logo

Хабарҳо

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

Бозиҳои даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар ин давр қаҳрамони феълии кишвар – «Истиқлол» дар майдонаш тими «Истаравшан»-ро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд.
Тибқи иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, дебютанти мусобиқа тими «Файзканд» бори аввал дар майдонаш аз дастаи «Хуҷанд» бо натиҷаи 0:3 ноком гардид.
Вохӯриҳои дигар чунин анҷом ёфтанд:
КМВА – «Хатлон» – 2:1
«Локомотив – Помир» - «Регар-ТадАЗ» – 1:2
«Душанбе-83» – «Кӯктош» –2:1


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. АНДЕШАИ МУРАББИЁНИ ТИМҲОИ МУНТАХАБ ОИД БА НАТИҶАИ ҚУРЪАКАШӢ
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар марсоми қуръакашии Чемпионати Осиё – 2020 мунтахабҳои Тоҷикистон (U-16) ба гурӯҳи «В» (Умон, Яман, Амороти Муттаҳидаи Араб) ва (U-19) ба гурӯҳи «D» (Қатар, Яман, Малайзия) шомил гардиданд. Вобаста ба ин, сармураббиёни тимҳои мунтахаб оид ба натиҷаи қуръакашӣ чунин ибрози андеша намуданд:
Аҳлиддин ТУРДИЕВ, сармураббии тими наврасони то 16-сола:
-Дар гурӯҳи мо (Умон, Яман ва АМА) қувваи ҳамаи дастаҳо баробаранд ва мо имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорем. Аллакай, ба омӯзиши рақибони худ шурӯъ кардем. Департаментҳои фаннӣ ва тимҳои миллии ФФТ ба мо барои омӯзиш навори бозиҳоро бо иштироки ин мунтахабҳо дастрас намуданд, ки ба онҳо изҳори сипос мекунем. Ҳамчунин, умед мебандем, ки баъди ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ ва кушодашавии сарҳадҳо ва хати парвозҳо, имконият пайдо хоҳем кард, ки чанд бозии санҷишӣ баргузор намоем. То оғози мусобиқа дар Баҳрайн панҷ моҳи дигар боқӣ мондааст ва ин вақт барои омодагӣ кофист.
Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии тими мунтахаби ҷавонон:
-Дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё рақибони суст нестанд. Мо медонем, ки ҳарифони мо - тимҳои миллии Қатар ва Яман дар мусобиқоти интихобӣ дар як гурӯҳ бозӣ карданд ва бозияшон мусовӣ анҷом ёфт. Инҳо дастаҳои хубанд ва онҳоро мағлуб кардан осон нахоҳад буд. Малайзия бошад, дастаи қудратмандест, ки ба бохт тан намедиҳад ва барои мо ҳарифи ноқулай мебошад. Мо ба мусобиқаи қаҳрамонии  Осиё ҷиддӣ омодагӣ мебинем.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 153
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед