logo

Хабарҳо

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

Sputnik. «Россия барои тараққӣ додани иқтисодаш ба муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиёҷ дорад», - гуфт Президенти ФР Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо лоиҳакашони ислоҳоти конститутсионӣ.
"Россия ба воридшавии муҳоҷирон манфиатдор аст, вале ба онҳое, ки ба кишвар лозиманд. Чизе, ки ба иқтисод вобаста аст, комилан возеҳ буда, пас аз чанде боз норасоии қувваи корӣ аёнтар хоҳад шуд", - изҳор дошт Президент.
Путин нарасидани қувваи кориро барои пешрафти иқтисоди кишвар монеаи ҷиддӣ хонд ва таъкид кард, ки  Россия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълумоти олӣ, эҳтиёҷманд аст.


НАМОЯНДАИ ИМА ГУФТ, КИ ҲАРАКАТИ «ТОЛИБОН» БА СОЗИШ БО КОБУЛ ОМОДААНД
АИР Новости. Намояндаи вижаи ИМА доир ба Афғонистон Залмай Халилзод бо намояндагони ҳаракати «Толибон» мулоқот намуд. Аз ин хусус ӯ дар саҳфааш дар Twitter навиштааст .
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо «Толибон» имконияти рушди иқтисодӣ, ки «баъди истиқрори сулҳи устувор дар Афғонистон фароҳам меояд», баррасӣ гашт.
Ба гуфтаи Халилзод, намояндагони «Толибон» ба он розӣ шуданд, ки барои сармоягузориҳо ба ояндаи кишвар «ҳама афғонҳо бояд бо ҳам созиш кунанд».


ДАР ЧИН ЗИЁДА АЗ 80 ТОННА ТИЛЛОИ ҚАЛБАКИРО ФОШ СОХТАНД
«Ведомости». Ширкати калони заргарии Wuhan Kingold Jewelry аснои истифодаи сабикаи қалбакии тилло барои қарзгирӣ ба даст афтод.
Wuhan Kingold Jewelry бо кафолати тиллои қалбакӣ қарз мегирифтааст. Дар чанд соли охир қарзи ба ҳамин зайл гирифтааш қариб $2,8 миллиардро ташкил дод.
Фиреб вақте рӯи об баромад, ки яке аз қарздеҳон - Dongguan Trust сари вақт гаравро нагирифт ва моликиятро фурӯхтан хост. Баъди хабари нахустин дигар қарздеҳон низ тиллоро санҷиданд. Маълум гашт, ки сабикаҳо аз миси зарандуд сохта шудаанд.
Тавре зикр меравад, ширкати Wuhan Kingold  Jewelry 83 тонна тиллои қалбакӣ доштааст.


БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СЕ СОЛ $4,4 МИЛЛИАРД МАБЛАҒ ДОД
REGNUM. Маблағгузории ин ниҳоди ҷаҳонӣ ба кишвар дар се соли охир беш аз ду маротиба афзуда, аз 1,8 миллиард то 4,4 миллиард доллар расид.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зикр намуд, ки барномаи вижа дар Ӯзбекистон аз рӯи бузургии амалиёти бонкӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ баъди Туркия дуюм шуд.
Айни замон барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакат 23 лоиҳаро ҷиҳати дастгирии татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин, рушди кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, нақлиёт ва дигарҳоро дар бар мегирад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 214
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед