logo

иқтисод

КАМБУДИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Посух ба матлаби интиқодии «Дахл нуздаҳу харҷ бист. Чаро?», ки 12 ноябри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (212) нашр шудааст.
Матлаби «Дахл нуздаҳу харҷ бист. Чаро?», ки дар он муаллиф оид ба  мушкилоти самти муҳими кишоварзӣ - картошкапарварӣ андешаронӣ намудааст, дар раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор  гирифт. Дар ҳақиқат, картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бобати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Картошка ҳамчун зироати муҳими истеъмолӣ дар минтақаҳои водигӣ, доманакӯҳӣ ва кӯҳии Тоҷикистон парвариш меёбад, яъне барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка заминҳои водӣ ва доманакӯҳӣ, ки шароиту иқлими мусоиду хоки ҳосилхез доранд, мувофиқ мебошанд.
Муаллиф назар ба имкониятҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ кам шудани ҳаҷми картошкаи ватанӣ ва боло рафтани нархи он дар бозорҳои ҷумҳуриро матраҳ намудааст.
Айни замон барои пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо картошка, хусусан водиҳо, шароити агроиқлимии хуб ва имкониятҳои васеъ доранд. Раванди зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка бо роҳи васеътар намудани майдони кишти тирамоҳию баҳории барвақтӣ ва тобистонаи картошка, ки мавсими давомноки гармии аввали баҳор дар водиҳо ба он мусоидат мекунад, амалӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки барои ба даст овардани ҳосили хуби картошка дар шароити водиҳо интихоби тухмӣ, риояи муҳлати оптималии кишт ва агротехникаи парвариши он аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Умуман, соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон имконоти васею устувор дошта, мақсаднок истифода бурдани хоку иқлими мусоиди минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои рушди минбаъдаи он шароит фароҳам меорад.
Рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолии мамлакат ба картошка, зарурати содироти картошка ба хориҷи кишвар ва бештар ба кор ҷалб намудани аҳолии деҳот тақозо менамоянд, ки бо истифодаи босамар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истеҳсоли картошкаро дар ҷумҳурӣ ҳарчи афзун созем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ дар қатори дигар бахшҳои иқтисоди ҷумҳурӣ давра ба давра рушд намуда, ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Имрӯз кишоварзон бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир аз як замин ду-се ҳосил ба даст оварда истодаанд.
Ба ҷумҳурӣ ворид гардидани зиёда аз 11 ҳазор техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ дар 5 соли охир барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ, заминаи мусоид фароҳам овард. Майдони кишти картошка пайваста зиёд мегардад. Имсол дар пайи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка то 60 дарсад фарохтар мегардад ва умед аст, мушкилиҳои номбаршуда ҳаллу фасл мешаванд. Вазорат барои ислоҳи камбудиҳо тамоми чораҳоро меандешад.
 Вазорати кишоварзӣ бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои созандаи дуҷониба ба рӯзномаи "Ҷумҳурият» миннатдорӣ намуда, умед бар он мебандад, ки минбаъд низ ҳамкориҳои самарабахш баҳри рушди соҳаи аграрии мамлакат дар сатҳи баланд идома меёбанд.

Музаффар МИРЗОЗОДА, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 250
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед