logo

Хабарҳо

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

INTERFAX.RU. "Ҳафтаи гузашта дар Аврупо бори аввал дар моҳҳои охир афзоиши ҳафтаинаи ҳодисаҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд", - гуфт директори Бюрои минтақавии аврупоии СУТ Ханс Клюге.
Тавре ӯ зикр намуд, дар манзари аз байн бурдани маҳдудият дар 30 кишвари қитъа дар ду ҳафтаи охир суръатёбии гирифториҳои нав ошкор карда шуд. Клюге таъкид дошт, ки Лаҳистон, Олмон ва Испания ба чунин ранг гирифтани вазъият фавран вокуниш нишон доданд. 
Мувофиқи маълумоти портали World-ometers, аз оғози пандемия то имрӯз дар Аврупо 2,6 миллион нафар мубталои COVID - 19 шуда, аз ин маризӣ қариб 195 ҳазор нафар ҷон бохт.
 
 
ВАКСИНАИ ЧИНИИ COVID - 19 ДАР АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ ОЗМУДА МЕШАВАД
Синхуа. Озмоиши клиникии он дар ин кишвари араб ба марҳилаи сеюм ворид шуд. 
Аз ширкати истеҳсолгари ваксина China National Biotec Group (CNBG) хабар доданд, ки озмоиши клиникӣ баъди ба тасвиб расидани созишномаи ҳамкории ҷонибҳо ҳангоми видеоконфронс байни Пекин, Ухан ва Абу-Даби оғоз ёфт. 
Ҳамин тавр, ин нахустин ваксинаи дар Чин офарида мебошад, ки марҳилаи сеюми озмоишаш дар хориҷа сурат мегирад. Марҳилаи якуму дуюми ин ваксина, ки дар пажӯҳишгоҳи маҳсулоти биологии Ухан офарида шуд, дар Чин гузашт. Алҳол он натиҷаи хуб дода истодааст, зикр мекунанд коршиносон.
 
 
ҚАРИБ 6 МИЛЛИОН ШАҲРВАНДИ РОССИЯ БА ФОСИЛАКОРӢ ГУЗАШТ
АИР Новости. Вазири меҳнати кишвар Антон Котляков иттилоъ дод, ки дар давраи рӯзҳои ғайрикорӣ наздики 6 миллион россиягиҳо ба фосилакорӣ гузаштанд.
Ӯ афзуд, ки айни замон қариб 5 миллиони онҳо – 9,5 дарсади аҳли меҳнати мамлакат фаъолиятро бо ҳамин тарз идома дода истодаанд.
Тавре вазир изҳор дошт, тамоили коҳиши ҷойҳои корӣ ба мушоҳида мерасад, ки таъсири бевоситаи хуруҷи коронавирус мебошад.
 
 
ДАР ҲИНДУСТОН АЗ БОРОНИ СЕЛ ВА РАЪДУ БАРҚ 83 КАС ҲАЛОК ШУД
Синхуа. Ин офат ва пайомади нохуши он дар иёлати Миҳор ба амал омад.
Зикр меравад, ки раъду барқ боиси марги 23 нафар шуд. Аз теъдоди умумии қурбониён 13 нафар дар фермаҳои ноҳияи Гопалганҷ ҳалок шуд, ки 175 километр дуртар аз шаҳри Патна, пойтахти Биҳар ҷойгир аст. 
Айни замон дар иёлат корҳои ҷустуҷӯӣ ва барқарорсозӣ идома доранд.
 
 
НАХУСТИН ДАР ТАЪРИХ СОЗИШНОМАИ БА КАЙҲОНИ КУШОД БАРОМАДАНИ САЙЁҲ БА ИМЗО РАСИД
АИР Новости. Аз ин хусус сомонаи корпоратсияи мушакию кайҳонии «Энергия» иттилоъ додааст. 
Созишнома бо ширкати амрикоии Space Adventures Inc баста шуд. Тибқи он парвози кайҳонӣ соли 2023 сурат мегирад. 
Интизор меравад, ки ин экспедитсияи кӯтоҳмуддати ду нафар дар киштии «Союз МС» дар бахши россиягии Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ мешавад. Дар ҷараёни он яке аз сайёҳон ҳамроҳи кайҳоннаварди ҳирфаӣ ба кайҳони кушод мебарояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 250
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед