин касонро олуда кард. Чаро ин аз амалҳои “демократона” - и “идеал” - и сиёсияш лаб намекушояд?
Ҳамин Маҳмадрӯзӣ буд, ки муаллимаҳои мактаб ва ҳамшираҳои шафқати ноҳияи Тоҷикобод – Сарвар, Зулфия, ва Сунбулвиро дар як рӯз, дар канори яке аз деҳаҳои Тоҷикобод, баъди латукӯби зиёду таҷовуз ба дор овехт. “Гуноҳ” - и ин се хоҳар (ҷояшон ҷаннат бод!) як чиз буд: ба тарзи либоспӯшии замонавӣ одат карда буданду сатр  напӯшидаанд.
Ҳамин Маҳмадрӯзии “идеал” - и Раҷаби Мирзо буд, ки моҳи январи соли 1993 Фозилов Фазлиддин, корманди Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тирамоҳи соли 1994 Фаттоҳов Абдусалом Фаттоҳович, раиси Ҷамъияти “Тоҷикматлубот” - и ноҳияи Тоҷикобод, 24 апрели соли 1994 Саломов Идибек Fафурович, полковники милитсия, муовини сардори ШКД - и ноҳияи Тоҷикободро бо аҳли оилааш (ҷамъ шаш нафар), 20 майи соли 1995 Баҳоров Давлатбек, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод, баҳори соли 1996 Идиев Маҳмуд Идиевич, раиси ноҳияи Тоҷикобод, тирамоҳи соли 1996 Султонов Саидэҳсон Султонович, директори хоҷагии кишоварзии “Ҳаёти нав” - и ноҳияи Тоҷикобод, тирамоҳи соли 1996 Идиев Ҳоким, директори хоҷагии кишоварзии “Меҳнат” - и ноҳияи Тоҷикобод, тирамоҳи соли 1996 Сафархоҷаев Тӯрахоҷа, майор, муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод, тирамоҳи соли 1996 Шарипов Муҳаббат, омӯзгори мактаб - интернати деҳаи Нушори ноҳияи Тоҷикобод, дар маҷмӯъ, аз соли 1992 то 1997 беш аз 17 нафар аҳли зиё ва фаъолони ноҳияи Тоҷикободро шахсан ба қатл расондааст.
 Ин ҷо далеле барои сафедкунии “устоди демократия”-ат надорӣ. Тамоми мардуми Тоҷикобод медонанд, ки дасти хунолуди Маҳмадрӯзӣ ва махлуқи дигаре мисли ту дошт, ки дар танҳоӣ масҳу баччабозияш мекард, бо лақаби “Шайхак”. (Айни ҳол ҳар ду дар маҳбас адои аъмоли нопок доранд).
Ин далелҳои бебаҳсанд, зеро солҳои бенизомӣ ягон нафар аз шумори қумондонони манотиқи дигар не, балки худи ин қотилу одамхӯр ҳукми қатли ин афроди бегуноҳро содир кардаву байни мардум пешакӣ овоза мекарданд, ки “Маҳмадрӯзӣ приговори фалон одамро хондааст”.
Ва вақте ана ҳамон се нафар ҳоҳаронро аз маркази ноҳия ба деҳа бурда, баъди таҷовузи дастҷамъона ба дор овехт, Маҳмадрӯзии “идеал” - ат бо “хандаҳои зебо” ва “ба худаш зебанда” механдид.
“Раиси ҳизби демократ” - ро дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчун разилтарин, касифтарин, хунхору ҷоҳилтарин номард мешиносанд, зеро савори асп дар маркази ноҳия гаштугузор мекарду қурбошивор бо тафаккури асримиёнагӣ бонувоне, ки дар кӯчаи марказӣ мегаштанд, қамчиншап мекард.
Мақсад: зан ҳуқуқ надорад бе ҳамроҳӣ кардани марде (шавҳар, падар, бародар) барои зарурате кӯча барояд. Ин ҳақиқати талхро аҳолии аз 30-сола болои ин ноҳияи як замоне зери тасарруфи худобехабароне чун лашкари Маҳмадрӯзӣ қарордошта, хуб дар ёд доранд.
Магар нафаре барои як сухан, як рафтор ё гуфтору тарзи либоспӯшӣ метавонад ба қатл маҳкум шавад? Боз аз ҷониби раиси “Ҳизби демократ”, “ҳомии ҳуқуқу озодӣ ва баробарҳуқуқӣ”, “муноди” - и дини ислом, носеҳи насли ҳамонвақта.
Баъди созишномаи сулҳ Маҳмадрӯзиат ба шаҳр омад ва фисқу фуҷурашро идома дод.
Ҷое гуфтаӣ: “Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз сирқати (азхудкунии) маблағи ҳизб хурсанд шуда гуфт, ки “агар тоҷике аз ин пулҳо бой шуда бошад, мо хурсанд”. Яъне, ӯ дузди буҷету молу амволи ғайр буд. Инро худат гуфтаӣ ва боз таъкид кардаӣ: “Бо хандаи зебояш гуселам кард”.
Як “қаҳрамонӣ” - и дигари “идеал” - атро ифшо мекунам, ки аз назари ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ пинҳон кардаанд.
Солҳои раиси ширкати “Тоҷиккоммунсервис” буданаш, Маҳмадрӯзӣ Искандарови зинокору террорист зимни мусоҳиба ба рӯзноманигори соҳибҷамоле мафтун шуд. Туҳфаву маблағҳои ҳангуфт чашми он рӯзноманигори сабукпоро хира карду ба шавҳар, хонаи ҳалол ва никоҳи мусулмониаш хиёнат кард.
Рӯзона бо Маҳмадрӯзӣ дар утоқи кориаш чанде ишқварзӣ кард. Рӯзе “муҷоҳидони хуношом” - и Раиси Ҳизби демократат ба ҷойи кори рӯзноманигори соҳибҷамол омада, ӯро ба мошин шинонданӣ шуданд, ки шавҳараш - зодаи ноҳияи Қубодиён, корманди Вазорати корҳои дохилӣ ин ҳодисаро дида, аз қафои мошин рафт.
Шаби дароз Маҳмадрӯзӣ Искандаров айшу ишрат дошту як ҷавонмард бо яккаписараш дар интизори ҳамсари ҳаётӣ–модари фарзандаш мижжа таҳ накард. Субҳгоҳон вақте мошин дар ҳавлии хонаи пушти киностудияи “Тоҷикфилм” истод, рӯзи маҳшар ба по хест. Аз дашному ҳақоратҳои шавҳар ду силоҳбадасти муҳофизини Маҳмадрӯзӣ Искандаров мардро вориди хона карданд ва лаҳзае пас садои тири таппонча баланд шуд. Шавҳари рӯзноманигор - корманди Вазорати корҳои дохилиро куштанд ва бо истифода аз пулу сарват аз беморхонаи касалиҳои рӯҳии шаҳри Душанбе, ки он вақт дар ҳудуди боғи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ҷойгир буд, варақаи беморӣ гирифтанд, ки гӯиё ӯ дар қайди касалиҳои рӯҳӣ буду аз бемории “шизофрения” азият мекашид.
Бо далелҳои ахлоқӣ номи он зебосанами рӯзноманигорро нагирифтам, зеро яккаписараш калонсол асту дарак ёбад, дар маҳбас бо қотили падараш ҳисобашро баробар карда метавонад.
Акнун фаҳмидӣ, ки бо киҳо сарукор доштиву дорӣ?
Раҷаби Мирзо бо кибру ғурур худро муаррифӣ мекунаду “ман” мегӯяд, ки назираш дар матбуоти дохилу хориҷ набуду нест.
Аз ҳисоби “дӯстон” - аш айш карда мегардад ва ягона манбаи даромадаш дурӯғпароканӣ ва воҳима дар васоити ахбори умум аст. Дар куҷое, ки кор кард, дер напоид.
Аз “Ҷумҳурият” - у “Озодагон” - у “Азия - плюс” - у “МТЖ” - ву “Имрӯз - нюс” пешаш карданд. Одитарин одоби муоширати инсониро риоя намекунад. Ваъда кардану хилоф карданро дӯст медорад. Вақте ки Рустами Ҷонӣ Раҷаби Мирзоро ба идораи радиои “Имрӯз - нюс” овард, ӯ гуфт:
- Ман дар ин курсии одӣ намешинам, креслои қимат биёред.
Рустами Ҷонӣ ба маблағи 5100 сомонӣ, ки мутаносибан 1500 доллари ИМА мешуд, курсии мулоим харида овард, то Раҷаби Мирзои нозпарвард роҳат кунад.
Ин журналисти “ҳақиқатгӯ” даъвои “шогирдони бисёр” дорад, ки, асосан, аз ҳисоби ҷинси латифанд. Чун маст мешаваду аз худ меравад, аз онҳо ёдовар мешаваду мегӯяд, ки чӣ гуна аз номи инҳо маводи бадномкунанда чоп мекарду баъд бо мансабдорони сатҳҳои гуногун рӯ ба рӯяшон мекард. Дар интернет саҳифаи табрикотии зодрӯз дорад. Вақти қимати худро зоеъ карда, хондам…
Муҳтавои ҳамааш як аст – худтаърифкунӣ ва манбаи даромад: «Инро ман ба журналистика овардам, дасти ӯро ман рост кардам, якеро тарбия кардаму дигаре дӯсти даврони донишҷӯии ман аст”.
Раҷаби Мирзо бо даъвати созмону ташкилотҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ доим “меҳмон” - и онҳост, шикам сер мекунад. Дар яке аз чунин зиёфатҳои сафорати як кишвари хориҷӣ дар Душанбе бо дӯсти даврони донишҷӯияш Хуршеди Атовулло дар ҳолати мастӣ дарафтоду ҳақоратборонаш кард. Кормандони тамоми корпуси дипломатии муқими Душанбе, ки он ҷо ҳузур доштанд, бо чашмони худ диданду бо гӯшҳояшон шуниданд, ки муаллифи матлаби “озодии баён” чӣ гуна одам аст.
Худро дар назари маблағгузоронаш чунон ҳақиру хоксор вонамуд менамояд, ки гӯё дар тан либоси пӯшиданӣ ва дар киса пайсае барои ғизои хӯрданӣ надорад.
Дар асл сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунаду мубаллиғи асосии собиқ раиси шаҳри Душанбе аст ва бародарони ӯ аз “баракат” - и чунин мавқеъгириҳояш дар маҳаллаи Гипрозем соҳиби манзилаш карданд.
Барои бародари Раҷаби Мирзо - Баҳром Мираимов низ дар маҳаллаи Гулбутта, дар мавзеи кӯли шиноварӣ, ғайриқонунӣ замин ҷудо карда, ҳавзро бо хок пӯшонда, ғайриқонунӣ ҳавлӣ бунёд кард.
На гулу гиёҳ, на ҳавои фораму осуда, на хандаи беғаши тифлон ӯро шод карда наметавонанд, магар ки пул. Ба ҳама касу ҳама чиз бо назари нафрат менигарад, чунки дар зиндагӣ аз ҳама чиз камӣ дорад. Як рафиқе, ки шабу рӯз ӯро омӯхтаву ба қавле чун панҷ ангушташ медонад, мегӯяд, ки суолҳое, ки Раҷаби Мирзоро ҳар рӯз азият медиҳанд, инҳоянд:
- Чаро ӯ обру дораду ман не?
- Чаро ӯро дар маъракае шинохтанду маро не?
- Чаро бо ӯ салом карданду бо ман не?
- Чаро ӯ сарватманд асту ман не?
Ва чароҳои дигар.
- Ӯ дар фикраш истода наметавонад ва мавқеи набудаашро тез-тез иваз мекунад, - иброз дошт боз як ҳамтабақи дигараш аз Маркази тадқиқоти журналистӣ.
Эээҳҳҳ миллати азиятдидаи ман.  Мегӯӣ бас аст? Хуб барои имрӯз иктифо мекунему суҳбатро барои дигар бор мавқуф мегузорем…
- Миллати таҳаммулгару бекинаву озодаи ман.
Ин ҳақиқати талхи як нафар фарзанди аз синаи меҳрат ширхӯрда аст, ки ҳақиқатро нодида мегираду таърихро таҳриф карданӣ мешавад ва дидаву дониста сафедро сиёҳу бадро нек менигорад.
Медонам, мегӯӣ: ҳаволааш ба Худо, ҷазояшро мебинад!
Лекин ин бепарвоиву бо захму ҷароҳатҳои аз забони ин гунаҳо зистан то кай?

Ниёзӣ Абдуллои АБДУҚОДИРЗОДА, дастпарвари Маркази тадқиқоти журналистӣ

P.S. Миллати озодандеши ман. Дар ин гуфтугӯ ман танҳо набудам.
Ман ин матлабро ҳамроҳ бо як корманди “Созмони байналмилалӣ”, “Коршиноси мустақил” - е, ки маблағ додаву матлабро рӯи чоп наовардани Раҷаби Мирзо хашмгинаш кардааст, рӯи коғаз овардам.
Агар радиои “Озодӣ” ин таҳлили маро нашр накард, пас гуфтаҳои як эшонбачаву як ҳоҷибачаи собиқ аҳли байти ин идора дуруст будӣ, ки яке мегуфт:
“Ҳамаи онҳо тоҷикони фурӯхташудаанд!”.

(Бознашр аз нахустин рӯзномаи мустақили Тоҷикистон "Имрӯз News", № 99 (2098), аз 11 июни соли 2020)


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 476
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед