logo

иҷтимоиёт

«НИҚОБАТ КУ? ДАР КИСА». “ҶУМҲУРИЯТ” ВАЗЪИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ SARS-COV-2 - РО ДАР КАЛОНТАРИН БОЗОРҲОИ КИШВАР ТАҲЛИЛ НАМУД

Ибтидои моҳи июн дар ҷумҳурӣ сироятёбӣ аз коронавирус ҷиддан коҳиш ёфт. Дар нимаи дуюми моҳ теъдоди шифоёфтаҳо аз 70 дарсад гузашт, ки комёбии калони табибони тоҷик буд. Ҳамчунин, 15 июн охирин маҳдудияти фаъолияти баъзе соҳаҳои хизматрасонӣ бардошта шуд. Ин ҳама дар ҷомеа чун “ғалаба бар коронавирус” пазируфта, кӯча, бозору мағоза, боғу гулгашт пури одам гашт. Аксаран бе ниқоб, бе риояи фосила. Чунин фориғболӣ метавонист вазъияти эпидемиологиро аз нав муташанниҷ гардонад. Аз ин рӯ, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҳатмӣ намуд. Баъди ин тадбиру талаб оё хатари хуруҷи нави COVID-19 бартараф карда шуд? Барои ба ин масъалаи ҳаётан муҳим рӯшанӣ андохтан “Ҷумҳурият” гурӯҳи эҷодияшро ба калонтарин бозорҳои чанд шаҳру навоҳии кишвар фиристод.

БОХТАР. ЯК БОМУ ДУ ҲАВО
Бозорро оинаи шаҳру шаҳрдорӣ гӯянд. Дар ин давраи мураккаби хуруҷи коронавирус он, ҳамчунин, оинаи муборизаю майдондорӣ шуда. Аз ин хотир, ҳафтаи гузашта аз ҷумлаи ҳамкоронам, ки барои шиносоӣ бо вазъи эпидемиологии бозорҳо ба шаҳру навоҳии кишвар ба сафари хидматӣ рафтанд, банда ба бозори «Фаровон» - оинаи шаҳри Бохтар омадам.
Назди даромадгоҳҳои он муҳофизон ва шахсони масъул истодаанд, ки ниқобпӯширо аз ҳама – чи фурӯшандаю чи харидор талаб мекарданд ва бе ниқоб ба вуруд иҷозат намедоданд. Аммо, ҳамин ки дохили бозор шудам, мақоли «як бому ду ҳаво» ёдам омад. Яъне, аз риояи қоидаҳои санитарӣ, ки назди даромадгоҳҳо қатъиян талабу назорат ва иҷро карда мешуд, дар дарун нишоне намебинед. Мардум чун аз назди масъулону муҳофизон гузашта, ҷониби дукону растаҳо мераванд, якумин коре, ки мекунанд, дарҳол ниқоб аз даҳону бинӣ гирифтан, бепарво фосилаи иҷтимоиро сарфи назар кардан аст. Гузашта аз ин, дар нуқтаҳои сершумори савдо фурӯшандаҳои бепарвое низ кам набуданд, ки на ниқобу дастпӯшак доштанд ва на маводи зиддиуфунии шахсӣ.
Муовини директори муассиса Мухтор Гулмадов камбудиҳои ҷойдоштаро тасдиқ намуд. «Бозор  барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳар рӯз дезинфексия карда мешавад. Латтаи хлордори остонаи даромадгоҳҳо рӯзе ду маротиба иваз мегардад. Пеш аз оғози кор ҳолати саломатии фурӯшандаҳоро месанҷем, ҳама «сиёҳу сафед» - ро мефаҳмонем. Ба харидорон ҳам. Лекин, ҳар чи гуфтему мегӯем, аз ин гӯшашон даромада, аз дигараш баромада меравад. Афсӯс, ки вақтҳои охир одамон бепарво шудаанд, аз сироятшавӣ наметарсанд. Вазъияти мудҳиши дигар кишварҳо – маргу мири ҳазорҳоро аз COVID-19 намебинанд магар, ки саломатии худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд»,- бо оҳанги таассуф гуфт мусоҳибам.  
Аз чанд нафари ба бозор омада сабаби бе ниқоб гаштанро  пурсидам, бепарво «ниқоб дар кисаам», - гуфтанд. Ёбеду гиред!
Дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳр, чуноне сариқтисодчияш Б. Қодиров гуфт, ҳамарӯза дукону растаҳои савдо ду маротиба бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонда мешаванд, дар даромадгоҳҳои бозор пеши роҳи ашхоси бениқобро мегиранд. Гузашта аз ин, ҳар рӯз бо ибтикори маъмурияти бозор 100 - 150 ниқобро ба харидорон ройгон тақсим мекунанд. Ин ҳама тадбирҳо буданд, ки дар «Ҳоҷӣ Шариф» то имрӯз ягон соҳибкор мубталои SARS-CoV-2 нагаштааст. Аммо дар ин бозор ҳам бепарвоию ниқобқимобии иддае ба мушоҳида расид, ки аз остонаи бозор  дарун даромада, зуд ниқоб ба киса ё сумка меандозанд ё дар гӯш овезон мекунанд.
Ҳолати бе ниқоб ва бе риояи фосила дар кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои шаҳр гаштани сокинон низ зиёд аст. Муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода иброз дошт, ки бо вуҷуди мунтазам миёни аҳолӣ гузарондани корҳои таблиғотӣ чунин ҳолатҳо бисёранд. Барои роҳ надодан ба хуруҷи коронавирус тамоми муассисаву идораҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, аллакай панҷ маротиба бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонда шуда, ҳамарӯза як миқдор ниқоб ба шаҳрвандоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ин воситаи муҳими муҳофизатӣ мегарданд, ройгон дода мешавад. Вале мақоли «ба доно як ишорат...» аз чи бошад, ки ба онҳо корагар нест.
Дар ҷараёни сафари дурӯза ба шаҳри Бохтар тазоди норавое, гароноқибате басо нигаронам намуд. Кормандони сохторҳои давлатӣ дар якҷоягӣ бо масъулони бозорҳо баҳри ҳифзи солимии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аммо аксари онҳо ба дараҷае бепарвоянд, ки барояшон хатаре бо номи коронавирус гӯё, аллакай паси сар шудааст.                                           

МИНТАҚАИ КӮЛОБ: «БА МАВҶИ ДУЮМ БОЯД ОМОДА БОШЕМ»
Ба бозори марказии ноҳияи Восеъ ҳатто аз даромадгоҳи асосияш (дигар дарвозаҳо низ дорад) бе ниқоб даромадан кори душвор нест. Касе манъ намешавад. Зимни гаштугузор дар растаҳо байни фурӯшандаҳо нафароне кам набуданд, ки барои ҳимоя аз вируси нав бастани ниқобро шарт намедонистаанд.
Фаридун Шайхзода, раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия, иқрор шуд, ки чунин мушкилот дар бозор ҷой дорад. «Ҳар рӯз пас аз бастани бозор онро дезинфексия мекунем. Ситоди мубориза бо паҳншавии коронавирус таъсис додаем ва тавассути радиои бозор доимо ба фурӯшандаҳову харидорон пӯшидани ниқоб, риояи фосиларо тавсия медиҳем. Аммо, чи хеле худатон дидед, на ҳама гӯши шунаво доранд. Мо ваколате надорем, ки онҳоро ба иҷрои ин ва ё дигар амали гигиенаи шахсӣ маҷбур созем ё барои сарфи назар кардани ниқоб ҷарима бандем», - гуфт ӯ зимни суҳбат.
Раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло низ ҳамин нуктаро таъкид намуд, ки корҳои беҳдоштӣ ва тарғиботӣ хуб роҳандозӣ шудаанд ва бинобар ҳамин, аз 2 июн дар ноҳия ягон нафар бо аломатҳои COVID-19 дар беморхона бистарӣ нагаштааст. Шояд ҳамин омил мардумро хотирҷамъу фориғбол намудааст, ки ниқоб напӯшида, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.
Директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Абдуқодир Сафарзода, ибрози назар намуд, ки назорати риояи тартибот дар даруну беруни бозор, аз ҷумла ниқоббандӣ вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст. Онҳо якҷоя бо маъмурони бозорҳо амал кунанд, дар ду-се рӯз ин мушкил аз байн меравад.
Риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор ва Муъминобод низ дида мешавад. «Дар ҳақиқат, пас аз коҳиш ёфтани сироят ба ин беморӣ мардум бепарво шудааст.  Хилофи ақли солим аст, ки бо вуҷуди шабу рӯз гуфтану фаҳмондан одамон намояндагони сохторҳои давлатиро дидан замон зуд ниқоб мепӯшанду пас аз рафтани онҳо ба киса мезананд. Онҳо на барои намоиш, балки барои аз хатар эҳтиёт кардани худ бояд бо ниқоб гарданд. Чунин рафтори нораво оқибати хуб надорад ва метавонад боиси мавҷи дуюми коронавирус гардад. Ҳароина, мо бояд ба ин омода бошем», - изҳор намуд раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода.
Бозори «Саховат» - и шаҳри Кӯлоб яке аз калонтарин марказҳои савдои минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад. Чун воридаш мешавӣ, гумон мекунӣ, ки дар ин ҷо аз хуруҷи коронавирус хабар надоранд: кулли фурӯшандаҳо бидуни ниқоби тиббӣ саргарми савдоянд. Харидорон низ бо рӯйи кушода мегарданд. Касеро кор нест, ки чаро онҳо чунин саҳлангорӣ мекунанд.  Чунин вазъият ба тавсифи Бобоҷон Нуров, раиси ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб, ҳеҷ мувофиқат намекард, ки гуфта буд: «Чорабиниҳои зиддисироятӣ дар бозорҳо хуб ҷараён доранд, сари ҳар вақт бо хлор дуконҳо ва растаҳоро дезинфексия мекунем, ниқобпӯширо назорат мебарем, ҳарорати одамонро пеш аз воридшавӣ ба бозор ҳатман месанҷем». Ҳол он ки дар даромадгоҳи бозор касе ҳароратро намесанҷиду бе ниқоб даромадан мушкиле надошт. Танҳо дар даромадгоҳи марказӣ дезбарйер мавҷуд буду халос…
Бино ба нақли Шаҳноза Наҷмиддинова, директори МНДСЭ - и шаҳри Кӯлоб, марказ дар бозори «Саховат» ҳам чанд маротиба рейд гузаронда, ба фурӯшандаҳо ва харидорон тарзи дурусти рафторро фаҳмондааст. Тавре мебинем, аз шунидан то фаҳмидану риоя кардан фосила калон будааст.
Воқеан ҳам,  МНДСЭ ба кулли бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа мактуб фиристода, талаб намудааст, ки баҳри пешгирӣ аз коронавирус доштани либоси ягонаи корӣ, истифодаи ҳатмии асбобҳои ҳароратсанҷ, ниқоби тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, маҳлули зиддиуфунӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, даромадгоҳи муассисаҳои хӯроки умумӣ бо дезбарйер, дастшӯяк бо собуни моеъ, салфеткаи яккарата, қуттии партов таъмин карда шаванд. Ҳамчунин, махсус таъкид мешуд, ки дар сурати иҷро накардани талабот то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти ин муассисаҳо боздошта мешавад.
Аммо шиносоӣ бо вазъияти мавҷуда ба хулоса овард, ки дар Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Муъминобод маъмурони бозорҳо иҷрои талаботро сарфи назар кардаанд. Бо вуҷуди камбудиҳои ҷиддии зикркарда, таҳдиди  МНДСЭ оид ба қатъсозии фаъолияти ин қабил муассисаҳо таҳдиде беш набудааст. Ва бозорҳо ҳар лаҳза метавонанд макони хуруҷи нави коронавирус гарданд.

ХУҶАНД. ДАР “ПАНҶШАНБЕ” КАСЕ СИРОЯТ НАШУД
Калонтарин маркази тиҷоратии вилояти Суғд-  бозори машҳури “Панҷшанбе”, ки аз соли 1964 дар хизмати мардум асту феълан беш аз 1280 нуқтаи савдо дорад, дар давраи ҳассоси пандемия ҳатто як рӯз ҳам аз кор намонд. Муҳимтар аз ин, то ба имрӯз аз миёни кормандон ва аҳли савдои он ягон нафар ба коронавирус сироят нашудааст. Ҳол он ки бозори феълӣ аз пешина ба куллӣ фарқ дошта, солҳои охир басо доман густурд ва марказҳои тиҷоратӣ, аз қабили “Панҷшанбе”, “Афросиёб”, “Хуҷанди ман”, “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва “Бадри мунир”- ро низ фаро гирифт.
Тавре сарвари бозор Хуршеда Бобоева ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт,  бар замми аҳли савдо остонаи бозорро рӯзе ба ҳисоби миёна 2,5 ҳазор одам зер мекунад. Ва аз оғози хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ дар ин маркази бузурги тиҷоратӣ даробаро зери назорати қатъӣ гирифта шуд. Дар ду даромадгоҳи асосии бозор ашхоси масъул бо таҷҳизоти ҳароратсанҷ ва маводи зиддиуфунӣ  истода, ягон шахси ҳароратдошта ва бениқобро воридшавӣ намегузоранд. Маъмурияти бозор назоратро миёни фурӯшандаҳо низ қатъӣ ба роҳ монда, онҳоро бо маҳлули зиддиуфунӣ ва ниқоб таъмин месозад. Дар ҳамдастӣ бо мутахассисони маркази давлатии санитарию эпидемиологии шақру вилоят тавассути радиои бозор риояи қоидаҳои беҳдошт, зарурати ниқобпӯшӣ ва фосиланигоҳдорӣ пайваста талқин карда мешавад. Ва тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аз ин маҷмӯи тадбирҳо дар чунин маҳали серодам аксари харидорон риояи фосилаи иҷтимоиро фаромӯш мекунанд. Онҳо, ба қавле, дар сар фикри харид доранд, на фосиладорӣ. 
Раиси ташкилоти ҷамъиятии соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” Ғанӣ Поччоев махсус зикр кард, ки ҷойи кори фурӯшандагону гирду атрофи бозорро ҳар шабонарӯз ду маротиба тавассути техникаи махсус бо маҳлули зиддиуфунӣ безарар гардондан аз муҳимтарин амали маъмурияти бозор ҷиҳати ҳимояи саломатии савдогарону муштариён ва пешгирӣ аз хуруҷ ва сирояти SARS-CoV-2 гаштааст. Гузашта аз ин, дар вазъияти мураккаби кунунӣ бори нахуст таъсис додани бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти муосири ташхис камоли масъулиятшиносии сарони бозор аст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин ҷо мубориза алайҳи коронавирус танҳо кори маъмурон нест. Чанде пеш боз як соҳибкори маҳаллӣ ба кормандони бозору фурӯшандагон 500 адад ниқоби тиббӣ тақдим кард.    
Баъди боздошти муваққатӣ ду ҳафта инҷониб дар “Панҷшанбе” бахши колофурӯшӣ фаъол гашта, боз соҳибкорон дари дукону мағозаҳояшонро кушоданд. Дар ин радиф 120 нафар дар бозори “Хуҷанди ман” ва 140 нафар дар бозори “Афросиёб” ба ҷойҳои кории худ баргаштанд.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои нахусти баъди карантин миёни ҳам муштариёну ҳам фурӯшандаҳо фориғболӣ эҳсос мешуд, зеро он гумон ғолиб омада буд, ки “авҷи коронавирус гузашт, он тарафаш осон”. Шояд аз ҳамин хотир бидуни ниқоб ба бозор омадан зиёд шуд. Лекин зуд ба рӯи ин қабил холабеғамҳо, ки метавонистанд дигарҳоро сироят кунанд, дарҳои бозорро бастанд. Ба ибораи дигар, ашхоси бениқоб аз гузаргоҳҳои махсуси зиддисироятӣ имкони гузаштан надоранд. Дар растаҳои савдо ҷойҳои нишаст дар фосилаи 1,5 - 2 метр ҷудо карда шуда, зери назорат қарор доранд. Яъне хуруҷи коронавирус дар шаҳри Хуҷанд низ коҳиш ёфта бошад ҳам, мубориза идома дорад.
                                                               
ТУРСУНЗОДА. “ИБРАТ”-И КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ
Пӯшидани ниқоб, ки яке аз роҳҳои асосии муҳофизат аз сирояти коронавирус маҳсуб меёбад, мутаассифона, дар серҷамъияттарин маконҳои шаҳри Турсунзода – бозорҳо як масъалаи назарногир ба чашм мерасад.  Матои хлордоре (дезбарйере), ки дар даромадгоҳҳои бозор гузошта шудааст, аз зарби пойҳои сершумор ва ифлосӣ ба латапораи пӯсида табдил ёфтааст. Маълум, ки чанд рӯз боз иваз накардаанд. 
24 июни соли равон дар зарфи як соати назди даромадгоҳи бозори марказии шаҳр бо номи «Ҷамъияти матлубот» ва бозори «Ҳоҷӣ Файзуллохон» истодан, беш аз 100 ҳолати гаштугузори бениқоби харидорону савдогаронро шоҳид гардидем. Ҳамчунин, қариб 20 ҳолати дастфишории одамон  ба назар расид.  Дар даромадгоҳи ҳар ду бозор нафаре набуд, ки  сабаби   бениқоб ворид шудани мардумро пурсад, ҳарораташонро санҷад.
Ҳайратовар буд, ки дар бозори марказии шаҳр дар ин кор фурӯшандаҳо аз харидорон «фаъолтар» буданд. Маҳлулҳои зиддиуфунию ниқобро гӯё барои соати мабодо гирифтаанд, ки фақат ҳангоми пайдо шудани масъулон ё гурӯҳҳои назоратӣ дарҳол аз халта бароварда рӯи пештахта мегузоранд ва саросема ниқоб мепӯшанд. Муваққат. Аз ҷумла, савдогарон Ҷонибек Ғафуров ва Мастура Очилова баъди муколамаи мо ниқоб ба бар карда, маҳлул доштанашонро ҳам нишон доданд. Ҳол он ки тибқи иттилои роҳбарияти бозори «Ҳоҷӣ Файзуллохон», ҳафтае қабл корманди  бахши нақлиёти мусофирбарии ҳамин бозор бо нишонаҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуд. Вақте ба беморхона мебурданд, аллакай таби баланд доштааст. Тавре табибон пайваста огоҳу таъкид мекунанд, таби баланд нишонаест, ки баъди як ҳафтаи сироятёбӣ аён мегардад. Давоми як ҳафтаи гирифторшавӣ ӯ дар бозор ҳангоми кор шояд даҳҳо нафарро сироят карда бошад. Аммо тавре мебинем, ин ҳодиса ба маъмурият ва савдогарони бозор сабақ нашудааст, ки чунин фориғболанд.
Рустам Шокиров, сарнозири бозори «Ҷамъияти матлубот»,  гуфт, ки агарчи ҳоло аз миёни савдогарону кормандони бозор касе ба SARS-CoV-2 гирифтор нест, моҳи гузашта чанде аз фурӯшандагону масъулони он бо нишонаҳои бемории мазкур бистарӣ шуда буданд.
- Кормандон ва аҳли савдои бозор ҳар субҳ аз ташхис гузашта, сипас ба кор шурӯъ менамоянд. Дар ҳолати напӯшидани ниқоб роҳбарияти бозор  ҳуқуқи ҷаримабандӣ надорад, ба ҷуз корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдану огоҳ сохтан. То имрӯз мо ба ҳамаи савдогарону харидорон доир ба оқибатҳои риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ огоҳнома додем, ки дар сурати  такроран вайрон намудани қоидаҳо тибқи қонунгузории кишвар ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Аммо вазъият қариб тағйир наёфтааст, - изҳори нигаронӣ намуд ӯ. 
Пас аз мушоҳидаи ҳолати ташвишовари бозорҳо ба идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рафтам. Вақте вориди бинои маьмурӣ  гардидам, дилпур будам, ки дар идораи мақомоти маҳаллӣ аз ҳар нафар пӯшидани ниқоб ва бо маҳлули зиддиуфунӣ шустани дастонро талаб намуда, ҳарораташро месанҷанд.  Аммо дастгоҳи ҳароратсанҷ он тараф истад, муҳофизи бинои маъмурӣ худ на ниқоб дошту на маҳлули зиддиуфунӣ. Вай саргарми пур кардани сканворд буд. Дар дохили бино ҳам аз кормандони масъул кам нафареро дидем, ки ниқоб пӯшида бошанд. Пас аз фурӯшандаҳои бозорҳою мардум чӣ ҷои гила?!
Тибқи иттилои Парвизҷон Маҳкамов, мудири шуъбаи санитарии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода, то имрӯз дар шаҳр 429 ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби дутарафаи шуш ва коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз сабабҳои асосии он риоя нагардидани қоидаҳои гигиенӣ, махсусан напӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Аз вазъи бозорҳои номбурда бармеояд, ки харидорону сокинони шаҳр  ҳанӯз ҳам ба хатари марговари ин вабо сарфаҳм нарафтаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки масъулони шаҳрдорӣ масъаларо ҷиддӣ нагирифтаанд ва бепарвоии сокинон аз ин ҷо сар задааст. Зимнан, дар ҳар гӯшаи бозори марказии шаҳр камераҳои назоратӣ насб шудаанд, ки барои  дар асоси наворҳои сабтшуда санҷида баромадани ҳолати воқеӣ ва андешидани тадбирҳои маъмурӣ имкон медиҳанд. Аммо ин кор ба гӯшаи хаёли касе намерасад. Мутаассифона, дар баробари коронавирус дар шаҳри Турсунзода, вируси "фориғболӣ" нуфуз кардааст.

Комрон САФАР (Бохтар),
Шаҳбоз АБРОР (минтақаи Кӯлоб),
Ҷовиди АШТӢ (Хуҷанд),
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ (шаҳри Турсунзода), «Ҷумҳурият»


АЗ ИДОРА. Тавре бармеояд, вазъи кунунии бозорҳо ниҳоят нигаронкунанда буда, метавонад боиси хуруҷи беморӣ гардад. Ба назар чунин мерасад, ки мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз комёбиҳои зиддивирусӣ воқеан хотирҷамъ гаштаанду мардум зуд инро дастак намуд. Вагарна таъмини низоми қатъии ниқобпӯшӣ ҳеҷ мушкили дандоншикан нест. Гузашта аз ин, аз ҷониби вакилони МНМО Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд, ки барои паҳнкунии бемории хавфнок аз ду то панҷ сол аз озодӣ маҳрум мекунанд. Инчунин, тибқи илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бениқобгардӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд.
Хуллас, ҳолати кунунии бозорҳо дахолати фавриро тақозо дорад. "Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ", - гуфтаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2020    №: 119    Мутолиа карданд: 223
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед