logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Ифтитоҳи ду хати нави технологияи истеҳсолӣ дар ҶСП "Оби Зулол"

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" - ро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки хати муосири технологӣ дар ин корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидааст, ки ин технологияи муосир дар Осиёи Марказӣ беназир аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ фаъолият дорад ва онҳо бо маоши баланд таъмин мебошанд.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" соли 2000 - ум таъсис ёфта, марҳила ба марҳила иқтидори истеҳсолиаш зиёд мегардад. То ин дам дар корхонаи саноатӣ чор хати технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хати нави истеҳсолӣ ба кор даромад ва дар самти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифат, хусусан ғизои кӯдакона қадами устувор гузошта шуд.
Корхона фаъолияти худро бо истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани газдор ва бегази брендҳои "RC" ва "Оби Зулол" дар зарфҳои 0,33, 0,5, 1,0 ва 1,5 - литра шурӯъ кардааст. Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ дар як соат аз 14 то 20 ҳазор литр ва солона бошад, 82,8 миллион литр нӯшокии ташнагишикани газдор ва бегазро ташкил медиҳад.
Тавлидоти афшура ва шарбат аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла зардолу, биҳӣ, олуча, себ, анор, нок, шафтолу, олу, гулчини меваҳо дар қуттии 1-литра анҷом дода мешавад ва иқтидори истеҳсолӣ дар як соат 5 ҳазор қуттӣ мебошад.
Дар хати дигари технологӣ меваҳои ватанӣ дар зарфҳои калонҳаҷм коркард мешаванд ва дар як соат имкон аст аз 5 то 7 ҳазор килограмм мева коркард гардад. Иқтидори солонаи коргоҳ 25 ҳазор тонна меваи тару тозаи табиӣ аст.
Акнун хати муосири технологӣ, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураву шарбат пешбинӣ шудааст, дар зарфҳои шишагии 0,33 ва 0,5 - литра бо усули резиши гарм ва хунук ба фаъолият оғоз кард, ки иқтидори истеҳсолии он 5 ҳазор адад зарфи шишагӣ дар як соат буда, солона ба 8,4 миллион литр мерасад.
Хати технологии истеҳсоли ғизои кӯдакона, шаҳду шарбат ва мураббои мевагӣ аз хамираи мева бошад, дар зарфҳои нарм дар ҳаҷми аз 90 то 220 грамм истеҳсол мегардад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар хати нави технологӣ дар як дақиқа 88 қуттӣ истеҳсол шуда, иқтидори солона ба 12 миллион қуттӣ баробар аст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолшудаи ғизои кӯдакона ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси масъулони ширкат дар самти истеҳсоли маҳсулоти босифати ғизоӣ барои кӯдакон изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз тавлидоти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, таъмини ғизои босифату дорои унсурҳои бойи табиӣ барои солимии кӯдакон мебошад. Бояд гуфт, ки маҳсулоти нави ғизоӣ барои кӯдакон дар ҷумҳурӣ бори нахуст истеҳсол мешавад.
Дар маҷмӯъ, бо фаъол гардидани хатҳои нави технологӣ иқтидори корхона бамаротиб афзуда, истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шуд. Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" оби маъданӣ, асосан, аз ду чоҳ, аз умқи 170 ва 220 метр кашида шуда, тавассути дастгоҳу таҷҳизоти махсус полонида мешавад.
Дар ташхисҳои озмоишгоҳӣ муайян шудааст, ки оби коргоҳ сифати баланд дошта, дар баробари хуштаъм будан, дорои унсурҳои зиёд мебошад.
Сифати баланди маҳсулот ва фаъолияти пурсамар боис ба он гардид, ки нуфузи ширкат дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, тавлидоти ватанӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардад.
Баъди ба кор даромадани хатҳои нави технологии истеҳсолӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ғизоӣ дидан карданд. Дар намоиш ҳамаи намуди маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ва дастовардҳои он муаррифӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супориш доданд.
Гуфта шуд, ки то 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ боз хати нави технологӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва васлу насб мегардад, ки барои коркарди ангур ва истеҳсоли шарбату афшура ва қанди моеъ аз он пешбинӣ шудааст.
Масоҳати корхона 10, 4 гектар буда, дар 3 гектари он биноҳои истеҳсолӣ ҷойгиранд. Ҳамчунин, иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои нигаҳдории маҳсулоти тайёр ва хом низ бунёд шудаанд, ки дар пешрафти истеҳсолот нақши муҳим доранд.
Дар ҳудуди корхонаи саноатӣ дар масоҳати наздики 5 гектар боғ бунёд гардида, корҳои ободонию гулзоркунӣ анҷом ёфтаанд. Инчунин, масофаи 500 метр роҳ то ҳудуди корхона мумфарш шудааст.
Масъулони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" азм доранд, ки ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пешрафти соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ бо шарикони рушд ҳамкории судмандро бештар ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулоти ватаниро боз ҳам афзоиш диҳанд.

Беморхонаи ноҳиявии № 5 дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳи рамзӣ беморхонаи ноҳиявии № 5 - ро ифтитоҳ намуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи марти соли 2018 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Садрӣ Файзиев оғоз гардида, он дар муҳлати муайянгардида бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд ва барои 60 нафар шароити корӣ фароҳам гардид.
Беморхона дорои 4 ошёна буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.
Маркази саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва дигар технологияи муосири ташхису табобат ҷиҳозонда шудааст.
Дар баробари васлу насби беҳтарин технологияи тиббӣ, инчунин, дар ошёнаҳои якум ва дуюми беморхона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисон бо истифода аз гулу рустаниҳои шифобахши ватанӣ имкон доранд маризонро ба ин намуди табобат фаро гиранд.
Ҳуҷраҳои беморхона, маҷмӯан, дорои 75 кат буда, барои бидуни мушкилӣ гузарондани мавсими сармо ҳар яке бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ва хати озоди барқ пайваст шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кор дар беморхона, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич ва атрофи он туҳфаи арзишманд дар солгарди навбатии Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд.
Акнун, ки вазъи хизматрасонии мутахассисон дар беморхона минбаъд дар шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза сурат мегирад, Пешвои миллат онҳоро барои расондани ёрии босифати тиббӣ ба сокинон ҳидоят намуданд.
Барои ба пуррагӣ анҷом додани корҳои бунёдӣ дар беморхонаи мазкур саҳмгузории дигар шахсони саховатпешаи деҳот низ назаррас арзёбӣ мегардад. Масъулияти баланди худшиносии миллӣ ва дар иҷрои ин амал камари ҳиммат бастани соҳибкорон аз иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, қомат афрохтани бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастрасии бештар аз 26 ҳазор сокини деҳоти Далёни Боло ба хизматрасонии тиббӣ натиҷаи ҳамин пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат аст.
Тарҳи зебои иморати навсохт, роҳравҳои сафолакпӯш, фаввораҳои ранга ва саҳни бо дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ зинатёфтаи бинои муассисаи тандурустӣ бошад, ба ҳусни деҳоти дурдасти кишвар шукӯҳи хосае мебахшад. Ба Сарвари  давлат тазаккур доданд, ки муассисаи тандурустии навсохту замонавӣ ба тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич гузаронда мешавад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи соҳибкор Садрӣ Файзиев ва дигар шахсони ватандӯсти деҳот, ки бо бунёди беморхонаи замонавӣ шароити мусоиди фаъолият ва дастрасии сокинон ба хизматрасонии тиббиро таъмин кардаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, анҷоми чунин эҳсонкориҳоро ба нафъи миллату ҷомеа амали ҷавонмардона арзёбӣ намуданд.

Боздид аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии “Шердил”
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич аз хоҷагии деҳқонии “Шердил” боздид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагӣ дидан карданд. Дар намоишгоҳ анвои беҳтарини меваю сабзавот ва полизиҳо ба Пешвои миллат муаррифӣ гардид.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 17,5 гектар замин дошта, 9 гектари он замини корам, 3 гектар чарогоҳ, 5,5 гектар боғ, аз ҷумла 4 гектар боғи мевадиҳандаи себ, шафтолу, гелос, олуча ва нок, мебошад.
Аз сабаби он ки иқлими мавзеи Далёни Боло нисбатан сард аст, то имрӯз дар ин ҷо кишти пиёз ба роҳ монда намешуд. Аммо имсол аҳли заҳмат барои таҷриба бори аввал дар масоҳати 1,5 гектар кишти пиёзи навъи «Бангкок» - ро ба роҳ монда, ҳосили хубро интизоранд. Ҳамчунин, дар байни қатори пиёз чормағзи заминии навъи туркӣ шинондаанд ва он таҷрибаи нав дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад.
 Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Шердил» дар масоҳати 4 гектар гандум киштаанд, ки рӯзҳои наздик дарави он шурӯъ мешавад.
Масоҳати кишти картошкаи навъҳои серҳосил 4 гектар аст. Дар як гектар парвариши помидор ва дар 50 садяки дигар бошад, кишти навъҳои гуногуни зироат ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии «Шердил» соли 2003 ташкил шуда, соли 2014 таҷдид гардидааст. Дар он 9 саҳмдор фаъолият намуда, заминро самаранок истифода мебаранд ва натиҷа ҳамин аст, ки, аллакай, заҳмати онҳо самараи хуб ба бор овардааст.
Оби полизӣ ба заминҳои хоҷагӣ аз умқи 100 метр кашида мешавад. Кишоварзони ботаҷриба бо мақсади саҳм гузоштан дар фаровонии бозори дохилӣ ва паст кардани нархи аслии маҳсулот дар бозорҳои ҳудуди вилоят ва пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, аз ҳарвақта дида бештар заҳмат мекашанд.
Ба ақидаи картошкапарварони хоҷагӣ, обу ҳавои мусоиди минтақа ба истеҳсоли навъҳои босифати картошка мувофиқ буда, интихоби тухмии навъи аъло имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст оварда шавад.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Шердил» барои истифодаи босамари замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳи миёни деҳаҳои навбунёд то заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шердил» дар масофаи 2,6 километр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш гардид.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё»
2 июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» шинос шуданд.
Корхонаи «Сирдарё» соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 0,58 садяк замин бунёд шуда, масоҳати якҷояи коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳамагӣ 0,48 садякро дар бар мегирад ва дар ҳамин ҳаҷми хурди масоҳат бо ҷойгир намудани 6 хату таҷҳизоти технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот, рехтану бандубасти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, 3 хати технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250 - грамма, 1 - литра ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ мебошанд.
Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин васлу насб гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар таъсиси чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ баҳои баланд доданд.
Дар корхонаи «Сирдарё» бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мешаванд. Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошанд. Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.
Соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат, ба бандубасту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хосса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мемонанд.
Ба маҳсулоти корхона харидорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ менамоянд ва афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Афғонистону Қирғизистон, содирот мегарданд.
Дар корхонаи «Сирдарё» беш аз 40 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин буда, бо васеъ намудани фаъолият шумораи коргарону мутахассисон ба 60 нафар расонда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимӣ дар як шабонарӯз наздики 10 тонна меваю сабзавот буда, соҳибкорон барои афзудани ҳаҷми истеҳсол нақшаҳои навро амалӣ менамоянд.

Ифтитоҳи маркази савдою хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими ба истифода додани маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» иштирок намуданд.
Марказ бо саҳму иқдоми соҳибкори ватанӣ Шавкат Аюбов бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншооти мазкур, ки аз 2 қисми 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён КС» таҳия гардида, бо қувваи коргарону мутахассисони ширкати «Нанотех М»-и шаҳри Хуҷанд бо тарҳу намуди хосса сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маркази савдою хизматрасонии соҳибкор таъкид доштанд, ки ба ифтихори истиқболи сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд. Дар иҷрои амалҳои бунёдкорӣ соҳибкорони ватандӯст саҳми арзанда доранд. Сарвари давлат, ҳамзамон, изҳор намуданд, ки бо чунин дастовезҳои арзанда ҷашни мубораки миллиамон истиқбол гирифта мешавад.
Дар ошёнаи 1 - уми марказ толори ҳусн, мағозаи фурӯши либоси тӯёна, қаҳвахона, дар ошёнаҳои 2 - юму 3 - юм тарабхонаҳо ҷойгир шуда, дар ошёнаи  4 - ум маркази бозию шуғли кӯдакон таъсис меёбад.
Дар толори қаҳвахонаи «Хуҷанд Плаза» нахустин чорабинӣ – мулоқоту суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 50 нафар кӯдакони ятим аз шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Сарвари давлат бо ин кӯдакон, ки бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона, бо меҳри падарона аз наздик суҳбат намуданд. Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо – сарулибос ва маблағ тақдим карданд.
Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархӯрдоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд ва дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ, саробону сарпарасти худро доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон бори дигар дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд то ба воя расиданашон таҳти назорату ғамхории доимӣ бошанд.
Сарвари давлат дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.

Ба истифода додани марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»
Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дастуру ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15 - и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид.
Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ татбиқ гардида, дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва лӯлаҳои қутрашон гуногун бештар аз 16 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4 - и Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» - ро дар бар мегирад,  дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, як адад пойгоҳи обкашӣ бунёд  ва  2 ҳазору 900 метр лӯлаҳои қутрашон аз 355 то 500 миллиметр васл  гардида, ҳамчунин, барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду адад трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.
Барои татбиқи лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», ки дар маҷмӯъ, 4 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф карда мешавад ва дар солҳои наздик мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби шомиданӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур бунёди ду ҳавзи бузург - ҳар кадом бо ғунҷоиши 3 ҳазор метри мукааб об, васлу насби лӯлаҳои ба фишори баланд тобовар ва тақсими оби нӯшокӣ дар дохили маҳаллаҳо бо истифода аз лӯлаҳои қутрашон аз 75 то 400 - миллиметраро дар бар мегирад.
Дар марҳилаи сеюм ва чорум бошад, кашидани хати оби ошомиданӣ бо лӯлаи қутраш 1000 - миллиметра аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд аз масофаи 18 километр дар назар аст.
Бо татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳа дар маҷмӯъ, 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин мешавад.
Сокинони шаҳри Хуҷанд ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2020    №: 121    Мутолиа карданд: 406
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед