logo

Хабарҳо

МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

Sputnik. - Россия омода аст ваксинаҳо барои коронавируси навро ба бозори ҷаҳонӣ ворид кунад, - гуфт Михаил Мурашко, вазири тандурустии кишвар, дар саммити “Ҳадафи глобалӣ - Иттиҳод барои оянда”.
Мурашко хотирнишон кард, ки аз рӯзҳои аввали пандемияи коронавирус Россия ба кишварҳои хориҷӣ мадад расондааст ва омода аст, ки дар оянда низ ин корро идома диҳад. "Бо назардошти хатари мавҷи дуюми пандемия, Россия тайёр ҳаст, ки бозори ҷаҳониро бо васоити зиддивирусӣ, аз ҷумла доруҳо, системаҳои озмоишӣ ва ваксинаҳо таъмин кунад",- гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки 17 июн дар Россия озмоиши клиникии ваксинаи SARS-CoV-2 оғоз ёфт.


СҶТ ТЕЪДОДИ ВАКСИНАҲО АЗ COVID – 19 - РО АНИҚ ГУФТ
The Indian Express. Муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сумия Сваминатан миқдори ваксинаи омодашударо маълум намуд.
Айни замон дар дунё тақрибан 200 ваксина аз COVID-19 таҳия мегардад, ки дар марҳилаи гуногуни офариниш ва озмоиши клиникӣ қарор дорад. «Аз ин миқдор 15 ваксина, аллакай, дар одамон озмуда мешавад», - хабар дод Сваминатан.
Ӯ зикр намуд, ки СҶТ барои истеҳсоли ваксина аз вируси нав аз 12 то 18 моҳ муҳлат медиҳад. Ин муҳлати бесобиқа аст. Чунки маъмулан коркарди ваксина то даҳ сол давом мекунад.

МАҚОМОТИ ПЕКИН: "МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУСРО ТО ОХИРИ ИЮЛ
ШИКАСТ МЕДИҲЕМ"
АИР Новости. Нахустин коре, ки мақомоти шаҳр анҷом дод, дари бозори "Синфади" - ро маҳкам баста, ҳамаи фурӯшанда ва муштариёни онро карантин кард.
Дар пайдо намудани гирифторони эҳтимолӣ ба мақомот ширкатҳои Alipay ва Wechat ёрӣ расонданд. Онҳо феҳрасти муштариёнашонро, ки аз ин бозор харид намуда буданд, ба мақомот манзур карданд. Феълан дар Пекин 280 нафар мубталои коронавирус буда, 22 нафари дигар бидуни аломат ба ин беморӣ гирифтор аст. Зимнан, аз 11 то 23 июн дар Пекин ҳудуди 3 миллион нафар аз ташхис гузаронда, барои ин кор беш аз 7 ҳазор корманди соҳаи тиб ҷалб карда шуд.
Ҳолати фавқулода ва чораҳои маҳдудкунанда дар шаҳр ҳадди ақал аз ду то чор ҳафта боқӣ хоҳанд монд ва охири моҳи июл шумораи сироятшудагон ба сифр баробар хоҳад шуд.


МАКРОН НИЯТИ САФАРИ РОССИЯ ДОРАД
АИР Новости. Президенти Франсия Эммануэл Макрон аз нақшаи ба қарибӣ сафари Россия карданаш хабар дод.
«Муколамаи эътимодомезе, ки бо Президенти Россия Владимир Путин дар Брегансон оғоз намуда будем, идома дорад. Амнияти Аврупо, муноқишаҳои минтақавӣ, иқлим аз мавзӯъҳое мебошанд, ки баррасӣ мекунем. Мо ба пеш меравем ва ба наздикӣ ба Россия меравам», - навиштааст Макрон дар твиттер.
Чанде қабл Путин Макронро ба Москва хонд. Сарвари Франсия ҷавоб дод, ки  вазъи пандемӣ имкон диҳад, охири тобистон меояд.


МЕРКЕЛ ЗАРУРАТИ ИДОМАИ МУКОЛАМАИ СОЗАНДА БО МОСКВАРО ТАЪКИД ДОШТ
«Интерфакс». Канслери Олмон Ангела Меркел гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ муколамаи созанда бо Россияро бояд давом диҳанд, зеро Москва дорои таъсири зиёди стратегӣ мебошад.
«Барои идомаи чунин гуфтушунид бо Россия ҳама асос мавҷуд аст. Дар кишварҳое аз қабили Сурия ва Либия нуфузи стратегии Россия калон мебошад. Аз ин рӯ, ман ба идома додани ҳамкорӣ кӯшиш хоҳам кард», - гуфт канслер.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 154
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед