logo

Хабарҳо

САРВАРИ СУТ «ДЕКСАМЕТАЗОН» - РО ДАР ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУС КОМЁБИИ БУЗУРГ ГУФТ

АИР Новости. Директори генералии Соз-мони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейсус натиҷаи озмоиши клиникии доруи «Дексаметазон» - ро ҳангоми табобати вируси нав дар Британия барҷаста хонд.
Озмоиши клиникӣ бо иштироки 6 ҳазор нафар дар Донишгоҳи Оксфорд нишон дод, ки доруи зиддиилтиҳобии номбурда хавфи марги беморонеро, ки ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шудаанд, 35 дарсад, маризонеро, ки бо оксиген табобат меёбанд, 20 дарсад кам мекунад.
«Ин нахустин давое мебошад, ки воқеан ба коҳиши фавти беморони вазнини коронавирус мусоидат менамояд», - гуфт Гебрейсус. «Дексаметазон» аз солҳои 1960 чун воситаи зиддиилтиҳобӣ ва дар табобати баъзе намуди саратон истифода мешавад.


ГУФТУШУНИДИ СЕҶОНИБАИ РОССИЯ, АФҒОНИСТОН ВА ИМА
REGNUM. Байни Москва, Кобул ва Вашингтон музокирот дар шакли видеоконфронс баргузор гашт, - хабар дод ВКХ ФР.
Дар гуфтушунид намояндаи вижаи Президенти Россия оид ба Афғонистон Замир Кабулов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳаниф Атмар ва намояндаи Вашингтон Залмай Халилзод ширкат доштанд. Он бо ибтикори Атмар сурат гирифт ва омодагӣ ба музокироти бевоситаи байни ҳукуматдорони афғон ва «Толибон» мавзӯи асосӣ буд.
Москва ва Вашингтон аз нақшаи Кобул истиқбол намуданд, ки рӯзҳои наздик кори озодсозии панҷ ҳазор «толиб» - ро анҷом доданист.


ДАР ЧИН РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОД БАРҚАРОР ШУД
Синхуа. Таҳлилгарони байналмилалӣ зимни тавзеҳи имконоти барқароршавии иқтисоди чинӣ пас аз пандемияи коронавирус ба эҳтимолияти зиёди идомаи рушди иқтисодӣ ишора мекунанд, ки ба афзоиши миқёси маблағгузории иҷтимоӣ рабт мегирад.
Зикр меравад, ки дар нимсолаи дуюм маблағгузорӣ ба инфрасохтор ва моликияти манқул барқарор шуда, ба болоравии иқтисоди кишвар таъсири мусбат мерасонад. Интизор меравад, ки дар натиҷаи афзудани ҳаҷми даромади миллӣ истеъмол ва содирот низ зиёд мешавад.

МУРАШКО: «SARS-COV-2 ХЕЛЕ КАМ ТАҒЙИР МЕЁБАД»
 АИР Новости. Вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко бар он аст, ки коронавирус айни замон ба қадри кофӣ устувор буда, дигаргуншавияш ночиз аст.
«Тағйирпазирии ин вирус дар маҷмӯъ, зиёд нест. Аз ин рӯ, тадбирҳое, ки ба пешгирӣ ва табобат дахл доранд, аз рӯи принсипҳои ягона андешида мешаванд», - изҳор дошт Мурашко.
Ба гуфтаи вазир, мониторинги хусусияти COVID - 19 дар тамоми дунё идома дорад ва мутахассисон устувории ангезаи навро таъкид мекунанд.


ҲАМСОЯ СЕ КӮДАКРО АЗ ХОНАИ ОТАШГИРИФТА НАҶОТ ДОД
Sputnik. Сӯхтор дар яке аз хонаҳои хусусии пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон рӯй дод.
Дар хона се кӯдак-  калонияш панҷсола ва хурдияш яксола - танҳо буданд. Ҳамсояи онҳо Саломат Алламберген оташу дудро дидаву доду фарёди бачаҳоро шунида, сӯи хона давид. Чун аз тиреза даромада натавонист, дарро шикаст. Аз дуди ғафс чизеро намедид. Овозро шунида ҳамон ҷониб рафт. Ду кӯдак якдигарро оғӯш гирифта дар мобайни ҳуҷра меистод. Аз ҳама хурдӣ бошад, аз тарс зери кат даромадааст. Саломат онҳоро зуд берун бароварду то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш мекард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 199
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед