logo

фарҳанг

ЗИНДАГӢ БО ҲАМ ХУШ АСТ

Ибтидо мехоҳам диёри ба ҷон мусовиям Тоҷикистони маҳбубамро пеши назар биёрам, ки дар ҳама фаслҳои сол зебою  тароватбахш аст. Ба қавли арбоби давлатию сиёсӣ Доналд Туск, «Тоҷикистон биҳишти рӯи заминро мемонад. Инро вақте эҳсос мекунӣ, ки аз наздик ин кишвари афсонавиро мебинӣ. Дар ин миёни кӯҳсор ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши башар аст. Худованд ба кишвари Шумо сарватҳои бузурги табиӣ ато кардааст, ки ин шаҳодати ҳикматест, ки Шумо мардуми назаркарда мебошед» («Ҷумҳурият»,
29 апрели соли 2020).

Ин ҳақ аст ва ҷои баҳс нест. Вале, сарвати бузурги кишвар одамонаш аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, диёри офтобиро ба ганҷи ҳақиқӣ табдил додаанд.
Маҳз ҳамин оромӣ, сулҳу салоҳ, ҳуқуқу озодиҳо ба қаҳрамони мо Хуррам Раҳимзода имкон фароҳам оварданд, ки ба кори илмию эҷодии пурсамар машғул бошад.
Дар фаъолияти доманадори илмӣ, пеш аз ҳама, диққати ӯро мушкилоти таълиму тарбияи насли наврас, анъанаҳои халқии тарбиявию оиладорӣ, маърифати педагогии волидон ва тарбияи фарзандон дар хонавода ҷалб намуд. Дар ин самт чанд мақолаю дастурҳо барои омӯзгорону волидон ба табъ расонд. Китобҳояш «Этика ва психологияи оиладорӣ», «Одоби  оиладорӣ» ва аз соли 2004 «Маърифати оиладорӣ»-и Хуррам Раҳимзода дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ таълим дода мешаванд.
Китоби таълимии академик М. Ёқубова ва Х. Раҳимзода «Тарзи ҳаёти солим» дар асоси нақшаи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи тематикии Созмони  Милали Муттаҳид бо назардошти  тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО таҳия гардида ба расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми Тоҷикистон мувофиқ карда шуд ва барои таълими озмоишӣ дар мактаб аз тарафи Вазорати маориф ва илм тавсия дода шуд.
Хуррам Раҳимзода олимест, ки тамоми фаъолияти илмиашро ба тарбияи насли наврас ва таҳкими хонавода равона кардааст. Китобу монографияҳои «Одоби оиладорӣ», «Маърифати оиладорӣ», «Оила ва ҷомеа», «Оиладорӣ ҳам одоб аст», «Тарзи ҳаёти солим», «Таърихи дин», «Танзими арзишҳои фарҳангӣ ва нақши муқаддасоти миллӣ дар тарбияи маънавии мактабиён» дар ҳаммуаллифӣ бо И. Давлатшоев, «Бунёди оилаи  солим», «Оилаи солим-пойдории давлат», «Маҳоратҳои заношӯӣ», «Ассотсиатсияи  волидайн ва муаллимон ҳамчун шакли нави идораи мактаб», «Танзими оила асоси таҳким ва саодати оила аст» ва даҳҳо дастуру мақолаҳо ба забони русӣ ва тоҷикӣ ин гуфтаҳоро тақвият мебахшанд. Соли 2017 аввалин китоби бадеии Раҳимзода «Гардиши айём» аз чоп баромад, ки муҳтавояш тарбияи насли солими ҷомеа мебошад. 
Раҳимзода дар чандин конфронс ва семинарҳои байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои тарбияи  насли наврас дар шаҳрҳои Алмаато, Чебоксар, Москва, Таллинн, Рига, Теҳрон, Кобул ва Ҳирот баромад кардааст, маърӯзаҳояш дар паём ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ  расидаанд. Ӯ муаллифи 5 монография,  3 китоби таълимӣ ва бештар аз 200 мақолаи  илмию методӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии профессор Хуррам Раҳимзода як рисолаи докторӣ ва 24 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидаанд.
Хуррам Раҳимзода бо медалҳои «Собиқадори меҳнат», «Хизмати шоиста», нишони «Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳо сазовор гаштааст.
Хуррам Раҳимзода бо Латофат Яқубова оила бунёд кард. Имрӯз онҳо даврони пирӣ меронанд ва соҳиби ду писару ҳашт набера мебошанд.
Соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Оилаи беҳтарин" эълон шуда буд ва оилаи Раҳимзода дар он иштирок намуд.  Намояндагони кумита бо аҳли хонавода суҳбат оростанд ва фаҳмиданд, ки падару модар, 2 писар  бо келинҳо ҳама соҳиби  маълумоти олӣ будаанд, аз ҷумла панҷ муаллим, фарзандон ҳама аълохон. Дар ҷамъбасти озмун дар боғи Ирам оилаи Раҳимзодаҳо ба ҷои 2-юм сазовор дониста шуд ва бо туҳфаи хотиравӣ қадр гашт.

Муҳаммад ЛУТФУЛЛОЗОДА,
Арбоби шоистаи илм ва техникаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2020    №: 123    Мутолиа карданд: 189
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед