logo

Хабарҳо

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

БЕЛТА. Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор намуд, ки ниҳоди тандурустии кишвар бар вируси нав пирӯз шуд.
«Низоми тандурустии мо ба хуруҷи пандемия тоб овард. Аммо шиддати муборизаро суст нахоҳем кард, ҳарчанд, аллакай имрӯз гуфта метавонем, ки ғолиб омадем», — гуфт Лукашенко. Президент зикр намуд, ки дар вазъияти коронавирус Беларус хирадмандии сиёсӣ ва заковати халқиро намоиш дод.
Дар мамлакат беш аз 62 ҳазор нафар мубталои COVID - 19 гашта, 398 нафар ҷон бохтааст.


ДАР КРЕМЛ НАТИҶАИ РАЪЙДИҲӢ ОИД БА ТАҒЙИРОТИ КОНСТИТУТСИЯРО МУЗАФФАРИЯТ УНВОН КАРДАНД
Gazeta.ru. Сухангӯи Президенти Россия Дмитрий Песков иброз дошт, ки раъйдиҳӣ оид ба тағйирот ба Қонуни асосӣ ба тантанаи эътимод ба Сарвари давлат Владимир Путин табдил ёфт.
Намояндаи Кремл гуфт, ки пешгӯии рағбати зиёд ба масъалаи тағйирот осон буд,  зеро ҳангоми баррасии он фаъолнокии зиёди ҷомеа мушоҳида мешуд. «Аммо чунин дараҷаи баландтарини иштирок ва ҷонибдориро пешгӯӣ кардан басо мушкил буд», — хулоса намуд Песков.
Раъйдиҳӣ ба тағйироти Конститутсияи Россия аз 25 июн то 1 июл баргузор гашт. Тибқи маълумоти КМИ, ба ҷонибдорӣ 77,92, муқобил — 21,27 дарсад овоз доданд, дараҷаи иштирок 67,97 дарсадро ташкил дод.



ДАР ИМА ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ 52 ҲАЗОР ОДАМ БА КОРОНАВИРУС СИРОЯТ ЁФТ
Gazeta.ru. Ин миқдори рекордии гирифторӣ ба вируси нав мебошад, хабар медиҳад Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс.
Афзоиши мазкур ба намоишҳое алоқаманд карда мешавад, ки пас аз марги афроамрикоӣ Ҷорҷ Флойд ҳангоми боздошт тамоми мамлакатро фаро гирифтанд.
Зикр меравад, ки дар маҷмӯъ, дар Иёлоти Муттаҳида 2,7 миллион ҳодисаи сироят ба қайд гирифта шуд, теъдоди фавтидаҳо аз 130 ҳазор нафар гузаштааст.


МИСР БАЪДИ ТАНАФФУСИ СЕМОҲА БОЗ САЙЁҲОНРО ҚАБУЛ МЕКУНАД
Arab News. Хуруҷи коронавирус Мисрро ҳам маҷбур кард, ки се моҳ дар ба рӯи сайёҳони хориҷӣ бандад ва қабули ҳавопаймоҳоро боздорад.
Амр Ҳанафӣ, волии музофоти баҳри Сурх, хабар дод, ки 166 меҳмон 1 июл ба фурудгоҳи Ҳургада аз Украина омад ва афзуд, ки аз лаҳзаи фуруд то меҳмонхона расидани онҳо тамоми чораҳои бехатарӣ андешида шуданд.
Аҳмад Юсуф, сардори раёсати рушди туризм, гуфт, ки 2 июл ҳавопаймо аз Швейтсария фуруд омад. Ғайр аз ин, ба фурудгоҳи Қоҳира 38 ҳавопаймо аз Аврупо, Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо нишаст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 262
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед