logo

иқтисод

ТИҶОРАТ. СУД Ё ЗИЁН?

«Бояд, ки ростӣ ва амонат дорад ва тариқи диёнат супурад ва аз баҳри суди хеш зиёни дигарон нахоҳад ва ба тамаи суд сӯзиши дили халқ наҷӯяд».
Унсурулмаолии КАЙКОВУС

Агар тоҷир салиқаи тиҷоратро надошта бошад, дар ҳеҷ ҳол ба рушд ва манфиат рӯ ба рӯ нахоҳад гашт. Ба зоҳир ва пиндори худ ба суд даст меёбад, аммо дар охир дарк месозад ки ҳама дам дар зиён андар зиён будааст.
Ҷойи бас таассуф мебошад, ки тиҷоратро бисёр саҳл пиндоштаанд ва ба қавли Мавлонои Балх илм наомӯхта дукон кушоданд.
Ҳамасола чанд бор шоҳиди он мегардам, ки бар асари ғафлат, ноогоҳӣ, нодонӣ ва ҷалби бештари «манфиат» аз доираи инсоф, ҳатто инсоният берун мебароянду аз ҳеҷ гуна ғорати шаҳрвандон шарм намедоранду даст намекашанд.
Ҳарчанд Сарвари давлат, махсусан дар оғози ду иди исломӣ бо табрик онҳоро даъват ба поён фаровардани нархҳо менамоянд, ин ҳамаро нодидаву ношунида мегиранд. Баръакс, нархҳоро аз тамоми дараҷаи эътидол ва воҷиботи исломиву инсонӣ боло мебаранд. Дар ин мавридҳо бештар худро ошкор месозанд, ки дар вуҷудашон раҳму шафқат ба ҷомеаи инсонӣ надоранд ва дини худ – исломро низ ба ночиз мегиранду ҳамчунон мефурӯшанд.
Дуруст аст, ки давлат метавонад пеши роҳи ин амали номатлубу ғоратгаронаро бигирад, аммо бар онҳо бисёр гузаштҳо мекунад. Албатта, ба ин хотир, ки бо беҳтар шудани вазъи зиндагияшон тоҷирони муваффақ мешаванду дар рушди тараққиёти кишвари маҳбуб саҳми шоиста мегиранду рӯ ба амалҳои хайрхоҳона меоранд.
Ин тоҷирон агар ба зараре мувоҷеҳ мешаванд, бо зорӣ ва ҳам эътироз аз давлат домангир мешаванд. Далат ҳам дар ин ҳол барои мадад ба сӯяшон даст дароз карда, барояшон имтиёзҳо муқаррар мекунад. Мутаассифона, дар ин ҳол ҳам намеандешанд, ки «тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷост».
Ҳамарӯза тариқи шабакаҳо мебинанд, ки тоҷирони кишварҳои пешрафта ва ҳам қафомонда, махсусан дар арафаи идҳои диниву дунявӣ нархҳоро ҳатто аз андозаи тасаввури мо поён мефароранд ва ба камбизоатону ибодаткунандагон (ҳоҷиён) ёрӣ мерасонанд.
Аксар тоҷирони мо на танҳо интизори идҳои диниву дунявӣ мешаванд, то нархҳоро боло бибаранд, балки  хоҳони омадани мушкилоте барои миллат низ ҳастанд. Густариши коронавирус дар кишвар ин ҳақиқатро ошкор сохт. Нархҳои маводи ғизоии аввалиндараҷа барои зиндагиро аз дараҷаи инсоф бисёр боло бурданд. Ҳатто нархи баъзе аз маводҳоеро, ки солҳои сол поён буд, ба садҳо маротиба қимат карданд, ки таърихи миллат назирашро ёд надорад. Мақоли машҳури «бардорад, зам кун, набардорад, кам» - ро онҳо барои худ эҷод карданду аз он хуб истифода менамоянд. Нархҳои молро вобастаи шахсияти харидор низ боло мебаранд. Яъне аз рӯи либосу дигар нишониҳои одам ба ӯ баҳо медиҳанду молҳоро барояш нархгузорӣ мекунанд. Ҳамин тавр, дар бозорҳо нархи молу мавод вобастаи шахсияти харидор гузошта мешавад. Ҳар қадар, ки харидори хуб биёбанду кулоҳашро аз сар бигиранд, яъне дар рӯзи рӯшан фиребаш бидиҳанд, ҳамон қадар хушнуд мешаванду қаноатманд. Барои фиреби ҳама гуна харидор аз тамоми василаҳо истифода менамоянд, ҳатто Худоро аз баландиҳо ба пастиҳо фаровардан мехоҳанду ӯро бо савганди дурӯғ шоҳид қарор медиҳанд. Ҳеҷ намеандешанд, ки ин амал, агар тавба накунанду аз роҳи хато бар нагарданд, бахшиданӣ нест. Барои сафед кардани худ иброз медоранд, ки агар ба дурӯғ ҳам бошад, ба номи «Аллоҳ» савганд ёд накунем, тиҷоратамон пеш намеравад, тараққӣ наменамояд. Тиҷоратро чӣ гуна фаҳмидаанд? Чаро мо дар муқобили ин бераҳмиву ғорати рӯирост хомӯширо ихтиёр кардаем? Барои чӣ ҳеҷ амале дар муқобили ин гуна беинсофӣ аз мо иҷро намешавад?
Тиҷорат ҳам илм аст. Ин илмро, ки нахондаанду надонистаанд на танҳо бар зарари худи онҳост, балки бар зарари давлат ва шаҳрвандон низ мебошад.
Пештар бар ҳар толибилм ҳам зарур буд, ки илми тиҷоратро биёмӯзад, то дар аъмоли минбаъдаи ӯ халал ворид нашавад. Масъулони давлат ва дин дар бозорҳо назорат мебурданд. Инчунин, аз ҳар тоҷир илми тиҷорат пурсида мешуд. Агар нафаре онро намедонист, ба бозор барои тиҷорат роҳ намеёфт.
Гузаштагони мо зироат, саноат, тиҷоратро се рукни ҳаёти инсоният ва маданият медонистанд. Бе ин се рукн, дар ҳақиқат, зиндагии хубу осоиштаи одамон, зери суол қарор мегирад. Миллате, ки ин се рукнаш дуруст мебошад, маишаташ низ дуруст ва бо низом аст.
Мо дар бораи ду рукни аввал, яъне зироат (хоҷагии деҳот) ва саноат тадбирҳои заруриро андешидему ба дастовардҳо низ ноил гардидаем. Албатта, ҷойи изтиробу нигаронӣ мебошад, ки ба рукни сеюм ё худ тиҷорат камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Ва ин то ба кай бояд идома биёбад?

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2020    №: 114    Мутолиа карданд: 267
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед