logo

Хабарҳо

ҶАЗО НИСБАТИ ВАЙРОНКУНАНДАГОНИ ҚОИДАҲОИ САНИТАРИЮ БЕҲДОШТӢ НИЗ ПУРЗӮР МЕГАРДАД!

Минбаъд тибқи қонунгузорӣ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ҷазоҳо пурзӯр мегарданд.
Музаффари Ашуриён, вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ муқаррар менамояд.
Мутобиқи тағйиру иловаи воридгардида барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ,  ки аз беэҳтиётӣ боиси паҳн гардидани бемориҳои хатарнок мегарданд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол  ва боиси расондани зарари вазнин ба саломатӣ, мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ва зиёда шахсон гардида бошад, аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Вазири адлия, ҳамчунин, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт,  ки минбаъд барои паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ ва иттилооти аз ҳақиқат дур бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ оид ба шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок, ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешида шудаанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад. Дар асоси лоиҳаи мазкур моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ такмил ва ба он моддаи 3741 илова гардида, дар маҷмӯъ, бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, равона шудааст. Барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ аз ашхоси воқеӣ аз 10 то 20 ва ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 58 сомонӣ)  ҷарима ситонда мешавад.
Барои набастани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима аз 2 то 5 нишондиҳанда муқаррар гардидааст.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 232
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед