logo

Хабарҳо

ГУЛИСТОН. ОСОИШГОҲҲО БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕКУНАНД

Роҳандозии тадбирҳои муассир ҷиҳати беҳбудӣ бахшидани вазъи эпидемиологӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Гулистон, ки дар мамлакат чун мавзеи фароғатию сайёҳӣ эътироф шудааст, барои давра ба давра ба фаъолият шурӯъ кардани осоишгоҳҳо шароит фароҳам овард. “Баҳористон” - машҳуртарин осоишгоҳи кишвар даҳаи аввали моҳи июн нахустин фароғаткунандагонро ба оғӯш пазируфт.
Ҷиҳати пурзӯрсозии тадобири зиддиэпидемиологӣ барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳри Гулистон муассисаҳои тандурустии шаҳр бо дорувориҳои зиддивирусӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, пойпӯшу сарпӯш, дастпӯшакҳои яккарата ва маводи безараргардонӣ пурра таъмин карда шудаанд. Гурӯҳҳои махсуси ёрии тиббии гуногунсоҳа  ва зудамали сироятию эпидемиологӣ ба таври доимӣ фаъолият доранд. Шуъбаи эҳёи беморхонаи шаҳр бо таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) барои табобати интенсивӣ таъмин буда, нақлиёти санитарӣ барои интиқоли беморон дар ҳолати омодабош қарор дорад.
Дар беморхонаи марказии шаҳр барои 50 бемор ҷой ва тамоми шароити зарурии табобат муҳайёст. Барои гумонбаршудагон бошад, 10 кат дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказии шаҳр ва 30 кат дар шуъбаи сироятии № 3-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор омода шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои дастрас намудани маводи безараргардонӣ, ҳароратсанҷи фосилавӣ ва асбобу анҷоми дигари тиббӣ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.
Кормандони муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр оид ба пешгирии паҳншавии беморӣ корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ ҳатман бо ниқобу дастпӯшак аз манзил берун мешаванд. Дар даромадгоҳҳои тамоми муассисаю корхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати безараргардонӣ моддаҳои антисептикӣ ва моеъҳои тиббии зарурӣ гузошта шудаанд. Ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр - гулгаштҳо, боғу майдонҳо, кӯчаҳо бо маҳлули дорои гипохлориди натрий безарар гардонда мешаванд. Раванди ба аҳолӣ тақсим кардани ниқобҳои яккарата идома дорад. Ёрии моддии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 - уми май тариқи корвонҳо ворид гардид, ба ниёзмандон сари вақт расонда шуд. Андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус имконият медиҳад, ки шаҳр  рӯз ба рӯз бештар ба маҷрои қаблии  такопӯйи зиндагӣ бозгардад.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 211
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед