logo

иқтисод

РӮ БА РУШД. ДАР БОРАИ САНОАТИ САБУК

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Ин қадами стратегӣ ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд гардидани маҳсулоти саноатии рақобатпазири ватанӣ ва иқтидори содиротии кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Абдурауф Пӯлодов, сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, гуфт, ки саноати сабук бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, хусусияти мусоидат ба ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, бахусус барои занону духтарон ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмини бозори дохилӣ соҳаи афзалиятноки ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо иштироки Сарвари давлат ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр моҳи январи соли 2020 корхонаи «Ваҳдат Текстайл» дар шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона 19,2 миллион ҷуфт ҷуробҳои мардонаву занона, бачагона ва варзишӣ мебошад. Корхона 300 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб фаро мегирад.
- Инчунин, 29 майи соли равон марҳилаи дуюми ҶДММ «Фарм Текс» ба истифода дода шуд. Хатҳои истеҳсолии корхона бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, аз ҷумла маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва гигиенаи шахсӣ, ба роҳ монда шудааст. Корхона дар як шабонарӯз то 2 тонна нахи пахтаро коркард мекунад. Коргоҳ бо 26 хати нави технологӣ барои истеҳсоли докаи тиббӣ, инчунин, дигар дастгоҳҳои ёрирасон муҷаҳҳаз буда, дорои иқтидори солонаи истеҳсоли то 5 миллион дона докаи тиббӣ мебошад. Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, таъсиси ҷойҳои кории нав, ҳамзамон, фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ роҳандозӣ гардида, кӯрпаҳо ва кӯрпачаҳои пахтагин, рахти хоб ва ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар корхонаи мазкур барои 100 - 120 нафар ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд. Маҳсулоти коргоҳ босифату безарар аст, - гуфт А. Пӯлодов.
Дар доираи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар дар соҳа амалӣ шуда, ба таъмини коркарди бештари ашёи хом дар дохили кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда таваҷҷуҳ бештар гардидааст. Бо заҳмати кормандон корхонаҳои соҳа дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ба даст меоранд. Нишондиҳандаи истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати сабук тамоюли болоравӣ дорад. Дар натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида корхонаҳои соҳаи саноати сабук соли 2017 ба маблағи 2,5 миллиард, соли 2018 - 2,7 миллиард ва соли гузашта 2,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Тибқи афзалиятҳое, ки Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 муайян намудааст, ба истеҳсолоти коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бартарият дода мешавад. Ҷиҳати коркарди нахи пахтаи истеҳсолшуда дар кишвар 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 80 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мавҷуд мебошад. Тӯли се соли охир корхонаҳои ресандагӣ ҳаҷми истеҳсоли ресмони пахтагинро мунтазам афзоиш дода истодаанд.
Фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти коркарди нахи пахта барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мусоидат кард. Ба истифода додани маҷмааи ресандагии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» қадами устувор дар рушди коркарди нахи пахта ба ҳисоб меравад.
Дар корхонаҳои дӯзандагӣ, асосан, дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Олмон ва Федератсияи Россия васлу насб гардидаанд, ки ин ба баланд бардоштани сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи як қатор корхонаҳои соҳа дар бозорҳои хориҷи кишвар, аз  ҷумла  Италия,  Россия  ва  Беларус, харидорони худро пайдо намуда, соли 2019 ба маблағи 157 миллион сомонӣ шимҳои мардона, бачагона аз матои ҷинс, нимшим, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно содирот гардидааст ва ин нишондиҳанда 60 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Қолинбофӣ ҳунари қадимаи миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа ба ташкили истеҳсолоти нав, таъмини талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад. Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020» корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд ва истеҳсоли қолин нисбат ба соли 2014 дую ним маротиба афзоиш ёфта, соли гузашта ба 4 миллиону 701 ҳазор метри мураббаъ расонда шуд.
Тайи ду соли охир дар соҳаи мебелбарории кишвар корхонаҳои калони ҶДММ «Арча мебел» дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфтанд. Солҳои 2017 - ум ба маблағи 25,9 миллион, 2018 - ум 42,9 миллион ва соли гузашта ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ истеҳсол шудани мебелҳои гуногун аз рушди соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад. Қисми зиёди корхонаҳои соҳа бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, қобилияти истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла барои утоқҳои корӣ, боғчаҳои кӯдакон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ, тиббӣ, хона ва ошхона, бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи ҷориро доранд.
Корхонаҳои ҷумҳурӣ имконияти коркарди 2 миллион дона пӯсти чорвои хурду калонро доранд. Коркарди пӯсти чорво аз 433,8 ҳазор донаи соли 2017 соли гузашта ба 534,2 ҳазор дона расид.
- Минбаъд низ дар самти рушди устувори саноати сабуки кишвар, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содироти маҳсулот дар ҳамбастагӣ бо корхонаю соҳибкорони истеҳсолӣ ва истифода аз тамоми имкониятҳои моддию техникӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, - гуфт Абдурауф Пӯлодов.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 260
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед