logo

Хабарҳо

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

Sputnik.  Аз 25 то 30 июн 642 шаҳрванди Тоҷикистон аз Россия ба Ватан баргардонда шуд, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Парвозҳои чартериро дар мувофиқа бо ҷониби Россия ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба ҷо оварданд. 25 июни соли ҷорӣ 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Москва, 26 июн 228 нафар аз Қазон ва 30 июн 184 нафар аз Новосибирск баргашт.
Ба иттилои ВКХ, бо ҳавопаймоҳо, пеш аз ҳама, занону кӯдакон ва бемороне, ки бино ба қатъи парвозҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Россия дармонда буданд, оварда шуданд.
Қаблан, вазорат иттилоъ дода буд, ки аз 25 июн Тоҷикистон барои баровардани шаҳрвандони худ аз Россия 8 парвози чартерӣ аз Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург роҳандозӣ мекунад.


БОР БАРОИ ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ВА ЗАНОНИ ТОҶИК 30 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МЕДИҲАД
Sputnik.  Бонки осиёии рушд (БОР) барои такмили ихтисоси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос медиҳад, хабар дод намояндагии бонк дар кишвар.
"Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуғл ва музди меҳнат, инчунин, тавсеаи имконоти агентӣ оид ба шуғл ва муҳоҷират, 30 миллион доллар грант ҷудо карда мешавад", - омадааст дар хабар. Бо ин маблағ дар Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ се маркази нави хадамоти муҳоҷират бунёд ва муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
"Ин лоиҳа хусусан ҳоло муҳим аст, зеро Тоҷикистон интизори афзоиши бекорӣ ва муҳоҷирони баргашта бинобар пандемияи COVID-19 мебошад," - гуфт Эко К. Изава, сардори Маъмурияти лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР.
Инчунин аз Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон, ки онро БОР идора мекунад, гранти иловагӣ ба маблағи 1,5 миллион доллар дар назар аст.


ҲАЛОКАТИ 19 НАФАР ДАР ТЕҲРОН
ISNA. «Бар асари таркише, ки дар яке аз беморхонаҳои қисми шимоли пойтахти Эрон рӯй дод, 19 тан кушта ва 24 нафар ҷароҳат бардошт», - гуфт намояндаи хадамоти ёрии таъҷилии Теҳрон Муҷтаб Холидӣ.
Муовини волии вилоят оид ба масоили амният Ҳамидризо Гударзӣ афзуд, ки аз пайи ҳодиса чанд нафар, аз ҷумла сарвари беморхона, боздошт шуд.
Қаблан намояндаҳои мақомот тавзеҳ дода буданд, ки сабаби эҳтимолии таркиш ихроҷи газ ва сӯхтор мебошад, ки боиси ангезаи таркиши баллонҳои оксигендор дар таҳхона шуд. Таркиши онҳо оташро доман занонд ва он ошёнаҳои болоро фаро гирифт.


ДАР АВРУПО МИҚДОРИ РЕКОРДИИ АМФЕТАМИНИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» МУСОДИРА ГАШТ
Lenta.ru. Дар Италия полиси молиявӣ партияи рекордии 14-тоннагии амфетамин иборат аз 84 миллион ҳабро бо арзиши беш аз миллиард евро мусодира намуд.
Ин миқдор нашъаро политсия дар се контейнер силиндрҳои коғазӣ барои истифодаи саноатӣ ошкор сохт, ки ба бандари Салернои Италияи Ҷанубӣ фиристода мешуданд. Аз дохили 40 силиндри контейнерҳо миллионҳо амфетамин баромад, ки рамзи «каптагон» дошт. Бо ин рамз маводи нашъадори истеҳсоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро ишора мекунанд.
Тибқи маълумоти полис, ин амфетамин дар Сурия истеҳсол шуда, пули савдо ба маблағгузории фаъолияти террористӣ масраф мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 200
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед