logo

Хабарҳо

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

Сокинони ноҳияи Рашт дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саъю талош доранд.
Тавре Ғайниддин Маннонов, муовини раиси ноҳия, зимни суҳбат гуфт, меҳнаткашони ноҳия майдонҳои киштзорро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ намуда, дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин низ картошка коштанд.
Ба гуфтаи ӯ,  дар натиҷаи заҳмати деҳқонон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида майдони картошказор аз 2109 гектари соли сипаришуда имсол ба 3047 гектар расонда шуд.
Дастгирии Ҳукумати мамлакат, вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дар самти дастгирии кишоварзон назаррас аст. Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дашти Беоби деҳоти Ҳоит  ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар масофаи 1,2 км лӯлаи обгузар хобонда шуд. Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ барои таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳои обкашии ноҳия 187 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва обистифодабарандагон дар деҳоти Ясман каналҳои «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 км ва «Ҳисорак-1» ба масофаи 6 км, «Қарашаҳр -1»  ва «Қарашаҳр -2» ба масофаи 10 км таъмир карда шуданд.
Пойгоҳи обкашии «50-солагии Тоҷикистон» дар деҳоти Навдӣ, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир гардид. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони канали «Камчароғ» дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо ба истифода додани он боз зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.
Соҳаи боғпарварӣ низ рӯ ба рушд дорад. Бунёди беш аз 350 гектар боғи нав ба нақша гирифта шудааст. Имсол дар майдони 71 гектар ( соли гузашта 73 гектар) боғи нави мевадиҳанда бунёд гардид. Ҳамчунин, 80 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд. То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 гектар ҷангалзори нав  бунёд ва 60 гектар ҷангалзори куҳна барқарор карда мешавад. 

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 218
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед