logo

Хабарҳо

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

АИР Новости. Ба ақидаи коршиносони Маркази байналмилалии тиҷорат иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар гусасташавии глобалии занҷираҳои истеҳсол – интиқол – савдо соли равон камаш $126 миллиардро аз даст дод.
«Боздошти истеҳсолот дар Чин, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба тиҷорат басо гарон афтид. Дар маҷмӯъ ба ин кишварҳо 63 дарсади воридот ва 64 дарсади содироти занҷираҳои додугирифт рост меоянд. Тибқи гузориш, халалёбии ин алоқаҳои тиҷоратӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд, ки аз содирот вобастаанд, зарари калон расонд. Ғайр аз ин, коршиносон мегӯянд, ки ҳадди ақал 55 дарсади корхонаҳои хурду калон аз оқибати пандемия зиёни ҷиддӣ дид.
 
 
КМИ БЕЛАРУС: «БАРОИ МАСНАДИ ПРЕЗИДЕНТ ҲАФТ ДОВТАЛАБ МУБОРИЗА МЕБАРАНД»
АИР Новости.«Кумитаи марказии интихоботи кишвар баъди санҷиши имзоҳои ҷамъоварда ба интихоботи президент ҳафт нафар, аз ҷумла собиқ сарвари «Белгазпромбонк» Виктор Бабарикоро роҳ дод», - гуфт сардори кумита Лидия Ермошина.
Тавре ӯ номбар намуд, дар интихобот Президенти феълӣ  Александр Лукашенко, Бабарико, собиқ сафири Беларус дар ИМА Валерий Сепкало, ҳамраиси Иттиҳоди ҷамъиятии «Ҳақиқатро бигӯ» Андрей Дмитриев, раиси «Грамада» Сергей Черечен, собиқ вакил Анна Канопатская, инчунин, завҷаи видеоблогер Сергей Тихановский Светлана ширкат хоҳанд дошт.
Интихоботи президенти Беларус 9 август баргузор мегардад.
 
 
СММ: «БАРҚАРОРШАВИИ ТУРИЗМИ ҶАҲОНӢ БАЪДИ КАРАНТИН ОҒОЗ ЁФТ»
INTERFAX.RU. «Пас аз чанд моҳи уфти бесобиқа соҳаи сайёҳӣ дар баъзе манотиқи дунё рӯ ба барқароршавӣ ниҳод», - хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии туризми СММ.
"Туризмро шумори ҳарчи бештари кишварҳо, махсусан дар нимкураи шимолӣ барқарор месозанд. Ҳамзамон, дар аксари давлатҳои ҷаҳон маҳдудияти сафарҳои хориҷӣ боқӣ мемонад, сайёҳӣ бошад, ҳанӯз ҳам дар байни соҳаҳои бештар зарардида қарор дорад", - омадааст дар хабар.
Аз ин рӯ, ниҳоди ҷаҳонӣ боз ба сарони кишварҳо муроҷиат намудааст, ки аз индустрияи сайёҳӣ дастгирӣ кунанд, зеро он миллионҳо корманд дошта, асоси иқтисоди баъзе давлатҳоро ташкил медиҳад.
 
 
САРВАЗИРИ ИТАЛИЯ ҲАМВАТАНОНРО БА ИСТИРОҲАТ ДАР ДИЁРИ ХУД ДАЪВАТ ДОРАД
REGNUM. «Соли равон шаҳрвандони Италия бояд рухсатияшонро дар кишвари худ гузаронанд», - гуфт Сарвазир Ҷузеппе Конте.
Тавре ӯ зикр намуд, дар мамлакат бисёр гӯшаҳои ҷолиб мавҷуданд, ки арзандаи дидананд. Ғайр аз ин, дар Ватан гузарондани рухсатӣ ба иқтисоди кишвар имкон медиҳад, ки буҳронро ҳарчи тезтар паси сар созад.
Қаблан ҳукумат тасмим гирифта буд, ки як қисми маблағи хароҷоти гузарондани рухсатӣ дар Италияро барои шаҳрвандоне, ки даромади солонаи оилаашон аз 40 ҳазор евро зиёд нест, ҷуброн кунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 266
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед