logo

илм

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИЛМ. ДАР ҲОШИЯИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА РУШДИ ИЛМУ ТЕХНИКА

Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илми мамлакат яке аз он тадбирҳои муҳимест, ки дар самти таъмини рушди илм ва истифодаи оқилонаи неруи зеҳнии кишвар роҳандозӣ мешавад. Бояд зикр намуд, ки зимни суханронии Сарвари давлат тамоми он масъалаҳо ва мушкилоте, ки дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, воқеъбинона ва бо таҳлилҳои хеле дақиқу амиқ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтанд, ки ҳар яке бо зарурат ва муҳимият дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар муассиру муфид маҳсуб мешаванд. Дар қатори дигар масъалаҳои муҳиме, ки зимни суханронии Президенти кишвар зикр гардиданд, масъалаи аз нигоҳи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ хеле зарур ва саривақтӣ – ин андешаҳои Сарвари давлат доир ба муайян гардидани равияҳои афзалиятноки илм дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ мебошад.
Равияҳои афзалиятноки илм - он равияҳои илм ва техника мебошанд, ки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва илмию техникӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.   Зарурати муқаррар намудани равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, аз талаботи дар самтҳои мушаххаси ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - сиёсидоштаи давлат бармеояд ва маънии онро дорад, ки равияҳои мазкур дар самти таъмини молиявӣ, пояи моддӣ - техникӣ, иқтидори кадрӣ ва ғайра аз ҷониби давлат ба таври иловагӣ дастгирӣ меёбанд ва ба анҷом расидани таҳқиқоти пешбинишуда барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодии мамлакат мусоидат намуда, ба пешрафти он такони ҷиддӣ мебахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2007 то соли 2020 номгӯи равияҳои афзалиятноки илм дар ҷумҳурӣ барои се марҳила тасдиқ гардида буд, вале бинобар сабаби теъдоди зиёди мавзӯъҳои тадқиқотӣ ва кофӣ набудани заминаҳои моддӣ - техникӣ ва кадрӣ тадбирҳои мазкур нисбатан натиҷаҳои дилхоҳ дода натавонистанд. Маҳз ба хотири аз чунин ҳолат раҳо намудани илм дар  кишвар, Пешвои миллат таъкид намуданд: “Самту равияҳои афзалиятнок дар ин марҳала бояд, пеш аз ҳама, ба навсозӣ ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд”.
Воқеан, муайян гардидани ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Сарвари давлат чун равияҳои афзалиятноки илм беҳтарин ва муҳимтарин василаи муттаҳид намудани неруи зеҳнии мамлакат, хотима бахшидан ба бисёрмавзӯӣ, таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети давлатӣ дар ин самт мебошад. Равияҳои афзалиятноки муайяншуда, бешубҳа, барои ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёфтани илм мусоидат намуда, дар ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим хоҳанд гузошт.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат сохторҳои дахлдорро вазифдор намуданд, ки: “...номгӯйи равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмиро дар муддати се моҳ аз нав таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
Дар робита ба ин, таъкиди Пешвои миллат метавон гуфт, ки дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ҳадафҳои стратегии давлат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, чунин самтҳои афзалиятноки илм  муайян карда шаванд:
1. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ: Илм оид ба энергетика ва таъмини истифодаи оқилонаи   имкониятҳои табиии ҷумҳурӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, бод, Офтоб). Пӯшида нест, ки шурӯъ аз зимистони соли 2007 то чанд соли охир мардуми Тоҷикистон аз норасоии барқ танқисии шадидро аз сар гузаронд, вале, хушбахтона, ин мушкилот паси сар шуд, агарчи имрӯз низ талабот ба неруи барқ дар дохили кишвар ва берун аз он хеле зиёд аст. Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) таъкид намуда буданд, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки: «…мо вазифадорем,  ки  боз  ҳам  бештар  заҳмат  кашида,  ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем».
2. Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ: Рушди илмҳои соҳаи кишоварзӣ (агросаноатӣ) чун омили муҳими таъмини амнияти  озуқаворӣ.  Тибқи  муқаррароти  Созмони Милали Муттаҳид барои таъмини амнияти озуқаворӣ бояд то 30 дарсади  тухмии зироатҳои истеъмолшавандаи асосӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шаванд. Барои ин, бояд ба рушд ва дастгирии илмҳои соҳаи мазкур,  аз ҷумла оид ба селексияи навъҳои зироат ва ба вуҷуд овардани зотҳои хуби чорво, хусусан чорвои ҷамъиятӣ, афзалият дода шавад. Соҳаи агротехника бояд такмил дода шуда, рушди он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат зимни суханронӣ  дар Рӯзи дониш (с.2019) таъкид намуданд: «Доир ба ин масъала на танҳо олимони соҳаи кишоварзӣ ва биологӣ, балки олимони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ низ бояд бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд. Таъмин намудани пешрафти илмҳое, ки ба офаридани навъҳои гуногуни наботот мусоидат менамоянд, зарур мебошад».
3. Дар самти саноатикунонии босуръат: А) Илмҳои техникӣ ва муҳандисӣ. Дар шароити муосир рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва иқтидори ҳарбию сиёсии кишварҳо аз соҳаи саноат вобастагии  ҷиддӣ доранд. Зарурати инро эҳсос намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд, ки ин иқдом барои вазъи имрӯзаи Тоҷикистон хеле зарур ва муҳим  маҳсуб мешавад. Бояд зикр намуд, ки муқаррар гардидани саноатикунонии босуръат чун ҳадафи миллӣ бевосита зарурати таъмини рушди илмҳои техникӣ ва муҳандисиро тақозо менамояд.
В) Соҳаи фармакология. Қобили қайд аст, ки соҳаи дорусозӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисодиёти ҳар як кишвар ба шумор рафта,  саноатикунонии он бошад, соҳаи боз ҳам мураккабтар маҳсуб мешавад. Маҳсулоте, ки ин навъи саноат истеҳсол менамояд, барои нигоҳ доштани ҳифзи солимии аҳолӣ хеле муҳим буда, дар замони муосир талабот нисбат ба он рӯз ба рӯз меафзояд. Дорусозӣ дар шароити муосир яке аз самтҳои калидии ҳаёти иқтисодию иҷтимоию кишварҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун соҳаи дорои аҳамияти стратегӣ мақоми хоса дорад.
Мавриди зикр аст, ки амният дар соҳаи тандурустӣ ҷузъи муҳими амнияти миллӣ буда, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид барои таъмини амнияти соҳаи мазкур низ бояд то 30 дарсади дорувории талаботи асосӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шавад. Вобаста ба он ки рушди соҳаи фарматсевтии ҷумҳурии мо дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтааст, имрӯз воридоти доруворӣ аз хориҷи кишвар хеле зиёд  буда, дар маҷмӯъ, зиёда аз 90 дарсадро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки айни замон ягон кишвари дунё имконияти пурра бо дорувории истеҳсоли худӣ таъмин кардани аҳолиашро надорад. Аммо аз нуқтаи назари амнияти миллӣ, аниқтараш амнияти тандурустӣ, ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ, бояд аҳолиашро ба миқдори муайяни дорувории ватанӣ таъмин намояд. Айни ҳол ҷумҳурии мо ҳамагӣ 10 дарсад талаботи дохилиро бо доруҳои ватанӣ таъмин менамояд, ки инҳо ба номгӯи доруҳои талаботи аввалӣ ворид намешаванд. Ҳамаи он доруҳои барои аҳолии кишвар ҳаётан муҳим, аз қабили антибиотикҳо, инсулин, доруҳои қалб, бемориҳои онкологӣ, доруҳои зиддивирусӣ барои табобати бемориҳои гуногуни сироятӣ ва ғайра аз хориҷи кишвар ворид мегарданд. Ин бошад, вобастагии талаботи моро ба маводи дорувории хориҷӣ бештар намуда, ҷиҳати ворид гардидани доруҳои пастсифат ба бозори дохилӣ мусоидат менамояд, ки ин имкон дорад ба таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандон хатари ҷиддӣ эҷод намояд. Ё ин ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, аз қабили паҳн гардидани ҳар гуна эпидемияҳо, сар задани офатҳои табиат, бесуботии сиёсӣ дар минтақа ва ғайра метавонад мамлакатро дар ҳолати ногувор  қарор диҳад.  Тавре ки мебинем, имрӯзҳо дар зиёда аз 200 давлати олам бемории СОVID – 19 доман паҳн кардааст ва, ҳатто, кишварҳои абарқудрат дар пешгирии он оҷизӣ мекашанд. Бастани сарҳадот ва манъ шудани ҳама гуна равобит миёни кишварҳо боиси ба вуҷуд омадани мушкилиҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум гардида, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ давомнокии он ҳанӯз маълум нест. Ин ҳолат водор месозад, ки ҳар як кишвар бояд захираи доруворӣ ва озуқавории худро барои давраи муайян дошта бошад. Дар чунин маврид дар ҷумҳурии мо низ барои эмин мондан аз чунин хатару таҳдидҳо ва таъмини амният дар соҳаи тандурустӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Бинобар ин, дар чаҳорчӯби дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, муайян гардидани соҳаи фармакология низ ҳамчун самти афзалиятноки илм мувофиқи мақсад буда, бешубҳа, чун рукни истиқлолияти илмӣ ва таъмини амнияти миллӣ арзёбӣ мешавад.  
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани чунин ҳадафҳо, аввалан, имкониятҳои табиии кишвар (фаровонии рустаниҳои шифобахш) ва сониян, заминаи илмӣ, моддию техникӣ ва кадрии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Қобили қайд аст, ки айни замон мутахассисони соҳаи дорусозӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ тайёр карда мешаванд. Бо афзалият додан ба таҳқиқ ва рушди фармакология заминаи моддию техникӣ ва кадрии соҳаи мазкур таҳким ёфта, бешубҳа, барои ташаккули мактаби бузурги илмӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани истеҳсоли дорувории ватанӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, рушди соҳаи мазкур имконият медиҳад, ки корхонаҳои дорусозии Тоҷикистон ҳам барои қонеъ гардондани талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ва ҳам барои содирот маҳсулот истеҳсол намоянд. 
4. Рушди сармояи инсонӣ. Равияи чорум, ки дар шароити имрӯза имкон дорад ҳамчун самти  афзалиятноки илму техника муайян шавад, масъалаи рушди сармояи инсонӣ мебошад, ки он аз талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бармеояд. Бояд зикр намуд, ки масъалаи рушди сармояи инсонӣ дар стратегияи мазкур ҷойгаҳи хосса дошта, фасли чоруми он бевосита ба таҳқиқу баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта бахшида шудааст. Аз ҷумла, дар фасли чоруми ҳуҷҷати мазкур омадааст: “Рушди сармояи инсонӣ дар кишвар ҳадаф ва барномаи фаъолияти Ҳукумат мебошад. Он дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди иқтисодиёт дар оянда ҷойи аввалро ишғол мекунад (дар муқоиса бо захираҳои табиӣ, сармояи воқеӣ ва молиявӣ)”.
Тавре ки маълум аст, ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ба инноватсия асосёфтае мегузарад, ки он ба сатҳи баландтарини неруи истеҳсолкунандаи инсонӣ эҳтиёҷ дорад.  Сармоягузорӣ дар илм, маориф ва соҳаи иҷтимоӣ дар шароити муосири идоракунӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ дошта, барои таҷдиди васеъ ва гирдоварии қобилияти инсонӣ, салоҳияти касбӣ ва имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Сармояи инсонӣ (англ. human capital) – маҷмӯи донишҳо, қобилият,  салоҳият, маҳорат, малакаҳо буда, дар маҷмӯъ, барои қонеъ гардондани талаботи гуногуни инсон ва ҷомеа истифода бурда мешавад. Аввалин бор мафҳуми мазкур соли 1958 аз ҷониби иқтисоддони амрикоӣ Ҷейкоб Минсер мавриди истифода қарор дода шудааст. Баъди ин соли 1961 Теодор Шултс ва соли 1964 Гэри Беккер ин ғояро инкишоф дода, самаранокии маблағгузории сармояи инсониро асоснок намуданд. 
Сармояи инсонӣ дар маънии васеи он ҳамчун омили фаъоли истеҳсолии рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, рушди ҷомеа ва оила, ки қисмати таҳсилкардаи захираҳои меҳнатӣ, дониш, абзорҳои фаъолияти зеҳнӣ ва идоракунӣ, воситаҳои зист ва фаъолияти меҳнатиро фаро гирифта, фаъолияти самаранок ва оқилонаи сармояи инсониро ҳамчун омили муҳими рушд таъмин менамояд, фаҳмида мешавад. Сармояи инсонӣ – омили асосии ташаккул ва рушди иқтисоди ба дониш асосёфта ва “иқтисоди дониш”  шинохта  мешавад.
Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла мушкилоту муаммоҳое, ки ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ иртибот доранд, бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи илмии мамлакат қарор дода шаванд. Зеро ки бе амалӣ гардидани талаботи фасли мазкури стратегия иҷро намудани равияҳои дигари афзалиятноки илму техника ғайриимкон мегардад.
Афзалиятҳои рушди сармояи инсонӣ, аслан, инҳоро дар бар мегиранд:
-ислоҳоти низоми маориф ва илм; 
-таъмини саломатии аҳолӣ дар чаҳорчӯбаи сифати зиндагӣ; 
-таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; 
-баланд бардоштани арзишҳои фарҳангӣ, рушди сармояи инсонӣ, хусусан ҷавонон, баланд бардоштани неруи эҷодии онҳо, ташаккули фарҳанги соҳибкории инноватсионӣ;
- ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ; 
- коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ.
Бояд зикр намуд, ки ин муқаррароти стратегияи номбурда аз талаботи воқеии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ маншаъ гирифта, маҳз рушди сармояи инсонӣ метавонад ҳамчун омили асосӣ ва муҳими дигаргунсозандаи  сатҳу сифати зиндагӣ баромад кунад.   
Қобили таъкид аст, ки бо назардошти мушкилоти мавҷудаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳамаи кишварҳо барои давраи муайян равияҳои афзалиятноки илм интихоб ва муқаррар карда мешаванд. Равияҳои афзалиятнок, ҳамчунин, дар самти таъмини молиявӣ, пояи моддӣ-техникӣ, иқтидори кадрӣ ва ғайра аз ҷониби давлат ба таври иловагӣ дастгирӣ меёбанд. Теъдоди чунин равияҳо маҳдуд буда, аслан, ба таҳқиқ ва ҳалли масоили муҳимтарини ҳар як кишвар равона мешаванд.
Масалан, дар Россия аз соли 2007 то соли 2015 вобаста бо зарурати ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ ҳамагӣ 5 равияи афзалиятноки илму техника муқаррар гардида буд. Соли 2019 бошад, бо фармони Президенти Федератсияи Россия В.Путин теъдоди равияҳои афзалиятноки соҳаи илму техника ба 8-то  расонда шуд. Вобаста ба талаботи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Беларус  9, Қазоқистон 5 ва Ӯзбекистон 8 равияи афзалиятноки соҳаи илму техника муайян шудааст. Қобили қайд аст, ки зимни интихоб ва муайян намудани равияҳои афзалиятноки илму техника дар кишварҳои номбурда ва ҷумҳурии мо умумият ё монандие  ба назар мерасад. Чунончи, ба таҳқиқи масоили истеҳсол ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, тиб ва фармакология дар ҳамаи кишварҳои зикргардида афзалият дода шудааст, ки ин далели муҳимият ва зарурати рушди соҳаҳои мазкур  дар шароити муосир мебошад.
Вобаста ба зарурати ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои мавҷудаи он дар ин самт, муқоисаи мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии мо бо кишварҳои дигар, дар марҳилаи кунунии рушди  Тоҷикистон муайян намудани 5 самти афзалиятноки соҳаи илму техника, ки дар боло зикр гардиданд, мувофиқи мақсад мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки тибқи супориши Сарвари давлат барои таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудани ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ се моҳ муқаррар шудааст. Умед дорем, ки дар ин фурсат аз ҷониби ҷомеаи илмии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур андешаҳои муфид пешниҳод гардида,  ҷиҳати таъмини рушди устувори илм ва иқтисоди кишвар як ҳуҷҷати муҳим ва мукаммалу сарнавиштсоз ба тасвиб мерасад. Бояд  тазаккур дод, ки  тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва зиёиёни мамлакат таҳия ва ба тасвиб расидани самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ҷиҳати ривоҷу равнақи ҳамаҷонибаи соҳаи мазкур мусоидат намуда, ба оғози ислоҳоти низоми илм ва ворид гардидан ба марҳилаи нави инкишофи илму техника дар ҷумҳурӣ замина хоҳад гузошт.

Нуриддин САИД, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Абдураҳмон ҚУРБОНОВ, доктори илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 228
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед