logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Дар филворди навбатӣ номи маконҳои тамошобоб, таърихӣ ва номҳои ҳунарҳои мардумии тоҷик ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.

Таҳияи Муинҷон ХОЛИҚОВ,
сокини ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА МУАММОИ «ВАҲДАТ», АЗ 26 ИЮНИ СОЛИ 2020
1. Ваҳдат. 2. «Тоҷикон». 3. Нишон. 4. Неъматов. 5. Вилоят.
6. Тоҷик. 7. Кӯлоб. 8. Бохтар. 9. Рафоқат. 10. Тоҷикистон. 11. Норак. 12. Кабӯтар. 13. Раият. 14. Ташкилот. 15. Ташаккур. 16. Ранг. 17. Гандум. 18. Мамлакат. 19. Тобистон. 20. Нанг. 21. Гурӯҳ.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ПУЛИС ВАЗИРРО АЗ ҲУҚУҚИ РОНАНДАГӢ МАҲРУМ КАРД
Соли 2010 пулиси роҳ вазири нақлиёти Ҷумҳурии Чехия Вит Бартаро аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кард. Вазир ҳангоме боздошт шуд, ки воситаи нақлиётро бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора менамуд ва мошинаш ҳам бидуни рақамҳои давлатӣ дар хиёбонҳои шаҳри Прага ҳаракат менамуд.
Дар пайи чунин қоидаситезӣ бо қарори комиссияи назорати роҳи кишвар вазир шаш моҳ аз муҷаввизи ронандагиаш маҳрум гардида, илова бар ин, вазифадор шуд, ки 210 евро ҷарима супорад. Дар ҳамин ҳол, даъватҳое ба миён омаданд, ки вазир бояд ду баробари ин ҷазо дода мешуд, то рафтори ӯ, ҳамчун мақоми баландпояи идораи роҳу нақлиёт ба дигарон намуна шавад.
Таҳияи ФАРОМАРЗ, аз интернет


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Хонаҳо чӯбин буданд, ошёнаҳои дуюм аз якум барҷаста баромада ва ошёнаҳои сеюм аз дуюм васеътар буда, берун баромада меистоданд. Ошёнаи иморатҳо ҳар қадар, ки зиёдтар шаванд, бино ҳамон қадар сербартар мешуд. Девори хонаҳо аз сутунҳои ғафс ва калон иборат буданд, миёни ин сутун ва ходаҳоро бо ҳар гуна масолеҳи бинокорӣ пур карда, рӯяшро андова мекарданд…

* * *
Булбулон дар чаман, эй дил, ба хурӯш омадаанд,
З-оташи лола дигарбора ба ҷӯш омадаанд.
Шоҳидон дар чаман аз лӯълӯву лолои саҳоб
Чеҳра ороставу ҳалқа ба гӯш омадаанд.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 26 ИЮНИ СОЛИ 2020
Йордан Нилев, адиби Булғористон
Умари Хайём

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ТӮЙ ДАР МОҲ
КОРОНАВИРУС ВА ТАҶРИБАИ НАВИ ҶОПОНИҲО
Бар асари коронавирус қатъ гаштани маросими хонадоршавӣ дар Ҷопон боиси рӯи кор омадани лоиҳаи нав - тӯйи маҷозӣ гашт.
Барои гузарондани чорабинӣ студияи махсусе омода шудааст, ки навхонадорон дар манзараи Моҳ ва ё кӯл менишинанду иштирокдорон паси равзанаҳои компютер ё телефон. Ҳунармандон бошанд, дар маросим мустақиман иштирок менамоянд ва ё сабти худро ирсол медоранд. Зимнан, ин тарзи баргузории тӯй дар шароити паҳн гаштани коронавирус заруратеро ба эҷоди маҳдудият ба миён намеорад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАН ШУМОРО ТАНҚИД КАРДАНӢ НЕСТАМ…
Нилс Бор, ки табиатан одами ором буд, ҳангоми танқиди асарҳои пучу бемазмун ҳам асабӣ намешуд ва ҳамеша хулосаашро чунин оғоз мекард: «ман шуморо танқид карданӣ нестам».
Дафъаи охир ҳам истисно набуд. Вақте Бор саҳифаи охири асари олими унвонҷӯеро хонда тамом кард, дар поварақ чунин навишт:
- Ман шуморо танқид карданӣ нестам, вале намефаҳмам, ки чаро инсон то ин ҳад вақти зиёд сарф карда, сафсата менависад.
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


АГАР РАҲО КАРДЕД, ДИГАР НАМЕЁБЕД!
Замоне бод, об ва ҳақиқат рафиқ буданд. Боре ҳақиқат ва об  аз бод пурсиданд: «Агар ба мо лозим шавӣ  туро аз куҷо  меёбем, чунки ту суръати баланд дорӣ ва ҷаҳонро дар як муддати кӯтоҳ давр мезанӣ».
Шамол ҷавоб дод: «Маро  байни кӯҳҳо меёбед ва агар он ҷо наёфтед,  назди сафедори  ларзон ҷӯё шавед».
Об дар ҷавоб ба ин суол чунин посух дод: «шумо маро назди фаввораҳо ё миёни найзор меёбед».
Дар охир аз ҳақиқат суол карданд: «Дар ҳолати зарурӣ туро дар куҷо ҷӯё шавем?
Ҳақиқат ҷавоб дод: «Дӯстон, ҳоло ки бо шумоам аз дастам сахт доред, агар раҳо кардед, дигар намеёбед!…».
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ДИЛГАРМӢ БА ЗИНДАГӢ ШАРТИ АСОСИИ ПИРӮЗӢ БА COVID - 19 АСТ
Галина Морозоваи  87 - сола давоми як моҳ дар бемористони шаҳри Москва бар асари бемории сироятии коронавирус бистарӣ буда, ду ҳафта дар шуъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт.
Ӯ ба мисли дигар одамони солхӯрда дар баробари маризии коронавирус, ҳамчунин, аз бемории шадиди дил, фишорбаландӣ ва гипертонияи шуш азият мекашид. Инчунин, се маротиба сактаи қалбро паси сар кардааст.
Ин навбат низ риояи дурусти тавсияву табобати духтурон ӯро аз ин бемории сироятӣ раҳо кард. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки бо вуҷуди доштани маризиҳои музмин тавонист ба вируси COVID -19  пирӯз ояд.
- Ягон намуди беморӣ ба синну сол рабте надошта, тарсидан лозим нест, баръакс мубориза бояд бурд. Ноумед набояд шуд. Омили асосии пирӯзӣ ба ҳама намуди бемориҳо, бахусус бемории сироятии коронавирус, ин дилгармӣ ба  зиндагист, - гуфтааст Галинаи солхӯрда.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДӮСТОНИ ҲАҚИҚӢ
… Писари як шиносамро пеш аз тӯй лозим омад, ки бо кори заруре ба сафар барояд. Ба ҷуз падари пираш касе ба доди ӯ дар тӯйхабар нарасид. Падар ба тамоми дӯстони дар рӯихат буда тамос гирифта, хабар дод, ки писараш ба мушкили азиме рӯ ба рӯ шудааст. Барои кумак рӯзу соати  таъйиншуда дар фалон ҷо  ҳозир шаванд. Рӯзи тӯй аз 200 нафари даъватшуда 30 кас ҷамъ шуд. Падар ба чеҳраи ҳайрони писар назар афканда гуфт: «Дӯстони ҳақиқии ту ҳаминҳоянд, дигарон дӯстхасак!»
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
8. Милтон Фридман (1912-2006)
Падари монетаризм. Дар оилаи яҳудиҳои аз Карпат (Украина) муҳоҷиршудаи Ню - Йорк ба дунё омад. Иқтисоддони дуюми (баъди Кейнс) бузурги садаи 20-и ҷаҳон (аз рӯи натиҷаи назарсанҷии иқтисоддонҳо).
Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод (1976),  Нишони Б. Кларк, Нишони илмии миллӣ ва Нишони президентии Озодӣ, мушовири Президенти вақти ИМА Роналд Рейган дар ду муҳлати президентӣ ва Сарвазири собиқи Британияи Кабир Маргарет Тетчер.
Дар бахшҳои нақши истеъмолгар дар истеҳсолот, назарияи монетарӣ ва мураккабии сиёсати суботи иқтисодӣ таҳқиқот бурдааст. Ақида дошт, ки бояд сатҳи муайяни «табиӣ»-и бекорӣ мавҷуд бошад, дар акси ҳол, таваррум шиддат мегирад.
Исбот кард, ки гунаҳгори асосии Таназзули Бузурги (Буҳрони Бузурги) соли 1929 Фонди федералии захиравии ИМА мебошад, ки дар манзари кам шудани пул дар муомилот ва бо суръати  пешӣ ба мизоҷон қарз додани бонкҳо миқдори даркории пулро ба муомилот набаровард.
Мухолифи маҷбуран аз аҳолӣ мусодира намудани тилло буд. Ақидаю пешниҳодҳои худро дар китобҳои «Таърихи монетарии Иёлоти Муттаҳида», «Назарияи истеъмол», «Озодии интихоб» (бестселлери  ҷаҳонӣ шуда буд), «Ду инсони хушбахт», «Омори монетарии ИМА», «Олами сармоя ва озодӣ» баён кардааст. 30 сол профессори Донишгоҳи Чикаго буд. Дар ин боргоҳи илм шогирдони зиёдеро тарбия ва роҳбарӣ кард, ки баъдан чанд нафари онҳо барандаи мукофоти муътабартарини дунё - Ҷоизаи Нобел (иқтисод) шуданд.
Дар гузариш аз қурби «тиллоии»  стандартӣ ба қурби озоди шинокунандаи асъор (сиёсати Президент Никсон) нақши калидӣ дошт.
Ба эътирофи худаш, хизмати таърихии ӯ бекор кардани уҳдадории ҳарбӣ дар ИМА буд.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
31.Иштибоҳи обӣ
Ҳукумати Испания барои сохтани киштии зериобии «The Isaac Peral» 1,75 миллиард доллар сармоя гузошт. Аммо кор ба анҷом нарасида маълум шуд, ки иштибоҳан вазни киштӣ аз меъёр хеле зиёд хоҳад шуд ва эҳтимол аст, ки, умуман, шино карда натавонад. Бино ба гуфтаи коршиносон, ҳанӯз дар аввали сохтмон кадоме аз муҳандисон дар ҳисобҳояш ғалат кардааст. Хуллас, барои бартараф сохтани «хатои кӯчак» иловатан миллионҳо доллар сарф кардан лозим омад.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


ҚОНУНИ НОНАВИШТА Ё 26 СОЛ "ГУНАҲГОРӢ" – И ЯК БЕГУНОҲ
Соли 1982 Эндрю Вилсон ҳангоми ғорати қаҳвахонае дар Чикагои ИМА дарбонро мепарронад. Полис аз рӯи тахмини мизоҷони ҳамон рӯз дар қаҳвахона ҳузурдошта, нафареро бо номи Элтон Логан қотил гумошта, боздошт мекунад.
Баъди чанде Эндрю Вилсон боз даст ба куштор мезанад, ки ин дафъа дастгир шуда, ба ҳабси якумра маҳкум мегардад. Ӯ ҷинояти аввалаашро танҳо дар назди адвокаташ иқрор мешавад, зеро медонист, ки аз рӯи қонуни махфии адвокатҳо ин сир ошкор намегардад. Иттифоқо дар мурофиаи Элтон Логан адвокати Вилсон иштирок карда, дар назди худ шарт мемонад, ки дар сурати ҳукми қатл гирифтани Логан қонуни адвокатиро мешиканад ва ҳақиқатро ошкор месозад. Вале ба Логан ҳукми қатл нею ҳабси якумра медиҳанд ва ин сир ҳамоно пӯшида мемонад.
Танҳо баъд аз дар маҳбас ҷон додани ҷинояткори асосӣ - Вилсон соли 2008 адвокаташ ба бегуноҳ будани Элтон Логан иқрор мешавад ва Логани бегуноҳ пас аз 26 соли ҳабс ба озодӣ мебарояд.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


МЕҲРИ ШИКАСТНОПАЗИРИ ПАДАР ДАСТИ СУДЯРО АЗ ҶАЗОИ МАРДИ 96 - СОЛА БОЗДОШТ
Иёлати Род-Айленди ИМА. Судя марди солхӯрдаеро, ки дар даст асо оҳиста - оҳиста ба толори суд ворид шуд, барои суръатафзоӣ ҳангоми идораи нақлиёт дар роҳ айбдор кард. Пирамард, ки аз ғояти изтироб сухан дар забонаш печида, лабонаш меларзид,  гуфт: «Ман 96 сол дорам ва маъмулан мошинро тез намеронам, танҳо дар ҳолате, ки маҷбур будам ин корро кардам. Ҳамон рӯз илоҷи дигар надоштам, чунки дар фурсати кӯтоҳ писари 63 - солаи беморамро бояд ба назди табиб мебурдам.  Вай бемории саратон дорад, барои гирифтани ташхиси хун ӯро ҳар ду ҳафта ба беморхона мебарам».
Ин ҳолат аҳли толори судро ба ваҷд овард. Судя меҳри шикастнопазири падар ва хидматгузорӣ ба фарзандро дар чунин синну сол дида, ба таври истисноӣ парвандаро қатъ ва пирамарди 96 - соларо аз ҷавобгарӣ озод намуд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, тарҷума аз русӣ


ҚАСОС
Вақте физики машҳур Нилс Бор дар конфронси илмии донишгоҳи Геттингени Олмон бе тайёрии пешакӣ маърӯза кард, ҳис намуд, ки баромадаш ба ягон нафар писанд наомад. Бо вуҷуди ин ихтиёр аз даст надода, рӯ ба аҳли толор чунин гуфт:
-  Ҷанобон, тавре, худатон шоҳидед, маърӯзаҳои  қаблии олимони даъватшуда низ пучу  бетаҳлил ва дилгиркунанда буданд. Барои ҳамин хоҳиш мекунам маърӯзаи маро ҳамчун қасос аз ташкилкунандагони конфронс қабул фармоед.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


НОБОВАРӢ БА ХУД…
Як гурӯҳ про-фессорон ба ҳаво-паймо нишастанд. Вақте ки дарҳо баста шуд ва ҳавопаймо барои парвоз омодагӣ мегирифт, ба устодон иттилоъ доданд, ки сохти ин ҳавопаймо кори дасти шогирдони онҳост.
Профессорон ба сӯйи дари ҳавопаймо шитофтанд ва кӯшиши фирор карданро доштанд. Ба ҷуз яке аз онҳо, ки бидуни тарс дар ҷои худ менишаст.
Нафаре аз ӯ пурсид:
- Чаро шумо намегурезед?
- Ман бовар дорам, ки ин «ҷонвар» парвоз намекунад!
Таҳияи Л. ШАРИФЗОДА


ЗИНДАГИИ ҒАЙРИОДӢ Ё АФСОНАВӢ
ҶАЗИРАЕ, КИ 400 НАФАРРО ДАР ДИЛИ ТАНГАШ ҒУНҶОНДААСТ
Дар ҷазираи хурдакаки Мигинго, ки масоҳаташ баробари ними майдони футбол аст, 400 нафар дар хаймаҳои аз барг ва шохи дарахтон сохташуда зиндагӣ мекунанд. Ҷазира дар байни калонтарин дарёи Африқо - Виктория ҷой гирифта, аз ҷиҳати зичии аҳолӣ ҳамчун макони ғайриодӣ барои зиндагӣ эътироф гардидааст. Сокинони он ифтихор мекунанд, ки дар ҷазираашон 5 тарабхона, кошонаи ҳусн, дорухона ва якчанд меҳмонхона мавҷуд аст. Шуғли асосии аҳли ҷазира моҳидорӣ мебошад. Аввалин бошандагон моҳигирони кениягӣ - Далмас Тембо  ва Ҷорҷ Кибебе маҳсуб меёбанд. Тибқи гуфтаи онҳо ҷазира соли 1991 таъсис ёфтааст.
Ҳоло ҷазира ба давлати Кения тааллуқ дошта, давлати Уганда талоши ба итоати худ гирифтани онро дорад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ТАБАР ДАР КОСАХОНАИ САР
ҶОРҶ РАУШ НАЗДИК БУД, КИ БА ОН ОДАТ КУНАД
Дар деҳаи наздик ба шаҳри Йоханнесбурги Африқои Ҷанубӣ деҳқони 37- сола Ҷорҷ Рауш дар анбор ҷунбуҷӯл дошт, ки нохост аз тоқчаи болоӣ табар уфтоду дар косахонаи сараш устувор монд.
Деҳқон ба духтур муроҷиат накард, зеро аз ҷарроҳ баробари аҷал метарсид.  Як ҳафта табар дар сар гашт. «Дар аввал бисёр дардовар буд, вале баъд ба он одат кардам», - гуфт деҳқон. Ҷорҷ бовар дошт, ки табар рӯзе аз рӯзҳо худаш осонакак меафтад, аммо табар афтоданӣ набуд, мустаҳкам меистод. Деҳқон шабона вақти хоб азоб мекашид, зеро сарашро ҷунбонда наметавонист. Ҳамсараш - Франчинӣ ба Ҷорҷ таҳдид кард: «Агар назди духтур наравӣ, ҷудо мешавам!». Деҳқон бо дили нохоҳам назди табиб рафт. Ҷарроҳ табарро аз сар гирифт, ҷойи захмро дӯхт. Ҷорҷ Рауш ба хона омад, каллаи докапечаш аз табари бадвоҳима дида ба занаш бештар писанд омад. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ХУШБАХТӢ Ё БАДБАХТӢ?
Дар рӯзгори куҳан пирамарде дар русто зиндагӣ мекард. Ӯ як писару як асп дошт. Рӯзе аспи пирамард фирор кард ва ҳамаи ҳамсояҳо барои дилдориаш омаданд ва гуфтанд: «Аҷаб бадбахт будаӣ, ки аспат фирор кард». Рустозодаи пир дар ҷавоб гуфт: «Аз куҷо медонед, ки ин аз хушбахтӣ ё бадбахтии ман аст?»
Ҳамсояҳо гуфтанд: « Охир ин маълум аст, ки бадбахтӣ мебошад».
Ҳанӯз як ҳафта аз моҷарои мазкур нагузашта буд, ки аспи пирамард бо ҳамроҳии 20 аспи дигар баргашт.
Ин бор ҳамсояҳо барои табрик омаданду гуфтанд: «Аҷаб иқболи баланд доштаӣ, ки аспат ҳамроҳи 20 аспи дигар омад». Пирамард изҳор дошт: «Аз куҷо медонед, ки ин аз иқболи баланди ман аст?»
Фардои он рӯз писари пирамард ҳангоми савор шудан ба яке аз аспҳо афтиду пояш шикаст. Ҳамсояҳо бори дигар омаданду баён доштанд: «Аҷаб бадбахтие...!»
Пирамард гуфт: «Аз куҷо медонед, ки ин аз бадбахтии ман аст?»
Яке аз ҳамсояҳо бо асабоният гуфт: «Ин маълум аст, ки аз бадбахтии туст, эй пирамард!» Чанд рӯз баъд неруҳои давлатӣ омаданд ва тамоми писаронро барои ҷанг ба сарзамини дур бурданд, ба истиснои писари пирамард, ки пояш шикаста буд.
Ҳамсояҳо барои табрик ба хонаи пирамард омаданду гуфтанд: «Аҷаб хушбахт будаӣ, ки писари туро ба ҷанг набурданд». Пирамард изҳор дошт: «Аз куҷо медонед, ки...?»
Аз забони арабӣ тарҷумаи Зебунисо Ҳамидзода, донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода


АЗ ЭБОЛА ТО КОРОНАВИРУС
ГЕЙТС ЧИРО ПЕШГӮӢ КАРДА БУД?
Моҳи апрели соли 2015, вақте ки эпидемияи эбола дар Африқо паҳн шуда буд, Билл Гейтс, асосгузори ширкати «Microsoft», дар платформаи TED Talks гуфт: «Ҳоло ҷаҳон бо хатари вируси ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст, ки метавонад ҷони беш аз 10 миллион нафарро аз байн барад». Ӯ дар баробари эбола, ҳамчунин, аз эҳтимоли хуруҷи вируси нав дар ҷаҳон ҳушдор дода, гуфта буд, ки вируси навбатӣ метавонад, боз ҳам хатарнок бошад. Онро тавассути ҳаво интиқол додан мумкин аст ва аксари одамони сироятёфта ягон нишонаҳои бемориро эҳсос нахоҳанд кард.
Ҳоло дар шароити паҳн гаштани коронавирус дар ҷаҳон ин баёнияи Гейтс ишора ба он дорад, ки ӯ ҳамон вақт дақиқан COVID-19 - ро пешгӯӣ кардааст. Чун домани баҳс дар ин маврид фаротар меравад, аксаран ба пайдоиши табиии вирус бо чашми шубҳа менигаранд…
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2020    №: 122    Мутолиа карданд: 352
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед