logo

иқтисод

БОХТАР. ҒАЙРАТИ СОКИНОНИ ЯК МАҲАЛЛА

Деҳқонони хатлонӣ бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ҳар як қитъаи замин ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд. Дар ин росто, малакаи барзгарии сокинони маҳаллаи “Ғайрат”-и шаҳри Бохтар ба зикри хос лоиқ аст.
 
ҚАНОАТМАНДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бемуҳобо, аз хурд то бузурги маҳаллаи мазкур чи мазрааҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чи заминҳои наздиҳавлигиро ҳам барои ғановати буҷети оилавӣ ва ҳам бо мақсади татбиқи амнияти озуқаворӣ пурсамар истифода мебаранд. Бо истифода аз ҳавои мусоиди минтақа аз заминҳо соле на кам аз ду-се ҳосил мегиранд, кишти зери плёнкаро ба роҳ мемонанд. Дар рӯзҳои аввали баҳор, ки бодирингу помидор камчин мегардад, маҳз онҳо аввалин шуда ба арзонӣ ва фаровонӣ дар бозорҳои вилояти Хатлон ва қисман шаҳри Душанбе асос мегузоранд. Зироатҳои дигари кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва гулҳои гуногун низ парвариш мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми июни соли 2009 зимни ташриф овардан ва шинос шудан бо таҷрибаи пешқадам ва натиҷаҳои ибратбахши деҳқонони “Ғайрат” ба меҳнатқаринӣ ва маҳорати волои онҳо баҳои баланд дода буданд. Ба Пешвои миллат гуфтанд, ки сокинон ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 20 тонна сабзавот ба фурӯш мебароранд. Ва фақат бо сабзавоткорӣ дар ин ҷо барои зиёда аз 400 кас ҷойи кори сердаромад муҳайё гардидааст.
Имрӯзҳо, хушбахтона, ин нишондиҳандаҳо бо ташкил кардани гармхонаҳои иловагӣ, такмил ёфтани агротехникаи парвариши зироатҳо ва беҳтар шудани имконоти молиявии сокинону хоҷагидорон бамаротиб зиёд шудааст.
 
ИНҲО НАМУНААНД
Дар ин шабу рӯз хоҷагиҳои деҳқонии “Ғайрат” бо роҳбарии Холмурод Зиёев ва “Азимҷон” бо сарварии Юнусалӣ Азимов аз пешқадамони истеҳсолотанд. Дар 15 гектар гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Ғайрат” парвариши помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, занҷабил, карам, шибит, кашнич ва дигар зироатҳо ба роҳ монда шудааст.
– Се гектар замин дорем, ки дар он 20 нафар оилавӣ ба меҳнати пурсамар машғулем, – гуфт роҳбари хоҷагии “Азимҷон” Ю. Азимов зимни суҳбат. – Ба интихоби тухмии серҳосилу зудпаз, сари вақт пошидани нурии минералию пору аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Ин аст, ки нашъунамои помидору бодиринг ва дигар зироатҳо ҳамеша хуб буда, фақат дар чанд моҳи соли гузашта ба бозор 10 тонна сабзавот баровардем.
Тавре роҳбарони ин хоҷагиҳо гуфтанд, аз самараи меҳнати ҳалол сатҳи зиндагии саҳмдорон сол ба сол беҳтар шуда, заминаи моддию техникии хоҷагиҳо низ тақвият меёбад.
 
АЗ ТАҶРИБАИ ФАРИДУН ВА МОҲСАФАР
Сокини ин маҳалла Фаридуни Зиё дар 0,4 гектар замини наздиҳавлигӣ 30 бех дарахти сиёҳолу, олуча, шафтолу, себ, зардолу, анор, ва чормағз шинонда, ҳамасола ҳосили хуб ба даст меорад. Зиёда аз ин, дар зери дарахтон дар муҳлатҳои муайян помидор, бодиринг, қаланфур, сабзӣ, картошка, турб, райҳон, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо кошта, дар як сол на кам аз ду-се ҳосил ба даст меорад.
    - Талаботи аъзои оиларо асосан аз ҳисоби истифодаи пурсамари замин қонеъ мекунем, – гуфт ӯ. 
Моҳсафар Бекова дар қитъаи замини шахсӣ бо андак харҷ гармхона бунёд карда, аз самари кишти такрорӣ ва ҳосили пиёз, кашничу шибит, шулха, ҷаъфарӣ, шалғамча ва ғайра ба қавли маъруф “аробаи рӯзгор”-ро ба хубӣ кашида истодааст.
– Деҳқонии умумӣ дар маҳаллаи мо ба ҳукми анъана даромадааст, – иброз дошт ин бону. – Хурду калон бо замин сарукор мегирем, аз якдигар таҷриба меандӯзем, бо агрономҳои чашмикордон машварат мекунем, аз тавсияҳои мутахассисони хориҷӣ тавассути пойгоҳҳои махсуси интернетӣ истифода мебарем.
 
ОМӮЗГОРИ ГУЛПАРВАР
Сокини дигар Эркин Қосимов даҳ сол боз дар баробари пешаи пуршарафи омӯзгорӣ ба гулпарварӣ машғул аст. Беш аз 10 ҳазор дона гулҳои заминӣ ва хонагиро дар ҳотааш парвариш карда, ба фурӯш мебарорад.
– Дар оғози кор аз ҳар ҷо қаламча ва тухми гулҳоро оварда, дар хона сабзондам, – нақл кард ӯ. – Нигоҳубини гулҳои зиёд дар шароити хона кори осон нест. Лекин бо маслиҳату машварати гулпарварони таҷрибадор нозукиҳои ин амалро омӯхтам, аҳли оиларо омӯзиш додам ва акнун дар парваришу фурӯши онҳо баробар саҳм мегузорем, ки аз ин ҳисоб корамон сабуктару пешрав шудааст.
Э. Қосимов мудом бо гулпарварони вилоят ва пойтахти мамлакат дар робита аст. Ӯ аз онҳо, онҳо аз ӯ навъҳои нодир ё тозавуруду тозаэҷоди гулҳоро мехаранд. Муаллими гулпарвар бо фоида аз даромад ҳам миқдору масоҳати гулҳои зебою серхаридорро зиёд карда, ба ин васила дар ободии диёр саҳм мегузорад ва ҳам рӯзгорашро сомон мебахшад.
 
РАҚАМҲО ГУВОҲАНД
Бохтар чун як шаҳри маъмурӣ, фарҳангӣ, саноатӣ ва тиҷоратӣ аслан заминҳои кишоварзии кам дорад. Бо вуҷуди ин, ба қавли Абдурраҳмон Халифаев, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соли гузашта сабзавоткорони соҳибтаҷриба дар натиҷаи заҳмати аҳлона аз майдони 110 гектар дар маҷмӯъ 1 ҳазору 270 тонна помидору бодиринг ғундоштанд. Имсол бо назардошти талаботи рӯзафзуни бозори дохилӣ мазрааи сабзавоти барвақтиро то 122 гектар фарох карда, дар нисфи мавсим нишондиҳандаи қаблиро барзиёд иҷро карданд. Дар ҷодаи расидан ба ин муваффақият деҳқонону сокинони маҳаллаи “Ғайрат” нақши созгор доранд. 

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 224
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед