logo

Хабарҳо

НУРОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ТАВСЕА МЕЁБАД

Сокинони ноҳияи Нуробод дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба хотири афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ва чарогоҳҳо оқилонаю самаранок истифода мебаранд.

Тавре Мирзоумар Давлатзода, муовини якуми раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, дурнамои кишти картошка дар ноҳия 2 ҳазор гектар пешбинӣ шуда, ҳоло кишоварзон заминҳои чарогоҳҳои тобистонаро бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингарди мавзеъҳои баландкӯҳи деҳоти Хумдони ноҳия бо мақсади дар замини чарогоҳҳо зиёд намудани кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус картошка, ҷараён дорад. Сокинони деҳаи Сиёҳоб бо дастгирии соҳибкор Маҳмадаюб Кароматов дар масофаи 22 км аз маҳали аҳолинишин то чарогоҳҳои тобистона роҳ кушода, картошка кишт намуданд.
Ба гуфтаи деҳқонони соҳибтаҷриба, ҳосилнокии заминҳои чарогоҳҳои тобистонаи солҳо боз аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар сурати гузарондани шудгор дар муҳлати муайяншуда, интихоби тухмии хушсифат ва ба ҷо овардани қоидаҳои дигари агротехникӣ дар қиёс ба заминҳои таҳдашти ҳамасола киштшаванда бамаротиб зиёд мебошад, зеро хоку оби ин мавзеъҳои баландкӯҳ барои рушди картошкакорӣ хеле мутобиқанд.
- Соли ҷорӣ вобаста ба боло рафтани нархи картошкаи тухмӣ, нуриҳои менералӣ, хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои пешбинишуда деҳқонон барои кишти ҳар як гектар картошка аз 25 то 30 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намудаанд, то дар оянда ба зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти хушсифат ноил гарданд. Соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадаюб Кароматов дар 8 гектар замини чарогоҳ, сокинони дигари деҳаи Сиёҳоб  дар 1 - 2 - гектарӣ картошка кишт намуданд. Дар деҳоти дигари ноҳия низ амали роҳ кушодан ба чарогоҳҳову обёрии заминҳои бекорхобида бо мақсади васеъ гардондани майдони картошказор идома дорад, - гуфт М. Давлатзода.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 173
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед